Инҷили Юҳанно | Библия онлайн - хониш ва омӯзиши
меню

Инҷили Юҳанно 17 Боб

гузариш зуд:

1 Баъд аз ин суханон Исо ба сӯи осмон нигоҳ карда гуфт: «Эй Падар, вақт фаро расид. Писари Худро шуҳрату ҷалол деҳ, то ки Писар Туро шуҳрату ҷалол бидиҳад,

2 чунки Ту бар сари ҳамаи одамон ба Ӯ қудрат додаӣ, то ки Ӯ низ ба ҳамаи касоне, ки ба Ӯ бахшидаӣ, ҳаёти абадӣ диҳад.

3 Зеро ҳаёти абадӣ ин аст, ки Туро, Худои ягонаи ҳақиқӣ ва Исои Масеҳро, ки Ту фиристодаӣ, шиносанд.

4 Ман бо анҷом додани он коре, ки Ту ба Ман супорида будӣ, Туро дар рӯйи замин шуҳрату ҷалол додам.

5 Акнун эй Падар дар назди Худ Маро бо он шуҳрату ҷалоле, ки Ман пеш аз пайдоиши олам дар назди Ту доштам, ҷалол бидеҳ.

6 Ман номи Туро ба он касоне, ки Ту аз ҷаҳон гирифта, ба Ман бахшидаӣ, маълум кардам. Онҳо аз они Ту буданду Ту онҳоро ба Ман бахшидӣ ва онҳо каломи Туро риоя карданд.

7 Акнун онҳо медонанд, ки ҳама чизи ба Ман додаат, аз они Туст.

8 Зеро он каломеро, ки Ту ба Ман додӣ, Ман ба онҳо расондам ва онҳо қабул карда, дар ҳақиқат фаҳмиданд, ки Ман аз назди Ту омадаам ва боварӣ доранд, ки Ту Маро фиристодаӣ.

9 Ман барои онҳо дуо мекунам. Ман на барои ҷаҳон, балки барои онҳое дуо мекунам, ки Ту ба Ман додаӣ, чунки онҳо аз они Туанд.

10 Зеро ҳамаи онҳое, ки Ман дорам, аз они Туанд ва онҳое, ки Ту дорӣ, аз они Ман ҳастанд ва ба воситаи онҳо Ман шуҳрату ҷалол ёфтам.

11 Ман акнун аз ин ҷаҳон меравам ва ба назди Ту бармегардам, вале онҳо дар ин ҷаҳон мемонанд. Эй Падари Пок, бо қудрати номи Худ, ки Ту ба Ман додаӣ, онҳоро муҳофизат бикун, то онҳо як бошанд, чунон ки Ману Ту бо ҳам як ҳастем.

12 То вақте ки Ман бо онҳо будам, онҳоро бо қудрати номи Ту, ки ба Ман бахшидаӣ, муҳофизат ва нигаҳбонӣ кардам. Аз онҳо касе ҳам ҳалок нашуд, ғайр аз як нафар, ки бояд ҳалок мешуд, то ки гуфтаҳои навиштаҷот ба амал оянд.

13 Вале акнун Ман назди Ту меравам ва ин чизҳоро ҳанӯз ки дар ин ҷаҳон ҳастам, мегӯям, то ки дилҳои онҳо аз шодии Ман пур шаванд.

14 Ман каломи Туро ба онҳо расондаам ва ҷаҳон аз онҳо нафрат кард, чунки онҳо аз ин ҷаҳон нестанд, ҳамон тавр ки Ман ҳам аз ин ҷаҳон нестам.

15 Ман талаб намекунам, ки Ту онҳоро аз ҷаҳон бибарӣ, аммо мехоҳам, ки онҳоро аз шайтон муҳофизат намойӣ.

16 Онҳо аз ин ҷаҳон нестанд, чунон ки Ман ҳам аз ин ҷаҳон нестам.

17 Ба воситаи ҳақиқат онҳоро барои Худ ҷудо кун, каломи Ту ҳақиқат аст.

18 Чунон ки Ту Маро ба ҷаҳон фиристодаӣ, ҳамин тавр Ман ҳам онҳоро ба ҷаҳон фиристодаам.

19 Ман ба хотири онҳо Худро ба Ту бахшидам, то ки онҳо низ ба воситаи ҳақиқат худро ба Ту бахшида тавонанд.

20 Ман на фақат барои онҳо дуо мекунам, балки барои касоне ҳам, ки ба воситаи суханони онҳо ба Ман имон меоваранд.

21 Бигзор ҳамаи онҳо як шаванд. Бигзор, чӣ тавре ки Ту, Падар дар Ман ҳастӣ ва Ман дар Ту ҳастам, онҳо низ дар Мо бошанд, то ҷаҳон имон оварад, ки Маро Ту фиристодаӣ.

22 Ман ба онҳо ҳамон шуҳрату ҷалолеро додаам, ки Ту ба Ман додаӣ, то онҳо як бошанд, чунон ки Ману Ту як ҳастем.

23 Ман дар онҳо ҳастам ва Ту дар Ман ҳастӣ, то ки онҳо дар ягонагии комил бошанду ҷаҳон бидонад, ки Ту Маро фиристодаӣ ва ҳамон тавре ки Маро дӯст медорӣ, онҳоро низ дӯст медорӣ.

24 Эй Падар, мехоҳам, онҳоеро, ки Ту ба Ман бахшидаӣ, ҳамроҳи Ман дар он ҷое бошанд, ки Ман мешавам ва он шуҳрату ҷалолеро бубинанд, ки Ту ба Ман додаӣ, зеро Ту Маро пеш аз офариниши олам дӯст доштаӣ.

25 Эй Падари одил, ҷаҳон Туро нашинохт, вале Ман Туро мешиносам ва онҳо медонанд, ки Ту Маро фиристодаӣ.

26 Ман ба онҳо Туро ошкор кардам ва боз ҳам ошкор мекунам, то он муҳаббате, ки Ту нисбат ба Ман дорӣ, дар онҳо низ бошад ва Ман ҳам дар онҳо бошам».

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21