меню

Инҷили Юҳанно 6 Боб


1 Баъд аз ин, Исо ба соҳили дигари баҳри Ҷалил, ки баҳри Табария низ номида мешавад, равона шуд.

2 Аз паси Ӯ мардуми бисёре мерафтанд, зеро онҳо муъҷизаҳои Ӯро дар шифо додани беморон медиданд.

3 Исо ба болои кӯҳ баромада, ҳамроҳи шогирдонаш дар ҳамон ҷо нишаст.

4 Айёми ҷашнгирии иди Наҷоти яҳудиён наздик омада буд.

5 Исо ба атроф нигоҳ карду мардуми зиёди ба тарафаш омадаистодаро дида, ба Филиппус гуфт: «Барои сер кардани инҳо аз куҷо бояд нон харем?»

6 Ӯ хуб медонист, ки чӣ кор мекунад, аммо Филиппусро санҷиданӣ шуда, ин суханонро гуфт.

7 Филиппус дар ҷавоб гуфт: «Ба дусад динор нон харем ҳам, ба ҳар кас ҳатто яклуқмагӣ намерасад».

8 Яке аз шогирдонаш, Андриёс, ки бародари Шимъуни Петрус буд, ба Исо гуфт:

9 «Дар ин ҷо писарбачае ҳаст, ки панҷ нони ҷавӣ ва ду моҳӣ дорад. Вале ба ин қадар мардуми зиёд вай чӣ мешавад?»

10 Исо гуфт: «Ба мардум гӯед, ки бишинанд». Дар он ҷо сабзазор буд. Шумораи ҳамаи нишастагон қариб панҷ ҳазор мард буд.

11 Исо нонро гирифта дуои шукрона карду онро ба нишастагон тақсим карда дод. Баъд бо моҳиҳо ҳам чунин кард ва ба ҳама чӣ қадаре ки мехостанд, ҳамон қадар дод.

12 Вақте мардум сер шуданд, Исо ба шогирдони Худ гуфт: «Нонпораҳои боқимондаро ҷамъ кунед, ки ҳеҷ чиз исроф нашавад».

13 Шогирдон нонпораҳои панҷ нони ҷавиро, ки аз хӯрандагон боқӣ монда буд, ҷамъ намуда, дувоздаҳ сабадро пур карданд.

14 Мардум муъҷизаи Исоро дида гуфтанд: «Ӯ ҳақиқатан ҳамон пайғамбарест, ки бояд ба ҷаҳон биёяд!»

15 Исо фаҳмид, ки онҳо нияти омада, Ӯро дастгир ва ба зӯрӣ подшоҳ кардан доранд, аз ин рӯ, Худаш танҳо ба кӯҳ баромад.

16 Вақте ки бегоҳ шуд, шогирдони Исо ба лаби баҳр фаромаданд

17 ва ба қаиқ савор шуда, ба соҳили дигари баҳр, ба сӯи Кафарнаҳум равона шуданд. Рӯз аллакай торик мешуд, вале Исо ҳанӯз ба наздашон наомада буд.

18 Аз сабаби вазидани боди сахт баҳр ба талотум омад.

19 Вақте онҳо ба масофаи панҷ-шаш километр қаиқро ронда мерафтанд, Исоро диданд, ки дар рӯйи об қадам зада, ба қаиқ наздик мешавад. Онҳо тарсиданд.

20 «Натарсед, ин Манам!» – гуфт ба онҳо Исо.

21 Онҳо мехостанд, ки Ӯро ба қаиқ гиранд ва қаиқ ҳамон замон ба соҳиле, ки онҳо равона буданд, омада расид.

22 Рӯзи дигар мардуме, ки дар соҳили дигари баҳр монда буданд, фаҳмиданд, ки шогирдони Исо ба ягона қаиқе, ки дар он ҷо буд, савор шуда рафтаанд. Онҳо боз дида буданд, ки Исо ҳангоми ба қаиқ савор шудани шогирдонаш ба онҳо ҳамроҳ нашуд ва онҳо бе Ӯ рафта буданд.

23 Он вақт одамон аз Табария дар якчанд қаиқ ба наздикии маҳале омаданд, ки дар он ҷо пас аз дуои шукронаи Худованд Исо нон хӯрда буданд.

24 Вақте мардум диданд, ки дар он ҷо на Исо ҳасту на шогирдонаш, ба қаиқҳо савор шуда, ба ҷустуҷӯи Ӯ ба Кафарнаҳум рафтанд.

25 Баъд Ӯро дар он тарафи баҳр ёфта, аз Ӯ пурсиданд: «Устод, Ту кай ба ин ҷо омадӣ?»

26 Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ки шумо Маро на ба хотири он, ки муъҷизаҳоямро дидаед, ҷустуҷӯ мекунед, балки ба хотири он, ки то сер шудан нон хӯрдед!

27 Шумо на барои хӯроки вайроншаванда, балки барои хӯроке, ки ба ҳаёти абадӣ мебарад, меҳнат кунед. Ин хӯрокро Писари Одамизод ба шумо медиҳад, чунки Худо Падар Ӯро интихоб карда, барои иҷрои ин кор таъйин намудааст».

28 Онҳо аз Вай пурсиданд: «Барои иҷрои он корҳое, ки Худо аз мо мехоҳад, чӣ бояд кунем?»

29 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Худо як корро мехоҳад, ки шумо ба Каси Фиристодааш имон оваред».

30 Онҳо пурсиданд: «Ту ба мо чӣ аломати муъҷизаноке нишон медиҳӣ, ки мо онро дида, ба Ту имон оварем? Ту чӣ кор карда метавонӣ?

31 Аҷдодони мо дар биёбон нони манна хӯрдаанд. Чунон ки дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки аз осмон ба онҳо нон дода буд, ки бихӯранд».

32 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ки нонро аз осмон ба шумо Мусо надодааст, ин Падари Ман аст, ки ба шумо аз осмон нони ҳақиқӣ медиҳад.

33 Зеро нони Худо он аст, ки аз осмон пойин меояду ба ҷаҳон ҳаёт мебахшад».

34 «Хоҷа, – гуфтанд онҳо, – ба мо ҳамеша чунин нон бидеҳ!»

35 Исо ба онҳо гуфт: «Ман нони ҳаёт ҳастам. Ҳар касе ки назди Ман биёяд, гурусна нахоҳад монд ва ҳар касе ки ба Ман имон оварад, ҳаргиз ташна нахоҳад шуд.

36 Аммо, чунон ки Ман ба шумо гуфта будам, шумо Маро дидед, вале бовар намекунед.

37 Ҳар касе ки ӯро Падар ба Ман ато кардааст, сӯи Ман хоҳад омад ва ҳар касе ки ба назди Ман биёяд, Ман ӯро берун нахоҳам ронд.

38 Зеро Ман аз осмон на барои иҷро кардани хости Худ фаромадаам, балки барои иҷро кардани хости Ҳамоне, ки Маро фиристодааст.

39 Хости Фиристандаи Ман ин аст, ки аз он касоне, ки Ӯ ба Ман ато кардааст, ҳеҷ якеро аз даст надиҳам, балки дар рӯзи қиёмат онҳоро зинда гардонам.

40 Зеро хости Падари Ман ин аст: ҳар кас ки Писарро бинаду ба Ӯ имон оварад, ҳаёти абадӣ ба даст оварад ва дар рӯзи қиёмат Ман ӯро зинда мекунам».

41 Он гоҳ дар байни мардум ғавғо бархест, чунки Ӯ гуфт: «Ман он ноне ҳастам, ки аз осмон фаромадааст».

42 Онҳо гуфтанд: «Магар ин ҳамон Исои писари Юсуф нест, ки ҳам падар ва ҳам модари Ӯро мешиносем? Акнун Ӯ чӣ тавр „Ман аз осмон фаромадаам“ гуфта метавонад?»

43 «Дар байни худ шикоят накунед!» – дар ҷавоб гуфт ба онҳо Исо.

44 «То вақте Падар, ки Маро фиристодааст, касеро ба Ман ҷалб накунад, ҳеҷ кас назди Ман омада наметавонад ва Ман он шахсро дар рӯзи қиёмат зинда хоҳам кард.

45 Дар навиштаҷоти пайғамбарон гуфта шудааст: „Ҳамаи онҳо аз Худо таълим хоҳанд гирифт“. Ҳар касе ки Падарро шунида ва аз Ӯ таълим гирифта бошад, ба назди Ман меояд.

46 Ин маънои онро надорад, ки касе Падарро дидааст. Фақат касе, ки аз назди Худо омадааст, Падарро дидааст.

47 Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, он ки имон дорад, ҳаёти абадӣ ёфтааст.

48 Ман нони ҳаёт ҳастам.

49 Аҷдодони шумо дар биёбон нони маннаро хӯрданд, вале аз марг наҷот наёфтанд.

50 Аммо ноне, ки аз осмон мефарояд, дигар хел аст: касе ки онро бихӯрад, намемирад.

51 Ман он нони ҳаёт ҳастам, ки аз осмон фаромадааст. Ҳар кас ин нонро бихӯрад, ҳаёти абадӣ пайдо мекунад. Ноне, ки Ман медиҳам, ин бадани Ман аст, ки онро ба хотири зинда мондани ҷаҳон фидо мекунам».

52 Пас аз ин, дар байни мардум баҳси пуршиддат авҷ гирифт: «Ин Шахс чӣ тавр бадани Худро барои хӯрдан ба мо дода метавонад?!»

53 Исо ба онҳо гуфт: «Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ки агар бадани Писари Одамизодро нахӯред ва хуни Ӯро нанӯшед, ҳаёт пайдо намекунед.

54 Ҳар кӣ бадани Маро бихӯрад ва хуни Маро бинӯшад, ҳаёти абадӣ дорад ва Ман дар рӯзи қиёмат ӯро зинда хоҳам кард.

55 Зеро бадани Ман хӯроки ҳақиқӣ ва хуни Ман нӯшокии ҳақиқист.

56 Ҳар кӣ бадани Маро бихӯрад ва хуни Маро бинӯшад, вай дар Ман зиндагӣ мекунад ва Ман дар ӯ.

57 Чунон ки Падари абадзинда Маро фиристодааст ва Ман ба воситаи Ӯ зиндаам, ҳамон тавр, касе ки Маро бихӯрад, ба воситаи Ман зиндагӣ мекунад.

58 Ин аст ноне, ки аз осмон поён фаромадааст. Вай монанди он ноне нест, ки аҷдодони шумо хӯрданд, вале аз марг наҷот наёфтанд. Аммо ҳар кӣ ин нонро бихӯрад, то абад зинда хоҳад монд».

59 Исо ҳангоми дар ҷамоатхонаи Кафарнаҳум таълим доданаш ин суханонро гуфта буд.

60 Бисёре аз шогирдон суханони Ӯро шунида гуфтанд: «Ин суханони вазнин ҳастанд! Кӣ онҳоро гӯш карда метавонад?»

61 Исо медонист, ки шогирдонаш аз суханонаш шикоят карда истодаанд ва ба онҳо гуфт: «Магар шумо аз ин суханҳоям ба шубҳа афтодед?

62 Пас, агар шумо медидед, ки Писари Одамизод ба ҷойи аввалааш боло мебарояд, чӣ кор мекардед?

63 Рӯҳ ҳаёт мебахшад ва ҷисм ин корро карда наметавонад. Он суханоне, ки Ман ба шумо гуфтам, рӯҳ ва ҳаётанд.

64 Аммо дар байни шумо ҳам шахсоне ҳастанд, ки имон надоранд». Исо аз аввал медонист, ки ба Ӯ кӣ имон наовардааст ва кӣ дар ҳаққи Ӯ хиёнат мекунад.

65 Ӯ давом дода гуфт: «Аз ин рӯ, ба шумо гуфтаам, ки касе ба назди Ман омада наметавонад, агар Падар ӯро ҷалб накунад».

66 Баъд аз ин, бисёр шогирдонаш аз Ӯ рӯй гардонданд ва дигар Ӯро пайравӣ накарданд.

67 Пас Исо аз он дувоздаҳ шогирдаш пурсид: «Шояд шумо ҳам рафтанӣ ҳастед?»

68 «Эй Хоҷа, – ҷавоб дод ба Ӯ Шимъуни Петрус, – мо ба назди кӣ равем? Суханони ҳаёти абадӣ аз они Туанд.

69 Мо имон овардем ва фаҳмидем, ки Туӣ он Шахси поки Худо».

70 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Магар Ман Худам дувоздаҳ шогирдро интихоб накардаам? Вале яке аз шумо иблис аст!»

71 Исо ин суханашро дар бораи Яҳудои писари Шимъуни Исқарютӣ, яке аз дувоздаҳ шогирдонаш гуфта буд, ки баъдтар ба Исо хиёнат мекунад.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21