меню

Инҷили Юҳанно 20 Боб


1 Пагоҳии барвақти рӯзи якуми ҳафта, яъне якшанбе, ҳанӯз равшан нашуда, Марями Маҷдалия ба сари қабр омад ва дид, ки санг аз даромадгоҳи он гирифта шудааст.

2 Ӯ давида назди Шимъуни Петрус ва шогирди дигар, ки Исо ӯро дӯст медошт, омада, ба онҳо гуфт: «Онҳо Хоҷаи моро аз қабр бурдаанд ва мо намедонем, ки Ӯро дар куҷо гузоштаанд».

3 Пас Петрус ва он шогирди дигар ба тарафи қабр равона шуданд.

4 Ҳардуи онҳо медавиданд, вале шогирди дигар аз Петрус тезтар давида, аввалин шуда ба сари қабр расида омад.

5 Ӯ хам шуда кафанро дид, вале ба даруни қабр надаромад.

6 Аз паси ӯ Шимъуни Петрус ҳам давида омад. Вай ба даруни қабр даромада дид, ки кафан ҳаст ва

7 матое, ки дар сари Исо буд, на бо кафан, балки дар каноре ҷудо печонда шудааст.

8 Он гоҳ шогирди дигар ҳам, ки аввалин шуда ба сари қабр омада буд, ба қабр даромаду ҳамаи инро дида имон овард.

9 Онҳо ҳанӯз суханони навиштаҷотро намефаҳмиданд, ки дар бораи Ӯ гуфта шуда буд, ки бояд баъд аз марг зинда шавад.

10 Шогирдон ба хонаашон баргаштанд.

11 Аммо Марям берун аз қабр истода гиря мекард. Ӯ гирякунон хам шуда ба даруни қабр нигоҳ кард

12 ва дар ҷое, ки пештар Исо гузошта шуда буд, ду фариштаи сафедпӯшро дид, ки яке аз тарафи сар ва дигаре аз тарафи пойҳояш нишастаанд.

13 «Эй зан, чаро гиря мекунӣ?» – пурсиданд онҳо. Марям ба онҳо ҷавоб дод: «Хоҷаи маро бурдаанд ва ман намедонам, ки Ӯро дар куҷо гузоштаанд».

14 Инро гуфта, ӯ ба қафо рӯ гардонда дид, ки дар рӯ ба рӯйи ӯ Исо истодааст. Вале ӯ надонист, ки ин Исо аст.

15 Исо ба вай гуфт: «Эй зан, чаро гиря мекунӣ? Ту киро меҷӯйӣ?» Марям Ӯро боғбон фикр карда ба Ӯ гуфт: «Эй хоҷа, агар ту Ӯро бурда бошӣ, ба ман бигӯй, ки дар куҷо гузоштаӣ, то Ӯро гирифта барам».

16 «Эй Марям!» – гуфт Исо. Марям рӯ оварда, фарёд зад: «Эй Раббунӣ!» Маънои «Раббунӣ» дар забони иброниён устод аст.

17 Исо ба ӯ гуфт: «Ба Ман даст нарасон, ки ҳанӯз ба пеши Падар боло нарафтаам. Лекин назди бародаронам рафта бигӯ, ки Ман назди Падари Ман ва Падари шумо ва ба назди Худои Ман ва Худои шумо меравам».

18 Марями Маҷдалия ба назди шогирдон омада гуфт: «Ман Худованд Исоро дидам!» Инчунин суханони Исоро, ки ба ӯ гуфта буд, ба онҳо нақл кард.

19 Бегоҳии рӯзи якуми ҳафта, яъне рӯзи якшанбе, вақте ки шогирдон якҷоя ҷамъ шуда, аз тарси роҳбарони халқ дарҳоро маҳкам баста менишастанд, Исо даромаду дар миёни онҳо истода гуфт: «Ба шумо сулҳу осоиштагӣ мехоҳам!»

20 Инро гуфта, дастҳо ва паҳлуяшро ба онҳо нишон дод. Шогирдон аз дидани Худованд Исо хурсанд шуданд.

21 «Ба шумо сулҳу осоиштагӣ мехоҳам! – такрор кард Исо. – Чунон ки Падар Маро фиристодааст, Ман низ шуморо мефиристам».

22 Баъд аз ин суханон Ӯ ба сӯйи онҳо пуф карда гуфт: «Рӯҳулқудсро қабул кунед!

23 Гуноҳҳои касонеро, ки бубахшед, ба онҳо бахшида мешаванд ва онҳоеро, ки набахшед, гуноҳ дар гардани онҳо мемонад».

24 Тумо яке аз он дувоздаҳ шогирди Исо, ки боз Дугоник номида мешуд, ҳангоми омадани Исо дар он ҷо ҳамроҳи онҳо набуд.

25 Шогирдони дигар ба ӯ гуфтанд: «Мо Худованд Исоро дидем!» Вале ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «То бо чашмони худам пайҳои мехро дар дастони Ӯ набинам ва ангуштамро ба он нагузорам ва дастамро ба захми паҳлуяш намонам, бовар намекунам!»

26 Баъд аз як ҳафта шогирдон боз ҷамъ омаданд ва Тумо ҳам ҳамроҳи онҳо буд. Дар баста буд, вале Исо даромада, дар миёни онҳо истода гуфт: «Ба шумо сулҳу осоиштагӣ мехоҳам!»

27 Баъд ба Тумо гуфт: «Ангуштатро ба ин ҷо гузору дастонамро бин ва дастатро ба захми паҳлӯям гузор! Дигар шубҳа накуну бовар кун!»

28 Тумо ба Исо ҷавоб дод: «Эй Худованди ман ва Худои ман!»

29 Он гоҳ Исо ба ӯ гуфт: «Магар аз сабаби он бовар мекунӣ, ки Маро мебинӣ? Вале хушбахтанд онҳое, ки Маро надида имон овардаанд».

30 Исо дар ҳузури шогирдони Худ бисёр мӯъҷизоти дигареро ҳам нишон дода буд, ки дар бораи онҳо дар ин китоб гуфта нашудааст.

31 Вале ҳамаи ин барои он навишта шудааст, ки шумо ба Масеҳ, яъне Таъйиншуда ва Писари Худо будани Исо имон оваред ва бо имон ба воситаи қудрати номи Ӯ ҳаёти абадӣ ёбед.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21