меню

Инҷили Юҳанно 3 Боб


1 Дар байни роҳбарони яҳудиён аз равияи фарисиён Никудимус ном марде буд.

2 Ӯ шабона назди Исо омада, гуфт: «Устод, мо медонем, ки Ту аз тарафи Худо фиристода шудаӣ. Зеро агар Худо бо касе набошад, ӯ чунин муъҷизаҳоеро, ки Ту нишон медиҳӣ, ба амал оварда наметавонад».

3 Исо дар ҷавоб ба ӯ гуфт: «Ба ту сухани ҳақ ва ростро мегӯям, агар одам аз олами боло таваллуд наёбад, Подшоҳии Худоро дида наметавонад».

4 Никудимус аз Ӯ пурсид: «Чӣ тавр одами солхӯрда боз аз нав таваллуд ёфта метавонад? Магар ӯ метавонад боз ба шиками модараш баргашта, дубора таваллуд ёбад?»

5 Исо ҷавоб дод: «Ба ту сухани ҳақ ва ростро мегӯям, агар касе аз об ва Рӯҳ таваллуд наёбад, ба Подшоҳии Худо даромада наметавонад.

6 Он чи аз ҷисм таваллуд меёбад, ҷисм аст ва он чи аз Рӯҳ таваллуд меёбад, рӯҳ аст.

7 Аз он чи ба ту гуфтам „Шумо бояд аз олами боло таваллуд ёбед“ ҳайрон нашав.

8 Бод дар ҳар ҷо ки хоҳад, мевазад. Ту садои онро мешунавӣ, аммо намедонӣ, ки аз куҷо меояд ва ба куҷо меравад. Бо ҳар касе, ки аз Рӯҳ таваллуд меёбад, ана ҳамин тавр мешавад».

9 Никудимус пурсид: «Ин чӣ хел мешавад?»

10 Исо дар ҷавоби ӯ гуфт: «Ту устоди мардуми Исроил ҳастӣ ва магар ин чизҳоро намедонӣ?

11 Ба ту сухани ҳақ ва ростро мегӯям, Мо чизи медонистагиамонро мегӯем ва дар бораи чизи дидаамон шаҳодат медиҳем, лекин шумо шаҳодати Моро қабул намекунед.

12 Агар шумо ба чизҳои заминие, ки дар бораашон ба шумо гуфтам, бовар накунед, пас, вақте ки дар бораи чизҳои осмонӣ мегӯям, ба Ман чӣ тавр бовар мекунед?

13 Ғайр аз Писари Одамизод, ки аз осмон фаромадааст, ҳеҷ каси дигар ба осмон набаромадааст.

14 Чӣ тавре ки Мусо дар биёбон мори биринҷиро дар чӯб боло бардошта буд, ҳамон тавр Писари Одамизод ҳам бояд боло бардошта шавад,

15 то ҳар касе, ки ба Ӯ имон меоварад, ҳаёти абадӣ дошта бошад.

16 Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари Ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, намирад, балки ҳаёти абадӣ дошта бошад.

17 Зеро Худо Писарро на барои ҳукм кардани ҷаҳон фиристод, балки барои он, ки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад.

18 Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, ҳукм карда намешавад, аммо ҳар кӣ имон наоварад, аллакай ҳукм карда шудааст, чунки ба номи Писари Ягонаи Худо имон наовардааст.

19 Ҳукм ин аст, ки нур ба ҷаҳон омад, вале мардум торикиро аз нур зиёдтар дӯст доштанд, зеро корҳои онҳо бад аст.

20 Ҳар касе, ки кори бад мекунад, аз нур нафрат дорад ва ба сӯи нур намеояд, то ки корҳои бади ӯ ошкор нашаванд.

21 Аммо ҳар касе ки кори дуруст мекунад, ба сӯи нур меояд, то ки корҳои бо ёрии Худо кардааш маълум шаванд».

22 Баъд аз он Исо бо шогирдони Худ ба сарзамини Яҳудия рафта, ҳамроҳи онҳо дар он ҷо монда, мардумро таъмид медод.

23 Яҳё бошад, ин вақт дар шаҳраки Энуни наздики Солим, ки дар он ҷо об фаровон буд, ба таъмид додан машғул буд. Мардум ба назди ӯ меомаданду таъмид мегирифтанд.

24 Он вақт Яҳёро ҳанӯз ба зиндон наандохта буданд.

25 Боре дар байни шогирдони Яҳё ва як нафар аз яҳудиён дар масъалаи қоидаҳои шустушӯйӣ баҳс пайдо шуд.

26 Онҳо ба назди Яҳё омада, ба ӯ гуфтанд: «Устод, он касе, ки дар соҳили шарқии Урдун бо ту буд ва ту дар борааш шаҳодат дода будӣ, Ӯ ҳам таъмид дода истодааст ва ҳама пеши Ӯ мераванд!»

27 Яҳё ҷавоб дод: «Инсон фақат он чизро дошта метавонад, ки аз осмон ба ӯ ато шудааст.

28 Шумо худатон шоҳид ҳастед, ман гуфта будам, ки „Ман Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо нестам“, аммо пеш аз Ӯ фиристода шудаам.

29 Шахсеро, ки арӯс дорад, домод меноманд ва дӯсти домод бошад, дар паҳлуи ӯ истода, овози домодро шунида, хурсанд мешавад. Ҳамин тавр, хурсандии ман беҳадду канор аст.

30 Ӯ бояд боз ҳам бузургтар шавад, аммо ман боз ҳам хурдтар.

31 Касе, ки аз боло меояд, аз ҳама бузургтар аст. Касе, ки аз замин аст, худ заминист ва чун заминӣ сухан мегӯяд. Аммо касе, ки аз осмон меояд, аз ҳама болотар аст.

32 Ӯ дар бораи он чи Худ дидаасту шунидааст, шаҳодат медиҳад, аммо шаҳодати Ӯро ҳеҷ кас қабул намекунад.

33 Вале ҳар касе, ки шаҳодати Ӯро қабул мекунад, бо ин тасдиқ мекунад, ки Худо ҳамеша ҳақ аст.

34 Шахси Фиристодашудаи Худо суханони Худоро мегӯяд, чунки Худо Рӯҳашро беандоза мебахшад.

35 Падар Писарро дӯст медорад ва ҳама чизро ба дасти Ӯ супоридааст.

36 Ҳар кӣ ба Писари Худо имон меоварад, соҳиби ҳаёти абадӣ мешавад, аммо ҳар кӣ ба Писар итоат намекунад, ҳеҷ гоҳ ҳаёти абадиро намебинад ва гирифтори ғазаби Худо мегардад».

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21