Инҷили Юҳанно 12 Боб
1 Шаш рӯз пеш аз сар шудани иди Наҷот Исо ба Байтанё ба хонаи ҳамон Элъозоре, ки Исо ӯро зинда карда буд, омад.
2 Ба хотири Ӯ зиёфат барпо карданд. Марто хизмат мекард ва Элъозор бо ҳамроҳии Исо ва меҳмонони дигар дар сари дастархон нишаста буд.
3 Марям бошад, як шишаи равғани атрафшони ниҳоят қиматбаҳоро гирифта, ба пойҳои Исо молиду бо мӯйҳояш пойҳои Ӯро хушк кард. Хонаро бӯйи муаттар фаро гирифт.
4 Ҳамин вақт Яҳудои Исқарют, яке аз шогирдон, ки дар оянда ба Исо хиёнат мекунад, гуфт:
5 «Чаро ин атриётро ба сесад динор нафурӯхтанду пулашро ба камбағалон тақсим накарданд?»
6 Ӯ хазинадор буд ва барои манфиати худ аз он ҷо пул мегирифт. Бинобар ин ӯ на аз сабаби ғами камбағалонро хӯрдан, балки ба сабаби дузд буданаш он суханонро гуфт.
7 Вале Исо дар ҷавоб гуфт: «Марямро ором гузор! Вай ин атриётро барои рӯзи дафни Ман нигоҳ доштааст.
8 Камбағалон ҳамеша бо шумо ҳастанд, вале Ман ҳамеша бо шумо нестам».
9 Дар айни ҳол бисёре аз аҳолии Яҳудия дар Байтанё будани Исоро дониста, ба он ҷо рафтанд. Вале онҳо на фақат ба хотири Исо, балки барои дидани Элъозор ҳам, ки Исо ӯро зинда карда буд, ба он ҷо рафта буданд.
10 Он гоҳ коҳинони калон қарор доданд, ки Элъозорро ҳам бикушанд,
11 зеро ба хотири ӯ мардуми зиёди Яҳудия аз онҳо рӯ гардонда, ба Исо имон меоварданд.
12 Рӯзи дигар мардуми сершуморе, ки ба ид омада буданд, шуниданд, ки Исо ба Уршалим омада истодааст.
13 Он гоҳ онҳо шохаҳои дарахти нахлро ҳамчун рамзи шодӣ ба даст гирифта, ба пешвози Ӯ баромаданд ва фарёд мекарданд: «Шаъну шараф ба Худо! Баракат ёбад касе, ки ба номи Худованд меояд! Баракат ёбад Шоҳи Исроил!»
14 Исо хареро ёфта, ба он савор шуд, зеро дар навиштаҷот чунин гуфта шудааст:
15 «Натарсед, эй сокинони шаҳри Уршалим! Ана, Шоҳи шумо савораи харе омада истодааст».
16 Шогирдони Ӯ инро он вақт нафаҳмиданд, вале ҳангоме ки Исо ба тамоми шуҳрату ҷалоли Худо соҳиб шуд, онҳо ба ёд оварданд, ки дар навиштаҷот ҳамаи ин дар борааш навишта шуда буд ва бо Ӯ ҳамин тавр ҳам рӯй дод.
17 Мардуме, ки дар пешашон Исо Элъозори мурдаро аз қабр ҷеғ зада, зинда карда буд, паҳн кардани ин хабарро давом медоданд.
18 Аз сабаби шунидани ин муъҷиза тӯдаи зиёди одамон ба пешвози Ӯ баромаданд.
19 Аммо фарисиён ба якдигар гуфтанд: «Медонед, аз дастамон ҳеҷ коре намеояд! Ана бинед, тамоми ҷаҳон аз пайи Ӯ меравад!»
20 Дар байни онҳое, ки барои саҷда ба ид омада буданд, ғайрияҳудиён ҳам буданд.
21 Онҳо ба назди Филиппус, ки аз аҳли Байтсайдои Ҷалил буд, омада гуфтанд: «Хоҷа, мо мехоҳем, ки Исоро бинем».
22 Филиппус рафта, инро ба Андриёс хабар дод ва баъд ҳардуяшон рафта, ба Исо гуфтанд.
23 Исо ҷавоб дод: «Вақту соати он расидааст, ки тамоми шуҳрату ҷалоли Писари Одамизод ошкор гардад!
24 Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям: то донаи гандум ба замин афтида намирад, вай як донаи танҳо мемонад, аммо агар бимирад – ҳосили зиёд меоварад.
25 Касе ки ҳаёташро азиз дорад, онро аз даст медиҳад, вале касе ки дар ин дунё аз ҳаёти худ нафрат кунад, онро барои ҳаёти абадӣ нигоҳ медорад.
26 Ҳар кӣ ба Ман хизмат мекунад, бояд аз пасам ояд ва ҳар ҷое, ки Ман ҳастам, хизматгорам низ ҳамон ҷо мешавад. Касеро, ки ба Ман хизмат мекунад, Падарам сарфароз менамояд.
27 Ҷонам ҳоло дар азоб аст ва чӣ гӯям? Бигӯям, ки „Падар, Маро аз ин соат халос кун!“, вале Ман маҳз барои ҳамин соат омадаам!
28 Эй Падар, номи Худро шуҳрат деҳ!» Он гоҳ аз осмон садое шунида шуд: «Аллакай шуҳрат додам ва боз ҳам шуҳрати бештар медиҳам!»
29 Тӯдаи мардум, ки дар он ҷо истода буданд, ин овозро шунида, баъзеашон гуфтанд, ки ин садои раъду барқ буд, дигарон гуфтанд, ки фариштае ба Ӯ сухан гуфт.
30 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ин садо на ба хотири Ман, балки ба хотири шумо буд!
31 Акнун вақти ҳукм шудани ин ҷаҳон аст, ҳоло ҳукмрони ин ҷаҳон берун ронда мешавад!
32 Вақте ки Ман аз замин боло бардошта мешавам, ҳамаро ба сӯи Худ мекашам!»
33 Бо ин суханон Ӯ ишора мекард, ки чӣ тарз ҷон медиҳад.
34 Мардум ҷавоб доданд: «Мо аз навиштаҷот медонем, ки Масеҳ то абад зинда мемонад. Пас, чӣ тавр мегӯйӣ, ки Писари Одамизод бояд боло бардошта шавад? Охир, Писари Одамизод кист?»
35 Исо ба онҳо гуфт: «Боз муддати кӯтоҳе нур бо шумо мемонад. Ҳанӯз ки нур доред, роҳ равед, то ки торикӣ шуморо фаро нагирад, зеро ҳар кӣ дар торикӣ роҳ меравад, намедонад, ки куҷо меравад.
36 Пас, ҳанӯз ки нур бо шумост, ба он имон оваред, то ки писарони нур шавед!» Исо инро гуфта, он ҷойро монда рафт ва аз назари онҳо ғоиб шуд.
37 Бо вуҷуди он ки Исо дар ҳузури онҳо мӯъҷизоти бисёр нишон дод, онҳо ба Ӯ имон наоварданд.
38 Ишаъё пайғамбар гуфта буд: «Эй Худованд, кист, ки ба паёми мо бовар кардааст? Қудрати Худо ба кӣ ошкор гардидааст?» Ин пешгӯйӣ ҳамин тавр иҷро шуд.
39 Инчунин онҳо боз аз он сабаб имон оварда натавонистанд, ки Ишаъё пайғамбар чунин ҳам гуфта буд:
40 «Худо чашмони онҳоро нобино Ва ақли онҳоро тира кардааст, То ки онҳо бо чашмони худ набинанд Ва бо ақли худ дарк накунанд, Вагарна ба Ман рӯ меоварданд, То Ман онҳоро шифо диҳам».
41 Ишаъё барои он чунин гуфта буд, ки шуҳрату ҷалоли Исоро дид ва дар бораи Ӯ сухан гуфт.
42 Ба ҳар ҳол, бисёри одамон, ҳатто аз байни мансабдорон низ ба Исо имон оварданд, вале аз тарси фарисиён ошкоро ба ин иқрор намешуданд, ки мабодо онҳоро аз ҷамоатхонаҳо пеш накунанд.
43 Зеро онҳо назар ба таърифе, ки аз ҷониби Худо аст, таърифи инсониро зиёдтар дӯст доштанд.
44 Исо бо овози баланд хитоб кард: «Ҳар кӣ ба Ман имон оварад, на ба Ман, балки ба Касе, ки Маро фиристодааст, имон меоварад.
45 Ҳар кӣ Маро мебинад, он Касеро мебинад, ки Маро фиристодааст.
46 Ман ҳамчун нур ба ҷаҳон омадаам, то ҳар кӣ ба Ман имон оварад, дар торикӣ намонад.
47 Ман ҳеҷ касеро, ки суханони Маро мешунаваду иҷро намекунад, ҳукм нахоҳам кард, чунки Ман на барои ҳукм кардани ҷаҳон, балки барои наҷот додани он омадаам.
48 Касе, ки Маро инкор мекунад ва суханони Маро қабул намекунад, вай аллакай ҳукмкунанда дорад. Дар рӯзи қиёмат он суханон, ки Ман гуфтам, ӯро ҳукм мекунанд,
49 чунки Ман аз Худ сухан нагуфтаам, балки Падаре, ки Маро фиристодааст, чӣ гуфтану чӣ гуна сухан гуфтанамро фармон додааст.
50 Ва Ман медонам, ки фармони Ӯ ҳаёти абадӣ мебахшад. Бинобар ин Ман танҳо он чиро мегӯям, ки Падар ба Ман гуфтааст».
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21