меню

Инҷили Юҳанно 1 Боб


1 Дар ибтидо Калом буд ва Калом бо Худо буд ва Калом Худо буд.

2 Вай дар аввал бо Худо буд

3 ва ҳама чиз ба воситаи Калом офарида шуд ва бе Ӯ ягон чизи офаридашуда пайдо нашуд.

4 Дар Калом ҳаёт буд ва ин ҳаёт барои одамон нур буд.

5 Нур дар торикӣ медурахшад ва торикӣ онро фаро гирифта наметавонист.

6 Марде бо номи Яҳё аз тарафи Худо фиристода шуда буд,

7 ки дар бораи нур шаҳодат диҳад ва ҳама ба воситаи Яҳё имон оваранд.

8 Яҳё худ нур набуд, вале барои он омад, ки дар бораи нур шаҳодат диҳад.

9 Он нури ҳақиқие, ки ба ҳамаи одамон равшанӣ медиҳад, ба ҷаҳон омада истода буд.

10 Ӯ ба ҷаҳоне, ки ба воситааш офарида шудааст, омада буд, лекин ҷаҳон Ӯро нашинохт.

11 Вай ба назди халқи Худ омад, вале онҳо Ӯро қабул накарданд.

12 Аммо ба касоне, ки Ӯро қабул карданду ба Ӯ имон оварданд, ҳақ дод, ки фарзандони Худо шаванд.

13 Онҳо на ба таври табиӣ, на аз рӯйи хоҳиши ҷисм ва на аз рӯйи хоҳиши мард, балки аз Худо таваллуд ёфтаанд.

14 Инак, Калом одам шуд ва Ӯ дар миёни мо пур аз файзу меҳрубонӣ ва ростӣ зиндагӣ мекард. Мо он бузургиро, ки Падар ба Писари Ягонаи Худ додааст, дидаем.

15 Яҳё дар бораи Ӯ шаҳодат доду бо овози баланд гуфт: «Ӯ ҳамон Шахсест, ки дар борааш гуфта будам, ки баъд аз ман Шахси бузургтаре меояд, чунки Ӯ пеш аз ман вуҷуд дошт».

16 Аз пуррагии Ӯ мо файзу меҳрубонии фаровон ёфтаем.

17 Худо шариатро ба воситаи Мусо додааст, вале файзу меҳрубонӣ ва ростӣ ба воситаи Исои Масеҳ омад.

18 Худоро ҳеҷ гоҳ касе надидааст. Ӯро фақат Писари яккаву ягона, ки ҳамеша бо Падар аст, барои мо ошкор кардааст.

19 Шаҳодати Яҳё чунин буд. Роҳбарони яҳудӣ аз Уршалим ба назди Яҳё чанд нафар коҳинон ва левизодагонро фиристоданд, то ки аз ӯ дар бораи кӣ буданаш бипурсанд.

20 Яҳё аз ҷавоб рӯ нагардонда, ошкоро эълон кард: «Ман Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо нестам».

21 Онҳо боз пурсиданд: «Пас ту кистӣ? Оё Илёс пайғамбарӣ?» «Не», – ҷавоб дод ӯ. «Ё ҳамон пайғамбарӣ, ки мунтазираш ҳастем?» «Не», – гуфт ӯ.

22 Онҳо пурсиши худро давом доданд: «Охир ту кистӣ? Мо бояд ба касоне, ки моро фиристодаанд, ҷавоб диҳем. Ту дар бораи худ чӣ мегӯйӣ?»

23 Яҳё бо суханоне, ки Ишаъё пайғамбар гуфта буд, ҷавоб дод: «Ман касе ҳастам, ки „дар биёбон фарёд зада, мегӯяд: «Барои омадани Худованд роҳро рост намоед!»“»

24 Аз тарафи равияи фарисиён низ фиристодашудагоне буданд,

25 ки аз ӯ пурсиданд: «Модоме ки ту на Масеҳ, на Илёс ва на ҳамон пайғамбаре ҳастӣ, ки интизораш ҳастем, пас чаро мардумро таъмид медиҳӣ?»

26 Яҳё ҷавоб дод: «Ман фақат ҳамчун рамзи шустани гуноҳҳо бо об таъмид медиҳам, вале дар байни шумо Шахсе ҳаст, ки шумо намешиносед.

27 Ӯ Ҳамонест, ки баъд аз ман меояд, лекин ман ҳатто лоиқ нестам, ки банди пойафзорашро кушоям».

28 Ҳамаи ин воқеа дар деҳаи Байтанё, дар соҳили дигари дарёи Урдун рӯй дод. Яҳё одатан мардумро дар он ҷо таъмид медод.

29 Рӯзи дигар Яҳё ба наздаш омада истодани Исоро дида гуфт: «Ана ин аст Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро аз байн мебарад!

30 Ӯ ҳамон Шахсест, ки дар борааш гуфта будам: „Баъд аз ман Шахси бузургтаре меояд, чунки Ӯ пеш аз ман вуҷуд дошт“.

31 Ман Ӯро намешинохтам, вале барои ҳамин омада, бо об таъмид додам, ки Ӯ барои мардуми Исроил маълум гардад».

32 Баъд, шаҳодат дода, гуфт: «Ман дидам, ки Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо, монанди кабӯтар бар болои Ӯ аз осмон фаромада истод.

33 Ман Ӯро намешинохтам, вале Худо, ки маро барои бо об таъмид додан фиристод, ба ман гуфта буд: „Вақте Шахсеро мебинӣ, ки Рӯҳ бар болои Ӯ фаромада меистад, бидон, Вай ҳамон Шахсест, ки бо Рӯҳулқудс таъмид медиҳад“.

34 Ман инро дидам ва шаҳодат медиҳам, ки Ӯ Писари Худост».

35 Рӯзи дигар Яҳё бо ду нафар шогирди худ боз дар ҳамон ҷо меистод

36 ва Исоро, ки аз роҳ гузашта истода буд, дида гуфт: «Бубинед! Ана Ӯ Барраи Худо аст!»

37 Он ду шогирд суханонашро шунида, аз паси Исо равона шуданд.

38 Вақте Исо ба ақибаш нигоҳ карда дид, ки онҳо аз паси Ӯ меоянд, ба онҳо гуфт: «Шумо чӣ мехоҳед?» Онҳо дар ҷавоб пурсиданд: «Раббӣ! Ту дар куҷо зиндагӣ мекунӣ?» (Маънои калимаи «Раббӣ» устод аст).

39 Ӯ гуфт: «Биёед ва бубинед». Вақте ки онҳо бо Исо рафта, диданд, ки Ӯ дар куҷо зиндагӣ мекунад, соат қариби чори бегоҳ буд ва онҳо ҳамон рӯз ҳамроҳи Ӯ монданд.

40 Яке аз он ду нафар, ки суханони Яҳёро шунида, аз паси Исо равона шуд, Андриёс, бародари Шимъуни Петрус буд.

41 Ӯ аввал бародари худ Шимъунро ёфта, ба вай гуфт: «Мо Масеҳро ёфтем»

42 Андриёс Шимъуни Петрусро ба назди Исо овард. Исо бодиққат ба ӯ нигоҳ карда, гуфт: «Ту Шимъун, писари Юҳанно ҳастӣ. Аммо, аз ин пас, Кифо номида мешавӣ» (маънои калимаи «Петрус» аз забони юнонӣ ва «Кифо» аз забони ибриён санг аст).

43 Рӯзи дигар Исо хост, ки ба Ҷалил биравад. Ӯ Филиппусро ёфта, гуфт, ки аз пасаш биёяд.

44 Филиппус ҳам монанди Андриёс ва Петрус аз шаҳри Байтсайдо буд.

45 Филиппус дар навбати худ Натаноилро ёфта, ба ӯ гуфт: «Мо ҳамон Шахсеро ёфтем, ки Мусо дар Таврот ва пайғамбарон дар борааш навишта буданд! Ин Исо, писари Юсуф, аз шаҳри Носира аст».

46 «Аз Носира? Магар аз Носира чизи хубе баромада метавонад?» – гуфт Натаноил. Филиппус ҷавоб дод: «Рафтем ва худат мебинӣ».

47 Исо Натаноили ба наздаш омадаистодаро дида, дар бораи ӯ гуфт: «Ана ин исроилии ҳақиқӣ аст, ки дар дил макре надорад».

48 «Ту маро аз куҷо мешиносӣ?» – пурсид Натаноил. Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Ҳанӯз пеш аз он ки Филиппус туро даъват кунад, Ман туро дар зери дарахти анҷир дидам».

49 Натаноил гуфт: «Эй Устод, Ту Писари Худо ва Подшоҳи Исроил ҳастӣ!»

50 Исо ҷавоб дод: «Магар ту барои он имон овардӣ, ки „туро дар зери дарахти анҷир дида будам“ гуфтам? Ту корҳои аз ин ҳам бузургтарро мебинӣ.

51 Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ки баъд аз ин шумо осмонро кушода ва ба пеши Писари Одамизод фуромадану боло баромадани фариштагони Худоро хоҳед дид».

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21