Инҷили Юҳанно 15 Боб
1 Исо суханашро давом дода гуфт: «Ман токи ҳақиқӣ ҳастам ва Падари Ман токпарвар аст.
2 Ҳар шохаеро, ки дар Ман ҳосил намедиҳад, Ӯ бурида мепартояд ва ҳар шохаи ҳосилдиҳандаро хомток мекунад, то меваи бештаре ба бор оварад.
3 Шумо аллакай ба воситаи суханоне, ки Ман ба шумо гуфтаам, пок шудаед.
4 Дар Ман бимонед, чунон ки Ман дар шумо ҳастам. Ҳамон тавр ки шоха агар дар ток набошад, аз худ ҳосил ба бор оварда наметавонад, ҳамчунин шумо низ, агар дар Ман намонед, аз худ самар оварда наметавонед.
5 Ман ток ҳастам ва шумо шохаҳо ҳастед. Танҳо онҳое, ки дар Ман ҳастанд ва Ман дар онҳо ҳастам, ҳосили фаровон ба бор меоваранд, чунки бе Ман шумо ҳеҷ коре карда наметавонед.
6 Ҳар кӣ дар Ман намонад, мисли шоха партофта шуда, баъд хушк мешавад. Чунин шохаҳоро ҷамъ карда, ба оташ мепартоянду месӯзонанд.
7 Агар шумо дар Ман бимонед ва суханони Ман дар шумо бимонанд, ҳар чизеро, ки талаб кунед, бароятон иҷро мешавад!
8 Падари Ман бо он шуҳрату ҷалол меёбад, ки шумо самари зиёд меоваред ва бо ин нишон медиҳед, ки шогирдони Ман ҳастед.
9 Чӣ тавре ки Падар Маро дӯст медорад, ҳамон тавр Ман ҳам шуморо дӯст медорам. Дар муҳаббати Ман зиндагӣ кунед!
10 Ман фармонҳои Падарамро иҷро кардам ва дар муҳаббаташ зиндагӣ мекунам. Ҳамон тавр шумо низ агар фармонҳои Маро иҷро кунед, дар муҳаббати Ман зиндагӣ мекунед.
11 Ман инро ба шумо барои он гуфтам, ки шодии Ман дар шумо бошад ва шодиатон комил гардад.
12 Фармони Ман ин аст: чунон ки Ман шуморо дӯст медорам, ҳамон тавр шумо якдигарро дӯст доред.
13 Вақте ки касе ҷонашро барои дӯстонаш фидо мекунад, аз ин муҳаббати бузургтаре нест.
14 Агар фармонҳои Маро иҷро кунед, шумо дӯстони Ман ҳастед.
15 Ман дигар шуморо хизматгор наменомам, зеро хизматгор намедонад, ки хоҷаи ӯ ба чӣ кор машғул аст. Лекин Ман шуморо дӯстони Худ мехонам, чунки ҳама чизи аз Падар шунидаамро ба шумо гуфтаам.
16 Шумо Маро интихоб накардаед, балки Ман шуморо интихоб карда, таъин намудаам, ки рафта мевае биёред, ки то абад мемонад. Он гоҳ ҳар чи ба номи Ман аз Падар талаб кунед, Ӯ ба шумо медиҳад.
17 Пас, фармони Ман барои шумо ин аст, ки ҳамдигарро дӯст доред.
18 Агар ҷаҳон аз шумо нафрат кунад, донед, ки пеш аз шумо аз Ман нафрат дошта буд.
19 Агар шумо аз ин ҷаҳон мебудед, ҷаҳон шуморо ҳамчун аз они худ дӯст медошт. Вале аз сабаби он ки Ман шуморо аз ин ҷаҳон интихоб карда гирифтам ва шумо аз ин ҷаҳон нестед, ин ҷаҳон аз шумо нафрат дорад.
20 Дар хотир доред, ки Ман ба шумо чӣ гуфта будам: „Хизматгор аз хоҷаи худ бузургтар нест“. Пас, агар Маро ғаму озор дода бошанд, шуморо низ ғаму озор медиҳанд. Агар суханони Маро иҷро карда бошанд, суханони шуморо низ иҷро мекунанд.
21 Аммо мардум ҳамаи инро бо шумо ба хотири Ман мекунанд, чунки Фиристандаи Маро намешиносанд.
22 Агар Ман ба ҷаҳон намеомадам ва ба онҳо сухане намегуфтам, онҳо гуноҳе намедоштанд, вале акнун барои сафед кардани гуноҳи худ баҳона надоранд.
23 Касе, ки аз Ман нафрат мекунад, аз Падари Ман низ нафрат дорад.
24 Агар Ман дар байни онҳо он корҳоеро, ки касе накардааст, намекардам, онҳо гуноҳ намедоштанд. Вале акнун онҳо он корҳоро диданд ва бо вуҷуди ин аз Ман ва ҳам аз Падарам нафрат доранд.
25 Ин барои иҷро шудани гуфтаҳои навиштаҷоти онҳо ба амал меояд, ки гуфта шудааст: „Бесабаб аз ман нафрат доштанд“.
26 Вале Ман ба шумо Пуштибон, яъне Рӯҳи ростиро мефиристам. Ӯ аз ҷониби Падар меояд ва дар бораи Ман шаҳодат медиҳад.
27 Инчунин, шумо ҳам шаҳодат медиҳед, зеро шумо аз рӯзҳои аввал бо Ман будед».
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21