меню

Инҷили Юҳанно 16 Боб

гузариш зуд:

1 Исо давом дод: «Ман инро ба шумо барои он гуфтам, ки ба шубҳа афтода, гумроҳ нашавед.

2 Шуморо аз ҷамоатхонаҳо пеш мекунанд. Ҳатто чунон замоне фаро мерасад, ки кушандагони шумо фикр мекунанд, ки бо ин корашон ба Худо хизмат мекунанд.

3 Онҳо аз сабаби он чунин рафтор мекунанд, ки на Падар ва на Маро мешиносанд.

4 Аммо Ман ин чизҳоро ба шумо барои он гуфтам, ки ҳангоми расидани ин вақт шумо ба хотир оред, ки Ман дар бораи онҳо ба шумо гуфта будам. Аз аввал дар бораи ин чизҳо ба шумо нагуфтам, чунки ҳамроҳи шумо будам.

5 Акнун пеши он Касе меравам, ки Маро фиристодааст. Вале ҳеҷ касе аз шумо ба Ман савол намедиҳад, ки „Ту ба куҷо меравӣ?“,

6 чунки суханони Ман дилҳои шуморо пур аз ғам карданд.

7 Аммо Ман ба шумо рост мегӯям: рафтани Ман барои фоидаи шумост. Зеро, агар Ман наравам, Пуштибон пеши шумо намеояд ва агар биравам, Ӯро ба назди шумо мефиристам.

8 Вақте ки Ӯ меояд, фикрронии нодурусти ин ҷаҳонро дар бораи гуноҳ, росткорӣ ва ҳукмкунӣ фош мекунад:

9 гуноҳ дар ин аст, ки онҳо ба Ман имон намеоваранд,

10 росткорӣ дар ин аст, ки Ман ба пеши Падарам меравам ва шумо дигар Маро намебинед,

11 ҳукмкунӣ аз он иборат аст, ки ҳукмрони ин ҷаҳон аллакай ҳукм шудааст.

12 Ман боз бисёр чизи ба шумо гуфтанӣ дорам, аммо алҳол шумо тоқати шунидани онро надоред.

13 Вақте ки Рӯҳи ростӣ меояд, Ӯ шуморо сӯи тамоми ростӣ роҳнамоӣ мекунад, зеро Ӯ аз Худ чизе намегӯяд, балки он чиро, ки мешунавад, ба шумо мегӯяд. Ӯ ба шумо дар бораи ҳодисаҳои оянда хабар медиҳад.

14 Ӯ Маро шуҳрату ҷалол медиҳад, зеро Ӯ гуфтаҳои Маро гирифта, ба шумо нақл мекунад.

15 Ҳар чи Падар дорад, аз они Ман аст. Аз ин сабаб Ман гуфтам, ки Ӯ гуфтаҳои Маро гирифта, ба шумо нақл мекунад.

16 Баъд аз андаке шумо Маро дигар намебинед, вале баъд аз андаки дигар Маро боз хоҳед дид».

17 Он гоҳ баъзе аз шогирдон ба ҳамдигар гуфтанд: «Ӯ „баъд аз андаке шумо Маро дигар намебинед, вале баъд аз андаки дигар Маро боз хоҳед дид“ ва „чунки Ман ба пеши Падар меравам“ гуфта, чиро дар назар дорад?

18 Ӯ „андаке“ гуфта чиро дар назар дорад? Мо намефаҳмем, ки Ӯ дар бораи чӣ гуфта истодааст».

19 Исо фаҳмид, ки онҳо ба Ӯ савол доданӣ ҳастанд, бинобар ин гуфт: «Шумо аз якдигар мепурсед, ки „баъд аз андаке шумо Маро дигар намебинед, вале баъд аз андаки дигар Маро боз хоҳед дид“ гуфта, чиро дар назар доштам?

20 Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ки шумо гиря карда, андӯҳгин мешавед, вале ҷаҳон шодӣ мекунад. Шумо ғамгин мешавед, аммо ғами шумо ба шодӣ мубаддал мегардад.

21 Ҳангоми таваллуди кӯдак зан ғамгин мешавад, чун соати азоби вай расидааст, вале вақте ки кӯдакро таваллуд мекунад, дарду азобро фаромӯш карда, шодӣ мекунад, ки инсоне ба дунё омадааст.

22 Инак, шумо ҳам ҳоло ғамгин ҳастед, аммо Ман шуморо боз мебинам ва дилҳои шумо шод мегарданд ва он шодиро ҳеҷ кас аз шумо гирифта наметавонад.

23 Он рӯз шумо аз Ман чизе намепурсед. Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ҳар чиро ки бо номи Ман аз Падар талаб кунед, Ӯ ба шумо хоҳад дод.

24 То ҳол шумо аз номи Ман чизеро талаб накардаед. Талаб кунед ва ба даст меоваред ва шодии шумо пурра мешавад.

25 Ман дар ин бора ба шумо бо масалҳо гуфтам, лекин замоне фаро мерасад, ки ба шумо на бо масалҳо, балки кушоду равшан дар бораи Падар нақл мекунам.

26 Дар он рӯз бо номи Ман аз Ӯ талаб мекунед. Ман намегӯям, ки барои шумо аз Падар талаб мекунам,

27 зеро Худи Падар шуморо дӯст медорад, ба сабаби он ки шумо Маро дӯст доштед ва имон овардед, ки Ман аз ҷониби Худо омадаам.

28 Ман аз ҷониби Падар ба ин ҷаҳон омадаам ва ин ҷаҳонро тарк карда, ба назди Падар меравам».

29 «Акнун Ту кушоду равшан ва бе масалҳо гап зада истодаӣ, – гуфтанд ба Ӯ шогирдон.

30 – Ҳоло мо фаҳмидем, ки Ту ҳама чизро медонӣ ва ҳоҷати аз Ту пурсидан нест. Бинобар ин мо имон дорем, ки Ту аз ҷониби Худо омадаӣ».

31 «Акнун имон овардед? – гуфт дар ҷавоби онҳо Исо.

32 – Инак вақту соате меояд ва он аллакай фаро расидааст, ки ҳамаи шумо пароканда шуда ба хонаҳои худ меравед ва Маро танҳо мегузоред. Вале Ман танҳо нестам, зеро Падар ҳамроҳи Ман аст.

33 Ман ин чизҳоро ба шумо гуфтам, то ки шумо аз Ман оромӣ пайдо кунед. Дар дунё шуморо азобу уқубат интизор аст, вале шумо далер бошед: Ман бар ин ҷаҳон ғолиб шудаам!»

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21