меню

Инҷили Юҳанно 2 Боб

гузариш зуд:

1 Баъд аз ду рӯз дар шаҳри Қонои Ҷалил тӯйи арӯсӣ буд ва модари Исо ҳам дар он ҷо буд.

2 Исо низ бо шогирдони Худ ба тӯй даъват шуда буд.

3 Вақте ки шароб тамом шуд, модари Исо ба Вай гуфт: «Инҳо шароб надоранд».

4 Исо ба ӯ гуфт: «Ин ба Ману ту чӣ дахл дорад, модар?! Охир вақту соати Ман ҳоло нарасидааст».

5 Модари Ӯ ба хизматгорон гуфт: «Ҳар чизе, ки Вай ба шумо гӯяд, иҷро кунед».

6 Дар он ҷо шаш кӯзаи сангин барои об буд, ки аз рӯйи урфу одати яҳудиён онро барои таҳорат кардан истифода мебурданд. Ҳар кадоми онҳо аз ҳафтод то яксаду даҳ литри об ғунҷоиш дошт.

7 Исо ба хизматгорон гуфт: «Кӯзаҳоро аз об пур кунед». Хизматгорон онҳоро лабрез карданд.

8 Баъд Ӯ гуфт: «Акнун аз он об гирифта, ба роҳбари тӯй баред» ва онҳо гирифта бурданд.

9 Роҳбари тӯй аз куҷо будани шаробро намедонист, танҳо хизматгороне, ки аз кӯза об гирифтанд, аз ин огоҳ буданд. Роҳбари тӯй оби ба шароб табдилшударо чашида, домодро ба назди худ даъват карду

10 ба ӯ гуфт: «Ҳар кас аввал шароби беҳтаринро оварда мегузорад ва баъд вақте ки меҳмонон бисёр менӯшанд, шароби арзонро меорад, аммо ту шароби беҳтаринро то ҳол нигоҳ доштаӣ».

11 Он чизе, ки Исо дар Қонои Ҷалил кард, муъҷизаи аввалини Ӯ буд. Исо, ҳамин тавр, бузургии Худро нишон дод ва шогирдонаш ба Ӯ имон оварданд.

12 Баъд аз он, Исо ба шаҳри Кафарнаҳум рафт. Модари Исо, бародарон ва шогирдонаш ҳам ҳамроҳи Ӯ буданд. Онҳо дар он ҷо якчанд рӯз монданд.

13 Рӯзи иди Наҷоти яҳудиён наздик омад ва Исо ба Уршалим рафт.

14 Ӯ дар ҳавлии маъбади Худо шахсонеро дид, ки бо фурӯши барзагов, гӯсфанд ва кабӯтар машғул буданд. Пуливазкунандагон низ дар сари мизҳои худ нишаста буданд.

15 Исо аз банд қамчин сохта, ҳамаи онҳоро бо барзагову гӯсфандонашон аз маъбади Худо берун ронда, мизҳои пуливазкунандагонро чаппа кард ва пулҳояшонро ба замин пошид.

16 Ба кабӯтарфурӯшон бошад, гуфт: «Инҳоро аз ин ҷо дур кунед! Хонаи Падари Маро ба бозор табдил надиҳед!»

17 Шогирдони Ӯ ба ёд оварданд, ки дар навиштаҷот чунин гуфта шудааст: «Оташи рашк нисбат ба Хонаи Ту дар дилам аланга мезанад».

18 Он гоҳ роҳбарони яҳудӣ аз Ӯ пурсиданд: «Бо кадом аломат ҳақ будани ин рафторатро исбот мекунӣ?»

19 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ин маъбади Худоро вайрон кунед ва Ман онро дар се рӯз аз нав барпо мекунам».

20 «Ин маъбад дар давоми чилу шаш сол сохта шудааст. Ту бошӣ, онро дар се рӯз аз нав барпо кардан мехоҳӣ?!» – гуфтанд онҳо.

21 Аммо Ӯ «маъбади Худо» гуфта, бадани Худро дар назар дошт.

22 Аз ин рӯ, вақте ки Ӯ аз мурдагон зинда шуд, шогирдонаш ин суханони Ӯро ба хотир оварданд ва ба навиштаҷоту суханони Исо имон оварданд.

23 Дар он рӯзҳои иди Наҷот, ки Исо дар Уршалим буд, мардуми бисёре муъҷизаҳои Ӯро дида, ба Ӯ имон оварданд.

24 Аммо Худи Исо ба ҳеҷ кас боварӣ надошт, чунки аз дили ҳамаи онҳо бохабар буд.

25 Бинобар ин, Ӯ муҳтоҷи он набуд, ки касе ба Ӯ дар бораи одамон нақл кунад, чунки Ӯ Худ медонист, ки дар дили одам чӣ ҳаст.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21