Ваҳй 22 Боб
1 Сипас, фаришта ба ман дарёи оби ҳаётро нишон дод, ки аз тахти Худову Барра, яъне Исо ҷорӣ мешуд. Дарё мисли шиша софу шаффоф буд
2 ва аз миёнаҷойи кӯчаи шаҳр мегузашт. Дар ҳар ду лаби дарё дарахти ҳаёт мерӯйид ва он дувоздаҳ бор мева медод, яъне ҳар моҳи сол ҳосил меовард. Баргҳои дарахт барои шифо ёфтани халқҳо дармон буданд.
3 Инак, дар он ҷо ҳеҷ лаънате намешавад. Тахти Худову Барра дар шаҳр меистад ва хизматгоронаш ба Ӯ хизмат хоҳанд кард.
4 Онҳо рӯйи Ӯро мебинанд ва бар пешонии онҳо номи Ӯ навишта хоҳад буд.
5 Дигар шаб намешавад ва нури чароғу офтоб ба онҳо даркор намешавад, чунки Худованд Худо бар онҳо нур хоҳад пошид. Ҳамин тавр, онҳо то абад подшоҳӣ хоҳанд кард.
6 Фаришта ба ман гуфт: «Ҳамаи он, ки дидиву шунидӣ, боваринок ва ҳақиқат аст. Худованд Худое, ки ба пайғамбаронаш илҳом мебахшад, фариштаи Худро фиристодааст, то ба хизматгоронаш нишон диҳад, ки ба зудӣ чӣ бояд рӯй диҳад».
7 «Бингар, – мегӯяд Исо, – Ман ба зудӣ меоям. Хушбахт аст касе, ки ба суханони ин китоб итоат мекунад».
8 Ман – Юҳанно, ҳамонам, ки ин чизҳоро шунидаму дидам. Баъд ба назди пойҳои фариштае, ки ба ман ин чизҳоро нишон дод, рӯй ниҳода, саҷда карданӣ шудам.
9 Аммо фаришта ба ман гуфт: «Ист, ин корро накун! Ман ҳам мисли туву бародарону хоҳаронат, мисли пайғамбарону онҳое, ки суханони ин китобро ба ҷо меоранд, хизматгор ҳастам. Танҳо ба Худо саҷда намо!»
10 Сипас, ӯ суханашро давом дода гуфт: «Суханонеро, ки дар ин китоб навишта шудаанд, пинҳон накун, чунки вақти иҷро шуданашон наздик аст.
11 Бигзор бадкор бадкориашро ва шахси бадахлоқ бадахлоқиашро давом диҳад. Бигзор росткор росткориашро давом диҳад ва шахси пок – пок бимонад».
12 «Бингар, – мегӯяд Исо, – Ман ба зудӣ меоям ва бо Худ мукофот меорам, то ба ҳар кас мувофиқи корҳояш сазо диҳам.
13 Ман Аввалину Охирин ва оғозу анҷоми ҳама чиз ҳастам».
14 Хушо онҳое, ки ҷомаҳои худро мешӯянд, то ки ба хӯрдани меваи дарахти ҳаёт ҳақ дошта бошанду аз дарвозаҳо ба шаҳр даромада тавонанд.
15 Аммо сагфитратон, ҷодугарон, онҳое, ки гуноҳҳои ҷинсӣ мекунанд, одамкушон, бутпарастон ва онҳое, ки фиребгариро дӯст медоранд, берун аз шаҳр хоҳанд монд.
16 «Ман – Исо, фариштаи Худро фиристодам, то ки ба ҷамоатҳои имондорон дар бораи ин чизҳо хабар диҳад. Ман реша ва насли шоҳ Довуд – ситораи дурахшони субҳ ҳастам».
17 Инак, Рӯҳи Худо ва арӯс ба Исо мегӯянд: «Биё!» Бигзор ҳар касе, ки мешунавад, гӯяд: «Биё!» Бигзор ташна ояд! Ҳар хоҳишманд оби ҳаётро ройгон гирад!
18 Ман ҳар касеро, ки суханони ин китобро мешунавад, огоҳ мекунам: агар касе ба он чизе илова кунад, Худо ба вай балоҳоеро илова мекунад, ки дар ин китоб навишта шудаанд.
19 Ҳамчунин, агар касе аз суханони ин китоб чизе кам кунад, Худо вайро аз дарахти ҳаёт ва шаҳри муқаддас, ки дар ин китоб тасвир шудаанд, бенасиб мегардонад.
20 Шоҳиди ин чизҳо мегӯяд: «Бале, ба зудӣ меоям». Омин! Биё, Худованд Исо!
21 Файзу меҳрубонии Худованд Исо ба ҳамаи шумо бод!
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22