меню

Инҷили Юҳанно 5 Боб


1 Баъд аз он иди яҳудиён буд ва Исо ба шаҳри Уршалим рафт.

2 Дар Уршалим, дар наздикии Дарвозаи Гӯсфандон ҳавзе буд, ки ба забони ибриён Байтҳасдо номида мешуд. Он панҷ айвон дошту

3-4 шумораи зиёди беморон: кӯрон, лангҳо ва шалҳо дар он ҷо мехобиданд.

5 Дар он ҷо инчунин марде мехобид, ки сию ҳашт сол боз гирифтори беморӣ буд.

6 Вақте Исо он бемори хобидаро дид ва фаҳмид, ки ӯ муддати дароз бемор аст, аз вай пурсид: «Мехоҳӣ сиҳат шавӣ?»

7 Бемор ҷавоб дод: «Хоҷа, ман касе надорам, ки ҳангоми ба ҳаракат омадани об, маро ба ҳавз андозад. То ман наздик мешавам, ки каси дигар аллакай аз ман пештар ба ҳавз медарояд».

8 Исо ба ӯ гуфт: «Бархез, ҷогаҳатро бардошта роҳ гард!»

9 Он мард ҳамон дам сиҳат шуда, ҷогаҳи худро бардошта рафт. Он рӯз шанбе, яъне рӯзи истироҳат буд.

10 Аз ин сабаб, роҳбарони яҳудӣ ба марди шифоёфта гуфтанд: «Имрӯз рӯзи шанбе аст, бинобар ин, раво нест, ки ҷогаҳатро бардошта барӣ!»

11 «Касе, ки маро шифо дод, ба ман „Ҷогаҳатро бардошта, роҳ гард“ гуфт», – ҷавоб дод ӯ.

12 Онҳо аз ӯ пурсиданд: «Кадом одам ба ту „Ҷогаҳатро бардошта, роҳ гард“ гуфт?»

13 Аммо марди шифоёфта намедонист, ки Вай кӣ буд, чунки Исо дар байни тӯдаи одамон аз назар ғоиб шуд.

14 Пас аз он Исо ӯро дар маъбади Худо дида гуфт: «Гӯш кун, акнун ту шифо ёфтӣ. Дигар гуноҳ накун, то ки ба аҳволи бадтаре дучор нашавӣ!»

15 Он мард ба назди роҳбарони яҳудӣ рафта, гуфт, ки ӯро Исо шифо додааст.

16 Азбаски Исо чунин корҳоро дар рӯзи шанбе мекард, яҳудиён ба ғаму озор додани Ӯ шурӯъ карданд.

17 Аммо Исо ба онҳо ҷавоб дода гуфт: «Падари Ман доимо кор мекунад ва Ман ҳам кор мекунам».

18 Бинобар ин, дар дили роҳбарони яҳудӣ нияти куштани Исо боз зиёдтар шуд, чунки Ӯ на танҳо қоидаи рӯзи шанберо вайрон мекард, балки Худоро боз Падари Худ номида, Худро бо Худо баробар мекард.

19 Аммо Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям: Писар бо ихтиёри Худ ҳеҷ кореро карда наметавонад, фақат он кореро, ки Падар мекунад, дида, Писар низ онро мекунад. Зеро ҳар коре, ки Падар мекунад, ҳамонро Писар ҳам мекунад.

20 Азбаски Падар Писарро дӯст медорад, ҳар чиро, ки Худ мекунад, ба Ӯ низ нишон медиҳад. Вай ба Писар корҳои аз ин ҳам бузургтарро нишон медиҳад, то ки ҳамаи шумо ба ҳайрат афтед.

21 Ҳамон тавр ки Падар мурдагонро зинда мекунад ва ба онҳо ҳаёт мебахшад, ҳамчунин, Писар ба ҳар кӣ хоҳад, ҳаёт мебахшад.

22 Зеро Падар ҳеҷ касро ҳукм намекунад, балки ҳаққи ҳукм карданро пурра ба Писар додааст,

23 то ҳама Писарро ҳамон тавр эҳтиром кунанд, ки Падарро эҳтиром мекунанд. Касе, ки Писарро эҳтиром намекунад, Падарро ҳам, ки Фиристандаи Ӯст, эҳтиром намекунад.

24 Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям: ҳар касе, ки сухани Маро мешунавад ва ба Фиристандаи Ман имон меоварад, соҳиби ҳаёти абадӣ мебошад. Инчунин, он кас ҳукм карда намешавад, балки аллакай аз марг ба ҳаёт гузаштааст.

25 Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям: вақту соате мерасад ва аллакай расидааст, ки мурдагон овози Писари Худоро мешунаванд ва ҳар касе, ки Ӯро бишнавад, зинда мешавад.

26 Чунон ки Падар сарчашмаи ҳаёт аст, Писарро низ сарчашмаи ҳаёт кардааст.

27 Инчунин, Ӯ ба Писар қудрати ҳукм карданро додааст, зеро Вай Писари Одамизод аст.

28 Аз ин дар ҳайрат намонед, чунки вақту соате мерасад, ки ҳамаи мурдагон овози Ӯро шунида,

29 аз қабрҳояшон мебароянд. Онҳое, ки некӣ карда буданд, барои ҳаёт ва онҳое, ки бадӣ карда буданд, барои ҳукм шудан бармехезанд.

30 Ман наметавонам ба ихтиёри Худ кореро иҷро кунам. Чунон ки Падар фармояд, Ман ҳамон тавр ҳукм мекунам ва ҳукми Ман одилона аст, зеро Ман на хости Худамро, балки хости Фиристандаамро иҷро кардан мехоҳам.

31 Агар Ман дар бораи Худ шаҳодат диҳам, шаҳодати Ман эътибор надорад.

32 Аммо Ман шоҳиди дигаре дорам ва медонам, ки шаҳодати Ӯ дар бораи Ман ҳаққонист.

33 Шумо одамони худро ба назди Яҳё фиристодед ва ӯ дар бораи ростӣ шаҳодат дод.

34 Дар асл, Ман муҳтоҷи шаҳодати инсон нестам, фақат ба хотири наҷоти шумо инро гуфтам.

35 Яҳё монанди чароғи фурӯзон дурахшанда буд ва шумо хостед, ки муддате ҳам бошад, дар равшании ӯ хурсандӣ кунед.

36 Вале Ман шаҳодати бузургтар аз он, ки Яҳё дода буд, дорам. Он корҳое, ки барои иҷро кардан Падар ба Ман супоридааст ва худи он корҳое, ки Ман ба ҷо меоварам, шоҳиди онанд, ки Маро Падар фиристодааст!

37 Худи Падарам, ки Маро фиристодааст, дар бораи Ман шаҳодат медиҳад. Шумо тамоман на овозашро шунидаед ва на рӯйи Ӯро дидаед.

38 Каломи Ӯ дар дилҳои шумо нест, зеро шумо ба Каси фиристодааш имон намеоваред.

39 Шумо навиштаҷотро меомӯзед ва фикр мекунед, ки ба воситаи он ҳаёти абадиро ба даст меоваред. Вале он ҳам дар бораи Ман шаҳодат медиҳад.

40 Бо вуҷуди ин шумо намехоҳед, ки ба пеши Ман оеду ҳаёти абадиро ба даст оваред.

41 Ман ба таърифи инсон муҳтоҷ нестам.

42 Ман медонам, ки шумо дар дилҳоятон муҳаббати Худоро надоред!

43 Ман назди шумо аз номи Падари Худ омадаам ва шумо Маро қабул намекунед, вале агар каси дигар ба назди шумо аз номи худ биёяд, шумо ӯро қабул мекунед.

44 Агар шумо таърифи якдигарро маъқул донед ва барои ба даст овардани таъриф аз Худои яккаву ягона кӯшиш накунед, чӣ тавр имон оварда метавонед?!

45 Гумон накунед, ки Ман шуморо дар пеши Падар айбдор мекунам, айбдоркунандаи шумо Мусо аст, ки ба ӯ умед мебандед!

46 Агар шумо ба Мусо боварӣ медоштед, ба Ман ҳам имон меовардед, зеро ӯ дар бораи Ман навишта буд.

47 Вале агар шумо ба он чи, ки ӯ навиштааст, имон наоваред, чӣ тавр ба суханони Ман бовар мекунед?»

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21