Инҷили Юҳанно 10 Боб
1 Исо гуфт: «Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям: ҳар кӣ ба оғили гӯсфандон на аз дар, балки аз ҷойи дигар гузашта дарояд, дузд ва роҳзан аст.
2 Он ки аз дар медарояд, чӯпони гӯсфандон аст.
3 Дарбон дарро барои ӯ мекушояд ва гӯсфандон садои ӯро мешунаванд. Ӯ гӯсфандони худро ном ба ном фарёд карда, берун мебарорад.
4 Баъди берун баровардани ҳамаи гӯсфандонаш худ пеш-пеши онҳо равона мешаваду гӯсфандон аз паси ӯ мераванд, чунки овози ӯро мешиносанд.
5 Гӯсфандон аз қафои каси бегона намераванд, балки аз ӯ мегурезанд, чунки овози каси бегонаро намешиносанд».
6 Исо ба онҳо ин масалро нақл кард, аммо онҳо маънои гуфтаҳояшро нафаҳмиданд.
7 Инак, Исо боз ба онҳо гуфт: «Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ки Ман барои гӯсфандон дар ҳастам.
8 Ҳамаи онҳое, ки пеш аз Ман омада буданд, дузд ва роҳзан ҳастанд, лекин гӯсфандон онҳоро гӯш накарданд.
9 Ман дар ҳастам. Ҳар касе ки ба воситаи Ман медарояд, наҷот меёбад. Ӯ ҳам медарояду ҳам мебарояд ва барои худ чарогоҳ пайдо мекунад.
10 Дузд фақат барои дуздидан, куштан ва нобуд кардан меояд. Ман омадаам, ки гӯсфандонам ҳаёт дошта бошанд ва ҳаёташон фаровон бошад.
11 Ман чӯпони нек ҳастам. Чӯпони нек ҷони худро барои гӯсфандон фидо мекунад.
12 Мардикор, ки чӯпон нест ва гӯсфандон аз они ӯ нестанд, ба рама наздик шудани гургро бинад, гӯсфандонро монда, мегурезад ва гург ба онҳо дарафтода, онҳоро пароканда мекунад.
13 Мардикор аз он сабаб мегурезад, ки парвои гӯсфандонро надорад.
14 Ман чӯпони нек ҳастам. Ман гӯсфандони Худро мешиносам ва онҳо Маро мешиносанд,
15 чунон ки Падар Маро мешиносад ва Ман Падарро мешиносам. Ман ҷони Худро барои гӯсфандон фидо мекунам.
16 Ман гӯсфандони дигаре ҳам дорам, ки аз ин оғил нестанд ва Ман бояд онҳоро низ биёрам. Онҳо ба овозам гӯш мекунанд ва он гоҳ як рама бо як чӯпон хоҳад шуд!
17 Падар барои он Маро дӯст медорад, ки Ман ҷони Худро фидо мекунам, то боз онро ба даст оварам.
18 Ҳеҷ кас ҷони Маро аз Ман намегирад, Ман онро бо ихтиёри Худ фидо мекунам. Ман қудрат дорам, ки онро фидо кунам ва қудрат дорам, ки онро боз ба даст орам. Ин фармонро Ман аз Падарам гирифтаам».
19 Аз сабаби ин суханон дар байни мардум бори дигар ҷанҷол ба вуҷуд омад.
20 Бисёре аз онҳо мегуфтанд: «Ӯ ҷин дорад ва аз ақл бегона шудааст! Чаро ба суханони Ӯ гӯш медиҳед?»
21 «Ин суханони шахси ҷинзада нестанд, – норозӣ шуданд дигарон. – Магар ҷин чашмони кӯрро бино карда метавонад?»
22 Зимистон фаро расид. Дар Уршалим иди Хотираи Покшавии маъбади Худо буд.
23 Исо дар ҳавлии маъбади Худо, дар айвони Сулаймон мегашт.
24 Яҳудиён Ӯро миёнагир карда пурсиданд: «То кай моро дар дудилагӣ нигоҳ медорӣ? Ба мо рӯйирост бигӯ, ки Ту Масеҳ ҳастӣ ё не?»
25 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ман ба шумо аллакай гуфта будам, вале шумо ба Ман бовар намекунед. Он корҳое, ки Ман аз номи Падари Худ иҷро мекунам, дар бораи Ман шаҳодат медиҳанд,
26 аммо шумо ба Ман имон намеоваред, зеро шумо аз ҷумлаи гӯсфандони Ман нестед.
27 Гӯсфандони Ман овози Маро мешунаванд. Ман онҳоро мешиносам ва онҳо аз паси Ман меоянд.
28 Ман ба онҳо ҳаёти абадӣ мебахшам ва онҳо ҳаргиз нобуд намешаванд ва касе наметавонад онҳоро аз дасти Ман бигирад.
29 Падари Ман, ки онҳоро ба Ман бахшидааст, аз ҳама бузургтар аст ва ҳеҷ кас онҳоро аз дасти Падари Ман кашида гирифта наметавонад.
30 Ману Падарам як ҳастем».
31 Яҳудиён боз барои сангсор кардани Ӯ санг бардоштанд.
32 Исо ба онҳо гуфт: «Ман ба шумо аз ҷониби Падар бисёр корҳои нек нишон додаам, пас барои кадоме аз онҳо шумо Маро сангсор кардан мехоҳед?»
33 Онҳо ба Ӯ ҷавоб доданд: «Мо Туро на барои корҳои некат сангсор кардан мехоҳем, балки барои куфр гуфтанат, чунки Ту инсон ҳастиву Худро Худо мекунӣ!»
34 Исо ҷавоб дод: «Магар дар навиштаҷоте, ки шумо мехонед, навишта нашудааст: „Ман мегӯям, ки шумо худоён ҳастед“?
35 Навиштаҷот бошад, ҳеҷ вақт бекор карда намешавад. Пас, агар Худо касонеро, ки ба онҳо суханонаш равона шудаанд, „худоён“ номида бошад,
36 чӣ тавр шумо сухани гуфтаамро, ки „Ман Писари Худо ҳастам“ куфр мегӯед? Ҳол он ки Падар Маро интихоб карда, ба ҷаҳон фиристодааст!
37 Агар Ман корҳои Падарамро ба амал наоварам, ба Ман имон наоваред!
38 Лекин, агар Ман онҳоро ба амал оварам, ҳарчанд ба Ман имон наоваред ҳам, ба корҳои Ман имон оваред, то бидонед ва бифаҳмед, ки Падар дар Ман аст ва Ман дар Падар ҳастам».
39 Онҳо бори дигар хостанд Ӯро дастгир кунанд, вале Ӯ Худро аз дасти онҳо раҳо кард.
40 Исо боз ба он тарафи дарёи Урдун, ки Яҳё дар он ҷо пештар мардумро таъмид медод, рафта дар ҳамон ҷо монд.
41 Мардуми зиёде пеши Ӯ омаданд. Онҳо мегуфтанд, ки Яҳё ҳеҷ муъҷизае нишон надода буд, вале ҳамаи суханоне, ки Яҳё дар бораи ин Шахс гуфта буд, дурустанд.
42 Он гоҳ шумораи бисёри одамон дар он ҷо ба Исо имон оварданд.
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21