меню

Ваҳй 9 Боб

гузариш зуд:

1 Сипас фариштаи панҷум карнайи худро навохт ва ситораеро дидам, ки аз осмон ба замин афтод. Ба он ситора калиди ғори бепоён дода шуд.

2 Чун ситора ғори бепоёнро боз кард, аз он дуде баромад, ки гӯё дуди оташдони бузурге бошад. Аз дуди ғори бепоён офтобу ҳаво тира гардид

3 ва дар замин малахҳо пайдо шуданд. Ба онҳо қуввате ба мисли қуввати каждумҳо дода шуд.

4 Ба онҳо гуфта шуд, ки ба алафу сабзаву дарахтон зараре нарасонанд, балки танҳо ба одамоне, ки дар пешонии худ муҳри Худоро надоранд, зарар расонанд.

5 Ба малахҳо иҷозат набуд, ки одамонро кушанд, балки танҳо муддати панҷ моҳ азоб диҳанд. Дарди он мисли газидани каждум буд.

6 Дар он рӯзҳо одамон марг меҷӯянд, аммо намеёбанд. Мурдан мехоҳанд, лекин марг аз онҳо мегурезад.

7 Малахҳо мисли аспони ҳарбӣ буданд, ки ба ҷанг омода шудаанд. Бар сарашон чизе ба монанди тоҷи тилло доштанд ва рӯяшон мисли рӯйи одам буд.

8 Мӯяшон ба мӯйи занон ва дандонҳояшон ба дандонҳои шерон монанд буд.

9 Дар танашон ҷавшани мисли оҳан мустаҳкам доштанд. Садои болҳояшон мисли садои аспаробаҳои бешумор буд, ки ба ҷанг мешитофтанд.

10 Онҳо мисли каждум думу неш доштанд. Дар думашон қуввате буд, ки дар давоми панҷ моҳ одамонро азоб диҳанд.

11 Фариштаи ғори бепоён шоҳи онҳо буд, ки номаш ба забони ибронӣ Абаддӯн ва ба забони юнонӣ Апӯллийӯн, яъне нобудкунанда аст.

12 Балои якум гузашт. Аз паси он ду балои дигар меояд.

13 Сипас фариштаи шашум карнаяшро навохт ва аз ҷониби чор кунҷи қурбонгоҳи тиллоӣ, ки дар ҳузури Худост, овозе ба гӯшам расид.

14 Овоз ба фариштаи карнайнавози шашум гуфт: «Чор фариштаро, ки назди дарёи бузурги Фурот баста шудаанд, озод намо».

15 Инак, чор фариштаро озод кард. Онҳо барои ҳамин соату рӯзу моҳу сол нигоҳ дошта шуда буданд, то ки сеяки одамонро нобуд созанд.

16 Ман шунидам, ки шумораи лашкари савораи он чор фаришта дусад миллион буд.

17 Боз ба ман аён шуд, ки саворони аспон ҷавшанҳои ранги аловгун, кабуд ва зард дар бар доштанд. Каллаи аспон мисли сари шер буд ва аз даҳонашон оташ, дуд ва сулфур мебаромад.

18 Сеяки одамон бо ин се бало, яъне бо оташу дуду сулфур, ки аз даҳони онҳо мебаромад, кушта шуданд.

19 Қуввати аспон ҳам дар даҳону ҳам дар думашон буд. Зеро думи аспон монанди мор буда, сар доштанд ва бо он зарар мерасонданд.

20 Боқимондаи одамон, ки бо ин балоҳо кушта нашуда буданд, аз бутсозӣ даст накашиданд. Онҳо мисли пешина ҷин ва бутҳои тилло, нуқрагин, биринҷӣ, сангин ва чӯбинро парастиш мекарданд – бутҳоеро, ки на дида, на шунида ва на роҳ гашта метавонанд.

21 Илова бар ин онҳо аз куштор, ҷодугарӣ, гуноҳи ҷинсӣ ва дуздӣ тавба накардаанд.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22