Инҷили Юҳанно 7 Боб
1 Баъд аз он Исо дар вилояти Ҷалил мегашт. Ӯ намехост, ки дар Яҳудия бошад, чунки роҳбарони яҳудӣ Ӯро куштан мехостанд.
2 Иди Хаймаҳои яҳудиён наздик омад
3 ва бародарони Исо ба Ӯ гуфтанд: «Аз ин ҷо баромада, ба Яҳудия рав, то ки шогирдонат ҳам корҳоеро, ки Ту мекунӣ, бубинанд.
4 Зеро касе ки шуҳрат пайдо кардан мехоҳад, корҳои худро дар пинҳонӣ намекунад. Ту, ки ин гуна корҳоро мекунӣ, Худро ба ҷаҳон ошкор намо».
5 Ҳатто бародаронаш ба Ӯ имон надоштанд.
6 «Вақту соати Ман ҳанӯз нарасидааст, – ҷавоб дод ба онҳо Исо, – барои шумо ҳар вақт хуб аст.
7 Ҷаҳон наметавонад аз шумо нафрат дошта бошад, вале аз Ман нафрат дорад, чунки Ман бад будани корҳои онро шаҳодат медиҳам.
8 Шумо ба ин ид равед, вале Ман намеравам, чунки вақти Ман ҳанӯз нарасидааст».
9 Инро ба онҳо гуфта, Исо дар Ҷалил монд.
10 Аммо, пас аз он ки бародаронаш ба ид рафтанд, Исо ҳам на ошкоро, балки пинҳонӣ ба он ҷо рафт.
11 Дар вақти ид роҳбарони яҳудӣ Ӯро ҷустуҷӯ карданд. Онҳо «Ин одам дар куҷост?» гуфта мепурсиданд.
12 Дар байни мардум низ дар бораи Ӯ баҳси зиёде ба миён омад. «Вай одами хуб аст», – мегуфтанд баъзеҳо, дигарон норозӣ шуда, «Не, Ӯ мардумро гумроҳ мекунад» мегуфтанд.
13 Аммо ҳама аз роҳбарони яҳудиён тарсида, ошкоро дар бораи Ӯ сухане ҳам ба забон намеоварданд.
14 Дар байни ҳафтаи ид Исо ба маъбади Худо омада, ба таълим додан шурӯъ намуд.
15 Роҳбарони яҳудӣ тааҷҷуб карда мегуфтанд: «Аз куҷо Вай ин қадар дониш дорад, дар сурате, ки таълим нагирифтааст?»
16 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Таълимоти Ман аз Худам нест, балки аз Касест, ки Маро фиристодааст.
17 Касе, ки хости Худоро ба ҷо овардан мехоҳад, мефаҳмад, ки оё Ман аз Худ мегӯям ё ин таълимот аз Худост.
18 Ҳар кӣ аз номи худ сухан мегӯяд, барои худ шуҳрату ҷалол меҷӯяд, вале Касе ки барои Фиристандаи Худ шуҳрату ҷалол меҷӯяд, ростқавл аст ва дар дили Ӯ фиребе нест.
19 Магар Мусо ба шумо шариатро надодааст? Бо вуҷуди ин ҳеҷ кадоми шумо онро риоя намекунед! Чаро Маро куштан мехоҳед?»
20 Мардум ҷавоб доданд: «Ту ҷин дорӣ! Кӣ Туро куштан мехоҳад?»
21 Исо ба онҳо гуфт: «Ман танҳо як коре кардам ва шумо ҳама дар тааҷҷуб мондед.
22 Мусо ба шумо анъанаи хатнаро фармуд (ҳарчанд ки ин анъана на аз Мусо, балки аз аҷдодон мондааст) ва шумо писаронатонро ҳатто дар рӯзи шанбе хатна мекунед.
23 Агар шумо барои вайрон нашудани шариати Мусо дар рӯзи шанбе писарро хатна мекарда бошед, пас чаро аз Ман хашмгин мешавед, ки дар рӯзи шанбе инсонеро пурра шифо бахшидам?
24 Аз рӯйи намуди зоҳирӣ ҳукм накунед, балки аз рӯйи адолат ҳукм кунед!»
25 Баъзе аз сокинони Уршалим гуфтанд: «Магар Ӯ ҳамон одам нест, ки Ӯро куштан мехоҳанд?
26 Бинед, Ӯ рӯйирост таълим медиҳад ва касе ба Ӯ чизе намегӯяд. Наход сардорон қоил шуда бошанд, ки Ӯ ҳақиқатан Масеҳ аст?
27 Мо бошем, аз куҷо будани ин одамро медонем. Аммо, вақте ки Таъйиншудаи Худо меояд, аз куҷо будани Ӯро ҳеҷ кас намедонад».
28 Он гоҳ Исо, ки дар маъбади Худо машғули таълимдиҳӣ буд, хитоб карда гуфт: «Шумо Маро ва аз куҷо буданамро медонед-а? Ман аз номи Худам наомадаам. Касе ки Маро фиристодааст, ҳақ аст. Шумо Ӯро намешиносед, вале
29 Ман Ӯро мешиносам, чунки Ман аз пеши Ӯ омадаам ва Ӯ Маро фиристодааст».
30 Сипас, онҳо хостанд Ӯро дастгир кунанд, вале аз сабаби он ки вақти Ӯ ҳанӯз нарасида буд, касе ба Ӯ даст нарасонд.
31 Бо вуҷуди он, аз байни мардум бисёриҳо ба Ӯ имон оварда, мегуфтанд: «Вақте ки Масеҳ меояд, магар аз ин одам бештар муъҷиза нишон дода метавонад?»
32 Фарисиён шуниданд, ки мардум дар байни худ дар бораи Исо чунин суханҳоро мегӯянд. Баъд онҳо ва коҳинони калон барои дастгир кардани Исо посбонони маъбади Худоро фиристоданд.
33 Он гоҳ Исо гуфт: «Боз каме вақт бо шумо мемонам ва баъд ба назди Фиристандаи Худ бармегардам.
34 Шумо Маро ҷустуҷӯ мекунед, аммо намеёбед. Ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо омада наметавонед».
35 Роҳбарони яҳудӣ ба якдигар гуфтанд: «Ӯ ба куҷо рафтан мехоҳад, ки мо Ӯро ёфта наметавонем? Оё Ӯ барои таълим додани ғайрияҳудиён ба шаҳрҳои онҳо рафтанист, ки мардуми мо низ он ҷо зиндагӣ мекунанд?
36 Ӯ суханони „Шумо Маро мекобед, аммо намеёбед“ ва „Ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо омада наметавонед“ гуфта, чиро дар назар дорад?»
37 Дар рӯзи охирин ва муҳимтарини ид Исо аз ҷояш бархеста, бо овози баланд эълон кард: «Касоне, ки ташнаанд, назди Ман оянд ва бинӯшанд!
38 Дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки аз ботини он касе, ки ба Ман имон меоварад, дарёҳои оби ҳаёт ҷорӣ мешаванд».
39 Ӯ Рӯҳеро дар назар дошт, ки ҳар кӣ ба Исо имон оварад, он Рӯҳ ба вай дода хоҳад шуд. Рӯҳ ҳанӯз дода нашуда буд, зеро Исо ҳанӯз соҳиби тамоми шуҳрату ҷалоли Худ нагардида буд.
40 Баъзе аз мардум суханони Ӯро шунида, гуфтанд: «Ин Шахс дар ҳақиқат ҳамон пайғамбарест, ки мо интизораш будем!»
41 «Ин Масеҳ аст!» – мегуфтанд дигарон. Баъзеи дигарон мегуфтанд: «Масеҳ ҳаргиз аз Ҷалил пайдо намешавад!
42 Охир, дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки Масеҳ бояд аз авлоди шоҳ Довуд ва аз деҳаи Байтлаҳм, ки зодгоҳи Довуд буд, биёяд».
43 Инак, дар байни мардум дар бораи Исо ҷанҷол бархост.
44 Баъзеҳо мехостанд, ки Ӯро дастгир кунанд, лекин ҳеҷ кас ба Ӯ даст нарасонд.
45 Вақте ки посбонон ба назди коҳинони калон ва фарисиён баргаштанд, аз посбонон пурсиданд: «Чаро Ӯро наовардед?»
46 Посбонон ҷавоб доданд: «Касе ҳаргиз монанди ин Шахс сухан нагуфтааст!»
47 Фарисиён ба онҳо гуфтанд: «Наход Ӯ шуморо ҳам гумроҳ карда бошад?
48 Магар касе аз сардорон ё фарисиён ба Ӯ имон овардааст?
49 Мардум бошанд, аз шариат бехабар ва лаънатзадаанд!»
50 Аммо яке аз онҳо Никудимус, ки пештар ба назди Исо омада буд, ба онҳо гуфт:
51 «Оё аз рӯйи шариатамон мо касеро нашунида ва кори кардаашро муайян накарда, ба ӯ ҳукм мебарорем?»
52 Онҳо ҷавоб доданд: «Чӣ, магар ту ҳам аз Ҷалил ҳастӣ? Навиштаҷотро биомӯз ва мебинӣ, ки аз Ҷалил пайғамбар баромада наметавонад».
53 Он гоҳ ҳама ба хонаҳояшон рафтанд.
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21