меню

Инҷили Юҳанно 13 Боб

гузариш зуд:

1 Як рӯз пеш аз иди Наҷот Исо дид, ки вақту соати аз ин дунё гузаштан ва ба пеши Падараш рафтани Ӯ расидааст. Ӯ дар ин дунё одамони Худро дӯст медошт ва муҳаббаташ нисбат ба онҳо то охир пойдор буд.

2-3 Шайтон аллакай ба дили Яҳудои писари Шимъуни Исқарют фикри дар ҳаққи Исо хиёнат карданро ҷо карда буд. Исо медонист, ки Падар ҳама чизро ба дасти Ӯ супоридааст ва Ӯ аз ҷониби Худо омада, ба пеши Худо бармегардад. Аз ин рӯ, ҳангоми хӯроки шом

4 Ӯ аз сари дастархон бархеста, ҷомаашро кашиду миёни Худро бо дастпок баст.

5 Пас, ба тағорае об рехта, ба шустан ва бо сачоқи дар миён бастааш хушк кардани пойҳои шогирдон шурӯъ кард.

6 Ӯ ба назди Шимъуни Петрус омад ва Шимъуни Петрус гуфт: «Хоҷа, магар Ту пойҳои маро шустанӣ ҳастӣ?!»

7 Исо ҷавоб дод: «Ҳоло ту кори карда истодаамро намефаҳмӣ, баъдтар мефаҳмӣ».

8 Он гоҳ Петрус ба Ӯ гуфт: «Ҳаргиз пойҳои маро намешӯйӣ». Исо ҷавоб дод: «Агар нашӯям, ту бо Ман ҳеҷ муносибате нахоҳӣ дошт!»

9 Шимъуни Петрус дар ҷавоб гуфт: «Хоҷа, пас на фақат пойҳоямро, балки дастону сарамро низ бишӯй!»

10 «Барои касе, ки баданашро шустааст, танҳо пойҳояшро шустан лозим аст, чунки ӯ комилан пок аст, – гуфт Исо. – Шумо ҳам пок ҳастед, вале на ҳама».

11 Зеро Ӯ медонист, ки дар ҳаққаш кӣ хиёнат мекунад ва барои ҳамин гуфт, ки на ҳама пок ҳастанд.

12 Баъд аз он ки пойҳои онҳоро шуст, либосашро пӯшиду боз ба сари дастархон нишаста гуфт: «Оё медонед, ки Ман бароятон чӣ кор кардам?

13 Шумо Маро Устод ва Хоҷа меномед ва ин дуруст аст, чунки Ман ҳамонам.

14 Пас, агар Ман, ки Хоҷа ва Устоди шумо ҳастам, пойҳои шуморо шуста бошам, шумо низ бояд пойҳои якдигарро бишӯед.

15 Ман ба шумо намунаи ибрат шудам, ки шумо айнан ба мисле ки Ман нисбат ба шумо рафтор кардам, рафтор кунед.

16 Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ки хизматгор аз хоҷаи худ ва шахси фиристодашуда аз фиристандаи худ бузургтар нест.

17 Акнун ки шумо ин чизҳоро медонед, хушбахт мешавед, агар онҳоро ба амал оваред.

18 Ман на дар бораи ҳамаи шумо мегӯям. Ман касони интихобкардаамро медонам. Вале бигзор суханони навиштаҷот ба амал оянд: „Касе ки нони Маро мехӯрд, бар зидди Ман бархостааст“.

19 Инро ҳоло пеш аз рӯй доданаш ба шумо мегӯям, то ки ҳангоми ба амал омадани ин ҳодиса имон оваред, ки ин Ман ҳастам.

20 Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ҳар кӣ фиристодаи Маро қабул кунад, Маро қабул мекунад ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, Фиристандаи Маро қабул мекунад».

21 Чун Исо ин суханонро гуфт, рӯҳан ба изтироб омада эълон кард: «Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, яке аз шумо ба Ман хиёнат мекунад».

22 Шогирдон ба якдигар нигоҳ карда, дар ҳайрат монданд, ки Ӯ инро дар бораи кӣ гуфта бошад.

23 Яке аз шогирдон, ки Исо ӯро дӯст медошт, дар паҳлуи Ӯ такя карда нишаста буд.

24 Шимъуни Петрус ба ӯ ишора кард, то аз Исо бипурсад, ки Ӯ инро дар бораи кӣ гуфт.

25 Он шогирд ба Исо наздиктар шуда пурсид: «Хоҷа, ин кист?»

26 Исо ҷавоб дод: «Луқмаи нонро дар коса тар карда ба касе диҳам, ҳамон аст». Баъд луқмаи нонро тар карда, ба Яҳудои писари Шимъуни Исқарют дод.

27 Ҳамин ки Яҳудо луқмаи нонро гирифт, шайтон ба вуҷуди ӯ дохил шуд. Исо ба ӯ гуфт: «Он ниятеро, ки дар дил дорӣ, зудтар иҷро бикун».

28 Ҳеҷ касе аз онҳое, ки дар сари дастархон буданд, нафаҳмиданд, ки барои чӣ Исо ба ӯ ин суханро гуфт.

29 Азбаски хазинаи пул дар дасти Яҳудо буд, баъзеҳо гумон карданд, ки Исо ба ӯ фармуд, то ҳар чи барои ид лозим аст, барояшон бихарад ё ки ба бенавоён чизе бидиҳад.

30 Яҳудо нонро гирифта, ҳамон замон берун баромад. Шаб буд.

31 Вақте ки ӯ берун баромад, Исо гуфт: «Акнун Писари Одамизод шуҳрату ҷалол ёфт ва Худо низ ба воситаи Ӯ шуҳрату ҷалол ёфт.

32 Азбаски Худо дар Ӯ шуҳрату ҷалол ёфт, пас Худо низ Ӯро ҳамроҳи Худ шуҳрату ҷалол медиҳад ва инро ба зудӣ мекунад.

33 Эй фарзандонам, муддати кам мондааст, ки Ман ҳамроҳи шумо мемонам. Шумо Маро ҷустуҷӯ хоҳед кард, вале, чӣ тавре ки ба роҳбарони яҳудӣ гуфта будам, акнун ба шумо низ мегӯям, ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо омада наметавонед.

34 Ман ба шумо фармони нав медиҳам, ки якдигарро дӯст доред. Ҳамон тавре ки Ман шуморо дӯст доштам, шумо низ якдигарро дӯст доред.

35 Агар нисбат ба якдигар муҳаббат дошта бошед, ҳама хоҳанд фаҳмид, ки шумо шогирдони Ман ҳастед».

36 Шимъуни Петрус аз Ӯ пурсид: «Хоҷа, Ту ба куҷо меравӣ?» «Ба ҷое, ки Ман меравам, ту ҳоло аз паси Ман омада наметавонӣ, – ҷавоб дод Исо, – аммо баъдтар хоҳӣ омад».

37 Петрус ба Ӯ гуфт: «Хоҷа! Чаро ман ҳоло аз паси Ту рафта наметавонам? Ман тайёрам ҷони худро барои Ту фидо кунам!»

38 Исо ҷавоб дод: «Ҷонатро фидои Ман мекунӣ?! Ба ту сухани ҳақ ва ростро мегӯям, пеш аз он, ки хурӯс ҷеғ занад, ту се бор Маро инкор хоҳӣ кард!»

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21