Ваҳй 2 Боб
1 Ба фариштаи ҷамоати имондорони шаҳри Эфесус бинавис: «Он ки дар дасти росташ ҳафт ситораро нигоҳ медорад ва дар байни ҳафт чароғдони тилло мегардад, чунин мегӯяд:
2 „Ман корҳои туро медонам. Меҳнат ва сабру тоқати туро низ медонам. Ҳамчунин, медонам, ки ба кирдори бадкорон тоқат намекунӣ ва касонеро, ки худро фиристодагони Масеҳ меноманд, санҷида, ошкор намудӣ, ки фиристодаи Ӯ нестанд, балки дурӯғ мегӯянд.
3 Медонам, ки устувор ҳастӣ ва ба хотири номи Ман заҳмат кашида, хаста нашудӣ.
4 Аммо аз ту барои як чиз норозиам, ки муҳаббати аввалинатро фаромӯш кардаӣ.
5 Инак, ба ёд ор, ки аз куҷо афтодӣ, тавба кун ва корҳои пешинаатро давом деҳ. Агар тавба накунӣ, ба наздат меоям ва чароғдонатро аз ҷояш мегирам.
6 Аммо хубии ту дар он аст, ки мисли Ман корҳои николосиёнро бад мебинӣ.
7 Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳи Худо ба ҷамоатҳои имондорон чӣ мегӯяд! Дар биҳишти Худо дарахти ҳаёт мерӯяд. Ба касе, ки бар бадӣ ғолиб меояд, иҷозат медиҳам, ки аз меваи он бихӯрад“».
8 Ба фариштаи ҷамоати имондорони шаҳри Исмирно бинавис: «Аввалин ва Охирин – Ҳамоне, ки мурд ва зинда шуд, чунин мегӯяд:
9 „Ман азоби ту ва камбағал буданатро медонам, лекин дар асл ту сарватманд ҳастӣ. Боз медонам, ки баъзе касон туро бадном мекунанд. Онҳо худро яҳудӣ меноманд, лекин дар асл чунин нестанд, балки як ҷамоати шайтонанд.
10 Аз азобе, ки ба сарат меояд, натарс. Шайтон барои санҷидан баъзеи шуморо ба зиндон меандозад. Азоби шумо даҳ рӯз давом меёбад. То дами марг вафодор бош ва Ман ба ту тоҷи ҳаётро медиҳам.
11 Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳи Худо ба ҷамоатҳои имондорон чӣ мегӯяд! Касе ки бар бадӣ ғолиб меояд, аз марги дуюм осеб нахоҳад дид“».
12 Ба фариштаи ҷамоати имондорони шаҳри Парғомус бинавис: «Соҳиби шамшери тези дудама чунин мегӯяд:
13 „Ман медонам, ки дар ҷойи истиқоматат шайтон тахташро гузоштааст, лекин ту номи Маро маҳкам нигоҳ доштӣ. Агарчи шаҳрат иқоматгоҳи шайтон аст ва дар он шоҳиди вафодорам – Антипос кушта шуд, аз имоне, ки ба Ман доштӣ, нагаштӣ.
14 Аммо бар зидди ту баъзе чизҳо дорам: Дар наздат одамоне ҳастанд, ки пайрави таълимоти Билъом мебошанд. Билъом ба Болоқ ёд дода буд, ки чӣ тавр халқи Исроилро ба воситаи хӯроки ба бутҳо қурбонишуда ва гуноҳи ҷинсӣ гумроҳ кунад.
15 Ҳамчунин, дар назди ту пайравони таълимоти дурӯғини николосиён ҳастанд.
16 Пас тавба кун! Вагарна ба зудӣ назди ту меоям ва бо шамшери даҳонам бо онҳо ҷанг мекунам.
17 Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳи Худо ба ҷамоатҳои имондорон чӣ мегӯяд! Ба касе, ки бар бадӣ ғолиб меояд, маннаи ниҳонӣ, яъне нони осмонӣ медиҳам. Ҳамчунин, ба ӯ санги сафеде медиҳам, ки бар он номи наве навишта шудааст ва он номро ба ғайр аз ӯ касе намедонад“».
18 Ба фариштаи ҷамоати имондорони шаҳри Тиётиро бинавис: «Писари Худо, ки чашмонаш мисли шуълаи оташ ва пойҳояш монанди биринҷии дар оташ софшуда аст, чунин мегӯяд:
19 „Ман кору муҳаббат, имону хизмат ва сабру тоқататро медонам. Медонам, ки корҳои охиринат аз корҳои аввалинат бузургтаранд.
20 Аммо зидди ту як чиз дорам: ту ба Изобал ном зан, ки худро пайғамбар меномад, озодӣ додаӣ. Вай бо таълимоташ хизматгорони Маро гумроҳ мекунад ва водор месозад, ки гуноҳи ҷинсӣ кунанд ва хӯроки ба бутҳо қурбонишударо хӯранд.
21 Ман ба вай вақт додам, то ки аз гуноҳи ҷинсиаш тавба кунад, лекин ӯ нахост.
22 Нигар! Ман ӯро ба бистари беморӣ меандозам. Агар ҳамроҳонаш, ки бо вай зино мекарданд, аз корҳои худ тавба накунанд, онҳоро низ гирифтори азобу шиканҷа мекунам.
23 Ман пайравони ӯро мемиронам ва ҳамаи ҷамоатҳои имондорон хоҳанд донист, ки Ман дилу фикри одамонро санҷида, ба ҳар яки онҳо мувофиқи корҳояшон сазо медиҳам.
24 Вале боқимондаатон дар Тиётиро таълимоти Изобалро пайравӣ накардед, яъне, чунон ки мегӯянд, «асоси сирри шайтон»-ро наомӯхтед. Ба китфи шумо бори дигаре намегузорам.
25 Хоҳишмандам он чиро, ки доред, то омаданам маҳкам нигоҳ доред.
26 Ба касе, ки бар бадӣ ғолиб меояд ва хизмати Маро то охир ба ҷо меоварад, қудрате мебахшам, ки бар халқҳо роҳбарӣ кунад.
27 Ӯ бар сари халқҳо бо асои оҳанин ҳукмронӣ мекунад ва онҳоро, мисли он ки кӯзаи сафолро мешикананд, зада пора-пора мекунад. Чунон ки Ман ҳуқуқи ҳукмронӣ карданро аз Падари Худ гирифтам,
28 ба ӯ низ ситораи субҳро медиҳам.
29 Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳи Худо ба ҷамоатҳои имондорон чӣ мегӯяд!“»
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22