Ваҳй 8 Боб
1 Чун Барра муҳри ҳафтумро кушод, дар осмон тақрибан ним соат хомӯшӣ ба миён омад.
2 Сипас ман ҳафт фариштаро дидам, ки дар пеши Худо меистоданд. Ба онҳо ҳафт карнай дода шуд.
3 Фариштаи дигаре омада, назди қурбонгоҳ истод. Ӯ дар даст кафлези тиллоӣ дошт. Ба ӯ барои сӯзондан хушбӯйии зиёд дода шуда буд, то ки онҳоро бо дуоҳои имондорони муқаддас бар қурбонгоҳи тиллоӣ, ки назди тахт буд, гузорад.
4 Инак, аз дасти ин фаришта дуди хушбӯйиҳо бо дуоҳои имондорони муқаддас ба назди Худо боло шуданд.
5 Фаришта кафлезро аз оташи қурбонгоҳ пур карда, онро ба замин партофт. Аз ин дар замин раъду барқу садоҳои баланд ба амал омаданд ва заминҷунбӣ рӯй дод.
6 Баъд он ҳафт фаришта, ки ҳафт карнай доштанд, ба навохтан омода шуданд.
7 Инак, бо навохтани фариштаи якум ба замин жолаву оташи хунолуд борид ва сеяки замину дарахтон ва ҳамаи алафҳои сабз сӯхтанд.
8 Бо навохтани фариштаи дуюм ба баҳр чизе ба мисли кӯҳи бузурги оташин афтод. Аз ин сеяки оби баҳр ба хун табдил ёфту
9 сеяки мавҷудоти зиндаи баҳр мурданд ва сеяки киштиҳо нобуд шуданд.
10 Бо навохтани фариштаи сеюм аз осмон ба сеяки дарё ва чашмаҳои об ситораи бузурги сӯхтаистодае афтод, ки он мисли чароғи оташ буд.
11 Номи ин ситора Талх аст. Бинобар ин сеяки обҳо талх шуданд ва аз ин сабаб одамони зиёд мурданд.
12 Сипас бо навохтани фариштаи чорум сеяки офтоб, моҳ ва ситорагон осеб диданд. Онҳо торик шуданд ва дар сеяки рӯзу шаб равшанӣ набуд.
13 Сипас дидаму шунидам, ки уқобе дар осмон парвоз карда, бо овози баланд мегӯяд: «Вой, вой, вой бар ҳоли одамон, ки дар замин зиндагӣ мекунанд, чунки карнайҳои се фариштаи боқимонда садо хоҳанд дод».
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22