меню

Инҷили Юҳанно 18 Боб


1 Пас аз ин суханон Исо ҳамроҳи шогирдонаш баромада, ба канори дигари водии Қидрӯн гузашт. Дар он ҷо боғе буд ва Исо бо шогирдонаш ба он боғ даромад.

2 Яҳудо, ки ба Исо хиёнат кард, он ҷоро медонист, чунки Исо ва шогирдонаш бисёр вақт дар он ҷо ҷамъ меомаданд.

3 Инак, Яҳудо бо худ дастаи аскарони румӣ ва посбононро, ки аз тарафи коҳинони калон ва фарисиён фиристода шудаанд, ба он ҷо овард. Онҳо ҳама силоҳдор буданд ва дар даст чароғу машъал бардошта меомаданд.

4 Исо медонист, ки бо Ӯ чӣ ҳодиса рӯй медиҳад, бинобар ин ба пеши онҳо баромада пурсид: «Шумо киро ҷустуҷӯ мекунед?»

5 Онҳо ҷавоб доданд: «Исои Носириро». «Ин Ман ҳастам», – ҷавоб дод Исо. Яҳудо, ки ба Исо хиёнат кард, низ ҳамроҳи онҳо буд.

6 Ҳамин ки Исо «Ин Ман ҳастам» гуфт, онҳо ақибнокӣ рафта, ба замин афтоданд.

7 Исо боз аз онҳо пурсид: «Шумо киро ҷустуҷӯ мекунед?» «Исои Носириро», – гуфтанд онҳо.

8 «Ман ба шумо гуфтам, ки ин Ман ҳастам. Агар барои шумо Ман лозим бошам, пас монед, ки ин одамон раванд».

9 Ӯ ин тавр гуфт, то ки суханони «Аз он касоне, ки Ту ба Ман бахшидӣ, касеро аз даст надодам» гуфтааш иҷро шаванд.

10 Шимъуни Петрус, ки шамшер дошт, онро аз ғилоф кашида, ғуломи саркоҳинро заду гӯши рости ӯро бурида партофт. Он ғулом Малхус ном дошт.

11 Исо ба Петрус гуфт: «Шамшератро ба ғилофаш андоз! Наход ки аз косаи ранҷу азобе, ки Падарам ба Ман додааст, нанӯшам?!»

12 Он гоҳ дастаи аскарони румӣ бо фармондеҳи худ ва посбонони яҳудӣ Исоро дастгир карда бастанд.

13 Аввал Ӯро назди Ҳонон, падарарӯси Қаёфо бурданд, ки ҳамон сол саркоҳин буд.

14 Қаёфо ин ҳамон шахсе буд, ки ба сардорони яҳудӣ маслиҳат дод, ки агар ба ҷойи тамоми мардум як нафар бимирад, беҳтар аст.

15 Шимъуни Петрус ва як шогирди дигари Исо аз паси Ӯ рафтанд. Он шогирд бо саркоҳин ошноӣ дошт, бинобар ин ҳамроҳи Исо ба ҳавлии саркоҳин даромад.

16 Вале Петрус дар беруни ҳавлӣ, дар назди дарвоза истод. Пас он шогирде, ки бо саркоҳин ошноӣ дошт, баромада, бо канизаке, ки дарбон буд, гуфтугӯ карда, Петрусро ба ҳавлӣ даровард.

17 Канизаке, ки дарбон буд, ба Петрус гуфт: «Оё ту яке аз шогирдони он Кас нестӣ?» «Не, нестам», – ҷавоб дод Петрус.

18 Азбаски ҳаво хунук буд, хизматгорон ва посбонон гулхан даргиронда, дар гирди он худро гарм мекарданд. Петрус низ дар паҳлуи онҳо истода, худро гарм мекард.

19 Саркоҳин аз Исо дар бораи шогирдон ва таълимоти Ӯ пурсуҷӯ кард.

20 Исо дар ҷавоб гуфт: «Ман дар пеши ҳама ошкоро сухан гуфта будам. Ман доимо дар ҷамоатхонаҳо ва дар маъбади Худо, ки ҳамаи мардум ҷамъ мешаванд, таълим медодам ва пинҳонӣ чизе нагуфтаам.

21 Пас чаро шумо аз Ман мепурсед? Аз шунавандагон бипурсед, ки Ман дар бораи чӣ ба онҳо гуфта будам. Онҳо медонанд, ки Ман чӣ гуфтаам».

22 Ҳангоме ки Ӯ ин суханонро гуфт, яке аз посбонони дар паҳлуяш истода Исоро торсакӣ зада гуфт: «Ту чӣ хел ба саркоҳин ҷавоб дода истодаӣ?!»

23 «Агар чизе нодуруст гуфта бошам, бигӯ, ки Ман чӣ хато кардам, – ҷавоб дод Исо. – Вале агар дуруст гуфта бошам, чаро Маро мезанӣ?»

24 Он гоҳ Ҳонон Исои дастбастаро ба назди Қаёфои саркоҳин фиристод.

25 Шимъуни Петрус бошад, дар ҷойи пештарааш истода, худро гарм мекард. Аз ӯ пурсиданд: «Магар ту ҳам аз шогирдони Ӯ нестӣ?» Вале Петрус инро инкор карда, «не» ҷавоб дод.

26 «Магар туро дар боғ бо Ӯ надида будам?» – гуфт яке аз хизматгорони саркоҳин, хеши ҳамон касе, ки гӯшашро Петрус бурида буд.

27 Петрус боз инкор кард. Ҳамон лаҳза хурӯс ҷеғ зад.

28 Пагоҳии барвақт Исоро аз назди Қаёфо ба дарбори ҳокими румӣ бурданд. Онҳое, ки Ӯро оварданд, ба хотири он ки ҳаром нашаванду хӯроки иди Наҷотро хӯрда тавонанд, ба дарбор надаромаданд.

29 Пас Пилотус ба назди онҳо баромада гуфт: «Айби ин Одам дар чист?»

30 Онҳо ҷавоб доданд: «Агар Ӯ ҷинояткор намебуд, магар Ӯро ба дасти шумо месупоридем?»

31 «Худатон Ӯро гирифта аз рӯйи шариататон ҳукм кунед», – гуфт ба онҳо Пилотус. «Ба мо раво нест, ки касеро ба қатл расонем», – ҷавоб доданд роҳбарони яҳудӣ.

32 Ҳамаи ин барои он рӯй дод, то суханони Исо, ки дар бораи чӣ хел мурданаш гуфта буд, иҷро шаванд.

33 Пилотус ба қаср баргашт ва Исоро ҷеғ зада гуфт: «Магар Ту Шоҳи яҳудиён ҳастӣ?»

34 Исо дар ҷавоб гуфт: «Ту ин саволро аз худат мегӯйӣ ё дигарон дар бораи Ман ба ту гуфтанд?»

35 Пилотус ҷавоб дод: «Магар ман яҳудӣ ҳастам? Халқ ва коҳинони калони Худат Туро дошта, ба дасти ман супориданд. Ту чӣ кор кардӣ?»

36 Исо гуфт: «Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест. Агар Подшоҳии Ман ба мисли подшоҳии ин ҷаҳон мебуд, хизматгоронам барои Ман меҷангиданд, то ки Ман ба дасти ҳукуматдорони яҳудӣ таслим карда нашавам. Не, Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест».

37 «Пас Ту Шоҳ ҳастӣ?» – пурсид аз Ӯ Пилотус. Исо ҷавоб дод: «Ту мегӯйӣ, ки Ман подшоҳ ҳастам. Ман барои он таваллуд шуда ба ин ҷаҳон омадаам, ки дар бораи ҳақиқат шаҳодат диҳам. Ҳар кӣ тарафдори ҳақиқат бошад, Маро гӯш мекунад».

38 «Ҳақиқат чист?» – пурсид аз Ӯ Пилотус. Ин суханонро гуфта, Пилотус боз ба назди яҳудиён баромада гуфт: «Ман дар Ӯ ҳеҷ айбе наёфтам.

39 Лекин шумо як анъана доред, ки ҳар иди Наҷот ман бароятон як маҳбусеро озод мекунам. Мехоҳед, ки бароятон Шоҳи яҳудиёнро озод кунам?»

40 Онҳо дод зада, ҷавоб доданд: «Не, на Ӯро, балки Барабборо озод кун!» Бараббо як марди роҳзан буд.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21