Ваҳй 16 Боб
1 Сипас, аз маъбад овози баланде баромад, ки ба ҳафт фаришта мегуфт: «Рафта, ҳафт косаи ғазаби Худоро ба замин резед».
2 Фариштаи якум рафта, косаи худро ба замин рехт. Аз ин дар бадани одамоне, ки нишонаи ҳайвони ваҳшӣ доштанду ҳайкали вайро парастиш мекарданд, захмҳои даҳшатноку дардноке пайдо шуд.
3 Фариштаи дуюм косаи худро ба баҳр рехт. Аз ин оби баҳр мисли хуни мурда шуд ва ҳама мавҷудоти зиндаи баҳр нобуд шуданд.
4 Фариштаи сеюм косаи худро ба дарёву чашмаҳои об рехт ва онҳо низ ба хун табдил ёфтанд.
5 Сипас, шунидам, ки фариштаи обҳо чунин мегӯяд: «Эй Худованди Пок, ки ҳастӣ ва будӣ! Ҳақ бар ҷониби Туст, ки чунин ҳукм намудӣ.
6 Онҳо хуни имондорону пайғамбаронро рехтанд, барои ҳамин Ту ба онҳо хун додӣ, то бинӯшанд. Сазои бадкорон ҳамин аст».
7 Аз қурбонгоҳ овозе баромад, ки мегуфт: «Бале, Худованд Худои Тавоно! Ҳамаи ҳукмҳоят ҳақ асту рост!»
8 Сипас, фариштаи чорум косаи худро ба офтоб рехт. Ин ба офтоб иҷозат дод, ки одамонро бо оташи худ сӯзонад.
9 Инак, одамон аз тафси баланд месӯхтанд ва номи Худоро, ки бар ин балоҳо қудрат дорад, ҳақорат мекарданд. Аммо тавба накарданд ва Ӯро бузург надоштанд.
10 Фариштаи панҷум косаи худро бар тахти ҳайвони ваҳшӣ бирехт ва тамоми подшоҳии вайро торикӣ фаро гирифт. Одамон аз дард забони худро мегазиданд.
11 Онҳо барои дарду захмҳояшон Худои осмонро ҳақорат мекарданд, аммо аз кирдорашон тавба накарданд.
12 Фариштаи шашум косаи худро ба дарёи бузург, ба дарёи Фурот рехт. Аз ин оби дарё хушк шуд, то ки барои лашкари шоҳони шарқ роҳ кушода шавад.
13 Ҳамчунин, дидам, ки аз даҳони аждаҳор, аз даҳони ҳайвони ваҳшӣ ва аз даҳони пайғамбари дурӯғин се рӯҳи нопоки қурбоқамонанд баромад.
14 Ин рӯҳҳои ҷинҳо буданд, ки аломатҳо нишон медиҳанд. Онҳо ба назди подшоҳони замин мераванд, то ки онҳоро ба ҷанги рӯзи бузурги Худои Тавоно ҷамъ кунанд.
15 «Ҳушёр бош! – мегӯяд Исо, – Ман монанди дузд ногаҳон меоям. Хушо касе, ки либосаш бар тан Маро интизор мешавад. Зеро лучу урён гашта, шарманда нахоҳад шуд».
16 Сипас, рӯҳҳои палид подшоҳонро дар ҷое ҷамъ оварданд, ки ба забони ибронӣ Ҳармаҷидӯн ном дорад.
17 Оқибат фариштаи ҳафтум косаи худро ба ҳаво пошид. Ин лаҳза аз тахти маъбад овози баланде баромад, ки мегуфт: «Иҷро шуд!»
18 Раъду барқ зад, овозҳо баромад ва заминҷунбии сахте ба амал омад. Заминҷунбӣ чунон сахт буд, ки аз замони офариниши одамизод дар рӯйи замин мислаш рӯй надода буд.
19 Шаҳри бузурги Бобил ба се қисм ҷудо шуд ва шаҳрҳои халқҳо фурӯ рехтанд. Худо гуноҳҳои Бобили бузургро ба ёд оварда, ба вай косаи майи пур аз хашму ғазаби Худро дод.
20 Ҳама ҷазираҳо нобуд ва кӯҳҳо нопадид гардиданд.
21 Аз осмон ба сари одамон чунон жолаи калон-калон меборид, ки вазни ҳар кадомаш тақрибан панҷоҳ кило буд. Азбаски балои жола бисёр даҳшатнок буд, одамон Худоро ҳақорат мекарданд.
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22