меню

Ваҳй 6 Боб


1 Сипас дидам, ки Барра аз он ҳафт муҳр яктояшро канд ва ба гӯшам расид, ки яке аз он чор махлуқ бо садои мисли раъд мегӯяд: «Биё!»

2 Дидам, ки аспи сафеде омад ва камондоре бар он савор аст. Ба ӯ тоҷ дода шуд ва ӯ ҳамчун ғолиб берун омад, то ки ғалаба кунад.

3 Чун Барра муҳри дуюмро кушод, овози махлуқи дуюмро шунидам, ки мегӯяд: «Биё!»

4 Инак, аспи дигаре омад, ки ранги сурхи аловгун дошт. Ба савори он шамшери бузурге дода шуд ва ӯ иҷозат дошт, ки аз рӯйи замин сулҳро бигирад, то ки одамон якдигарро бикушанд.

5 Чун Барра муҳри сеюмро кушод, шунидам, ки махлуқи сеюм мегӯяд: «Биё!» Инак, дидам, ки аспи сиёҳе омад ва савори он дар даст тарозуе дошт.

6 Сипас аз байни он чор махлуқ мисли овозе шунидам, ки мегуфт: «Бигзор аз боиси қиматӣ ба миқдори даромади кори тамоми рӯз ним кило гандум ё якуним кило ҷав харида шаваду халос. Лекин ба равғану май зарар нарасон!»

7 Чун Барра муҳри чорумро кушод, шунидам, ки махлуқи чорум мегӯяд: «Биё!»

8 Инак, дидам, ки аспи рангпаридае омад. Савори он Марг ном дошт ва олами мурдагон аз қафои ӯ меомад. Ба онҳо қудрат дода шуд, ки дар чоряки замин одамонро бо шамшер, бо гуруснагӣ, бо бемории марговар ва ба воситаи ҳайвонҳои ваҳшӣ зада кушанд.

9 Чун Барра муҳри панҷумро кушод, дар таги қурбонгоҳ ҷонҳои имондоронеро дидам, ки барои эълон кардани каломи Худо ва барои шаҳодат доданашон кушта шуда буданд.

10 Онҳо бо овози баланд фарёд зада гуфтанд: «Эй Ҳокими Пок ва Ҳақ! Кай доварӣ намуда, қасоси хуни моро аз сокинони замин мегирӣ?»

11 Сипас ба ҳар яки онҳо ҷомаи сафед дода гуфта шуд, ки боз каме сабр кунанд, то даме ки шумораашон пурра шавад. Яъне то вақте ки ҳамхизматон ва бародарону хоҳарони имондори онҳо низ кушта шуда, ба қатори онҳо дохил шаванд.

12 Сипас, дидам, ки чун Барра муҳри шашумро кушод, заминҷунбии сахте ба вуҷуд омад. Офтоб ранги сиёҳ гирифт ва моҳ мисли хун суп-сурх шуд.

13 Ситораҳои осмон, мисли он ки боди сахт анҷирҳои хомро аз дарахт канда меафтонад, ба замин ғалтиданд.

14 Осмон мисли лӯлакитобе печида, нобуд шуд ва ҳар кӯҳу ҷазира аз ҷояш ҷунбид.

15 Сипас подшоҳони замин, мансабдорон, сарлашкарон, сарватмандон, зӯрон ва ғуломону озодон – ҳама дар ғору байни кӯҳпораҳо пинҳон шуданду

16 ба кӯҳу харсангҳо гуфтанд: «Ба болоямон афтода, моро аз ҳузури Худои тахтнишину аз ғазаби Барра пинҳон кунед.

17 Зеро рӯзи ғазаби бузурги Ӯ расидааст ва кист, ки истодагарӣ карда тавонад?!»

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22