Ваҳй 10 Боб
1 Сипас, дидам, ки боз як фариштаи тавоное аз осмон фуруд меомад. Абре ӯро фаро гирифта буд ва дар болои сараш рангинкамоне медурахшид. Рӯяш мисли офтоб ва пойҳояш мисли сутунҳои оташин буданд.
2 Дар дасташ китоби хурди кушодае буд. Ӯ пойи росташро бар баҳр ва пойи чапашро бар замин гузошта
3 бо овози баланд, чунон ки шер наъра мезанад, фарёд кард. Сипас ҳафт раъд садо доданд ва
4 ман барои навиштан омода шудам. Аммо аз осмон овозе шунидам, ки мегуфт: «Сухани ҳафт раъдро махфӣ нигоҳ дор ва онро нанавис».
5 Фариштае, ки бар баҳру замин меистод, дасти росташро ба осмон бардошта
6 ба Худое, ки то абад зинда аст – ба Офаридгори осмону замину баҳр ва ҳар он чи дар онҳост, қасам хӯрда гуфт: «Худо дигар интизор намешавад!
7 Аммо дар рӯзҳое, ки фариштаи ҳафтум карнайи худро менавозад, нақшаи ниҳонии Худо, чунон ки ба бандагони Худ – пайғамбарон ошкор намудааст, амалӣ хоҳад шуд».
8 Сипас, ҳамон овозе, ки аз осмон шунида будам, боз ба ман гуфт: «Рафта, аз дасти фаришта, ки бар баҳру замин меистад, китоби кушодаро бигир».
9 Ман ба он фаришта наздик шуда, хоҳиш кардам, ки китоби хурдро ба ман диҳад. Фаришта ба ман гуфт: «Инро бихӯр! Дар даҳонат мисли асал ширин, лекин дар шикамат талх мешавад».
10 Ман аз дасти фаришта китобро гирифта, хӯрдам. Китоб дар даҳонам мисли асал ширин буд, аммо чун фурӯ бурдам, шикамам талх гардид.
11 Сипас ба ман чунин гуфта шуд: «Ту боз бояд дар бораи бисёр халқу миллату забонҳо ва шоҳон пайғамбарӣ кунӣ».
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22