меню

Ваҳй 19 Боб


1 Пас аз ин чизҳо садои баландеро ба мисли овози мардуми хеле сершумор шунидам, ки дар осмон мегуфт: «Худоро ситоиш кунед! Наҷот ва бузургиву нерумандӣ аз Худои мост!

2 Зеро Ӯ бо адлу инсоф ҳукм мекунад. Ӯ фоҳишаи бузургро ҷазо дод, чунки вай заминро бо гуноҳи ҷинсии худ вайрон гардонд. Ҳам барои хуни ғуломонаш аз вай қасос гирифт».

3 Онҳо бори дуюм гуфтанд: «Худовандро ситоиш кунед! Дуди фоҳишаи бузург, яъне шаҳри Бобил то абад боло хоҳад шуд».

4 Баъд бисту чор пир ва чор махлуқи зинда рӯ ба замин ниҳода, Худоро, ки бар тахт менишаст, парастиш карда, гуфтанд: «Омин! Худовандро ситоиш кунед!»

5 Сипас аз сӯйи тахт овоз баромад: «Ҳама хизматгорон ва тарсгорони Ӯ, хурду калон, Худои моро ситоиш кунед!»

6 Сипас, ба мисли овози мардуми зиёд ё садои шаршараи азим ё гулдурроси раъди пурзӯр овозе шунидам: «Худовандро ситоиш кунед! Худои Тавонои мо подшоҳӣ мекунад.

7 Биёед шодиву хурсандӣ кунем ва бузургии Ӯро эътироф намоем. Вақти тӯйи Барра расидааст ва арӯси Ӯ худро омода кардааст.

8 Арӯс бо иҷозат аз катони маҳин либоси тозаи дурахшон пӯшидааст. (Катони маҳин рамзи росткориҳои имондорон аст)».

9 Баъд фаришта ба ман гуфт: «Навис: Хушо онҳое, ки ба тӯйи Барра даъват шудаанд». Боз гуфт: «Ин суханони рости Худост».

10 Ин лаҳза ман ба назди пойҳои фаришта афтодам, то ки ба вай саҷда кунам, аммо вай гуфт: «Ин корро накун! Ман ҳам ба мисли туву бародарону хоҳаронат, ки дар бораи Исо шаҳодат медиҳед, хизматгор ҳастам. Танҳо ба Худо саҷда намо! Зеро пайғамбарони ҳақиқӣ танҳо дар бораи Исо шаҳодат медиҳанд».

11 Сипас осмонро кушода, ва дар он аспи сафедеро дидам. Савори он Вафодор ва Ҳақ ном дошт. Ӯ росткорона ҳукм мекарду меҷангид.

12 Чашмонаш чун алангаи оташ буданд ва дар сараш тоҷҳои бисёр дошт. Ҳамчунин номи навиштае дошт, ки онро ғайр аз Худаш касе намедонист.

13 Дар бар либоси хунолуд дошт ва номи Ӯ «Каломи Худо» аст.

14 Лашкарҳои осмонӣ аз пайи Ӯ мерафтанд, ки дар тан аз катони маҳин либоси тозаи сафед доштанд ва бар аспҳои сафед савор буданд.

15 Аз даҳонаш шамшери тезе мебаромад, ки бо он халқҳоро зада тавонист ва бо асои оҳанин онҳоро ҳукмронӣ мекард. Ҳамчунин, майи ғазаби Худои Тавоноро тайёр мекард.

16 Инак, бар либосу рони Ӯ чунин ном навишта шуда буд: «Шоҳи шоҳон ва Сарвари сарварон».

17 Сипас, фариштаеро дидам, ки дар болои офтоб меистод. Вай бо овози баланд фарёд зада ба ҳамаи парандагоне, ки дар байни осмон парвоз мекарданд, гуфт: «Биёед! Ба зиёфати бузурги Худо ҷамъ шавед.

18 Ҷисми шоҳон, сарлашкарон, одамони пурзӯр, аспон ва саворони онҳоро хӯред. Ҷисми ҳамаи одамон, озоду ғулом ва хурду калонро хӯред».

19 Сипас, ҳайвони ваҳшӣ ва подшоҳони заминро бо лашкарҳояшон дидам. Онҳо ҷамъ омада буданд, ки бо Савори аспу лашкараш ҷанг кунанд.

20 Инак, ҳайвон ва пайғамбари дурӯғин дастгир шуданд – ҳамон пайғамбаре, ки пешопеши ҳайвон роҳ гашта, аломатҳо нишон медод ва бо ин восита одамонро гумроҳ мекард, яъне онҳоеро, ки нишонаи ҳайвони ваҳширо қабул карда буданду ба ҳайкалаш саҷда мекарданд. Ҳар ду зинда ба зинда ба кӯли оташу сулфур партофта шуданд.

21 Боқимондагон бо шамшере, ки аз даҳони Савори асп мебаромад, кушта шуданд ва ҳамаи паррандагон ҷасадҳои онҳоро хӯрда, сер шуданд.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22