меню

Инҷили Юҳанно 21 Боб


1 Баъд аз ин Исо дар канори баҳри Табария бори дигар ба шогирдони Худ зоҳир шуд. Зоҳир шудани Ӯ ин тавр ба амал омад:

2 Шимъуни Петрус, Тумо, ки боз Дугоник номида мешуд, Натаноил, ки аз аҳли Қонои Ҷалил буд, ду писари Забдой ва ду шогирди дигари Ӯ – ҳама дар як ҷо ҷамъ омада буданд.

3 Шимъуни Петрус ба онҳо гуфт: «Ман ба сайди моҳӣ меравам». «Мо ҳам ҳамроҳи ту меравем», – гуфтанд дигарон. Онҳо рафта ба қаиқ савор шуданд, аммо он шаб чизе сайд накарданд.

4 Вақти баромади офтоб Исо дар соҳил истода буд. Аммо шогирдон нафаҳмиданд, ки ин Исо аст.

5 Исо аз онҳо пурсид: «Эй бародарон, ягон моҳӣ сайд кардед?» «Не», – ҷавоб доданд онҳо.

6 Вай ба онҳо гуфт: «Тӯрро аз тарафи рости қаиқ партоед ва моҳӣ медоред». Онҳо тӯр партофтанду аз сабаби зиёд будани моҳӣ онро ба қаиқ кашида натавонистанд.

7 Он шогирде, ки Исо ӯро дӯст медошт, ба Петрус «Ин Худованд Исо аст!» гуфт. Ҳамин ки Шимъуни Петрус шунид, ки ин Худованд аст, либосашро пӯшида, чунки либосашро кашида буд, худро ба об партофт.

8 Шогирдони дигар бо қаиқ ба тарафи соҳил ҳаракат карда, тӯри пур аз моҳиро аз паси худ кашида оварданд. Онҳо аз соҳил на он қадар дур буданд, тахминан дар масофаи сад қадам.

9 Вақте онҳо ба соҳил расиданд, гулханеро диданд, ки рӯйи он моҳӣ гузошта шудааст ва дар паҳлӯи он нон ҳам буд.

10 Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Аз моҳиҳои сайд кардаатон биёред».

11 Шимъуни Петрус ба қаиқ даромада, тӯри пур аз яксаду панҷоҳу се моҳии калонро ба соҳил кашида баровард. Бо вуҷуди ин қадар зиёд будани моҳӣ тӯр канда нашуд.

12 Исо ба онҳо гуфт: «Биёед ва ноништа кунед». Аз шогирдон касе ҷуръат накард, ки «Ту кистӣ?» гуфта бипурсад, чунки онҳо фаҳмиданд, ки ин Худованд аст.

13 Он гоҳ Исо пеш омада, нонро гирифту дар байни онҳо тақсим кард, инчунин, моҳиҳоро ҳам.

14 Ин бори сеюм буд, ки Исо баъд аз зинда шуданаш аз мурдагон, Худро ба шогирдон нишон дод.

15 Баъд аз хӯрдани хӯрок Исо ба Шимъуни Петрус гуфт: «Эй Шимъуни писари Юҳанно, оё ту Маро аз онҳо бештар дӯст медорӣ?» «Бале, Худованд, Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам», – ҷавоб дод Петрус. «Барраҳои Маро бичарон», – гуфт Исо.

16 Бори дуюм Исо ба ӯ гуфт: «Эй Шимъуни писари Юҳанно, ту Маро дӯст медорӣ?» «Бале, Худованд, Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам», – ҷавоб дод Петрус. «Гӯсфандони Маро чӯпонӣ кун», – гуфт Исо.

17 Бори сеюм Исо ба ӯ гуфт: «Эй Шимъуни писари Юҳанно, ту Маро дӯст медорӣ?» Петрус ғамгин шуд, ки Исо бори сеюм аз ӯ мепурсад, ки Ӯро дӯст медорад ё не. «Худованд, ба Ту ҳама чиз маълум аст, – гуфт ӯ ба Исо. – Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам». Исо ба ӯ гуфт: «Гӯсфандони Маро бичарон.

18 Ба ту сухани ҳақ ва ростро мегӯям, вақте ки ҷавон будӣ, худат камарбандатро баста ба ҳар ҷое, ки мехостӣ, мерафтӣ, вале вақте ки пир мешавӣ, дастҳои худро дароз мекунӣ ва каси дигар камарбандатро баста ба ҷое, ки намехоҳӣ, туро мебарад».

19 Бо ин суханон Исо ба Петрус фаҳмонд, ки чӣ гуна мурдани Петрус Худоро шуҳрату ҷалол хоҳад дод. Баъд ба Петрус гуфт: «Аз паси Ман биё».

20 Петрус ба ақиб нигоҳ карда, шогирдеро дид, ки Исо ӯро дӯст медошт. Ӯ аз паси онҳо меомад. Ин ҳамон шогирде буд, ки дар вақти таоми шом хӯрдан ба Исо такя карда пурсида буд: «Эй Хоҷа, кӣ ба Ту хиёнат мекунад?»

21 Инак, Петрус ӯро дида, аз Исо пурсид: «Эй Худованд, бо ӯ чӣ мешавад?»

22 Исо ҷавоб дод: «Агар Ман хоҳам, ки ӯ то вақти бозгаштанам зинда монад, ин ба ту чӣ дахл дорад? Ту аз паси Ман биё!»

23 Бинобар ин дар байни имондорон овозае паҳн шуд, ки гӯё он шогирд намемирад. Аммо Исо ба ӯ нагуфт, ки ӯ намемирад. Ӯ фақат гуфт, ки «Агар Ман хоҳам, ки ӯ то бозгаштанам зинда монад, ин ба ту чӣ дахл дорад?»

24 Ин ҳамон шогирдест, ки ҳамаи инро навиштааст ва дар бораи ин чизҳо шаҳодат медиҳад ва мо медонем, ки шаҳодати ӯ рост аст.

25 Инчунин Исо боз бисёр корҳои дигареро ҳам кардааст. Агар ҳамаи онҳо навишта мешуданд, ба гумонам дар тамоми олам барои ин қадар китоби навишташуда ҷой ёфт намешуд.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21