меню

Инҷили Юҳанно 11 Боб


1 Марде, ки Элъозор ном дошт, бемор шуд. Ӯ аз деҳаи Байтанё буд, ки дар он Марям бо хоҳараш Марто зиндагӣ мекард.

2 Марям ҳамон зане буд, ки ба пойҳои Худованд Исо атриёт молида, онҳоро бо мӯйи сари худ хушк карда буд. Элъозори бемор бародари ӯ буд.

3 Хоҳарони Элъозор ба Исо чунин хабар фиристоданд: «Эй Хоҷа, он касе, ки Ту дӯст медорӣ, бемор аст».

4 Исо ин хабарро шунида гуфт: «Ин беморӣ на барои марг, балки барои шуҳрату ҷалоли Худо ва барои он аст, ки Писари Худо ба воситаи он шуҳрату ҷалоли Худро нишон диҳад».

5 Исо Мартову хоҳари ӯ ва Элъозорро дӯст медошт.

6 Вале аз бемории Элъозор хабардор шуда бошад ҳам, боз ду рӯзи дигар дар ҷое, ки буд, монд.

7 Баъд ба шогирдонаш гуфт: «Биёед, ба Яҳудия бармегардем».

8 «Устод, – гуфтанд шогирдони Ӯ, – навакак мардум Туро сангсор кардан мехостанд ва Ту боз ба он ҷо рафтанӣ ҳастӣ?»

9 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Магар рӯз аз дувоздаҳ соат иборат нест? Касоне, ки рӯзона роҳ мераванд, пешпо намехӯранд, чунки рӯшноии ин ҷаҳонро мебинанд.

10 Аммо касоне, ки шабона роҳ мераванд, пешпо мехӯранд, чунки равшанӣ надоранд».

11 Исо инро гуфта, давом дод: «Дӯсти мо Элъозор хобидааст, лекин Ман рафта, ӯро бедор мекунам».

12 Шогирдон ба Ӯ гуфтанд: «Хоҷа, агар ӯ хоб рафта бошад, сиҳат мешавад».

13 Исо марги Элъозорро дар назар дошт, аммо онҳо фикр мекарданд, ки Ӯ дар бораи хоби одӣ гап мезанад.

14 Он гоҳ Исо ошкоро ба онҳо гуфт: «Элъозор мурдааст,

15 вале Ман барои шумо хурсандам, ки дар он ҷо набудам, то ки имони шумо ба Ман қавитар гардад. Ҳоло бошад, биёед, назди ӯ меравем».

16 Он гоҳ Тумо, ки ӯро боз Дугоник меномиданд, ба шогирдони дигар гуфт: «Биёед, мо ҳам меравем, то ҳамроҳи Ӯ бимирем!»

17 Вақте ки Исо ба он ҷо расида омад, Ӯ фаҳмид, ки Элъозор аллакай чор рӯз дар қабр аст.

18 Деҳаи Байтанё аз Уршалим дур набуд, тақрибан дар масофаи се километр ҷойгир буд.

19 Бинобар ин бисёре аз яҳудиён ба назди Марто ва Марям омаданд, то ки барои марги бародарашон ҳамдардиашонро изҳор намоянд.

20 Марто чун хабари ба назди онҳо омада истодани Исоро шунид, ба пешвози Ӯ берун баромад, вале Марям дар хона монд.

21 Марто ба Исо гуфт: «Хоҷа, агар Ту дар ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд!

22 Аммо медонам, ки ҳоло ҳам ҳар чи аз Худо талаб кунӣ, ба Ту медиҳад».

23 «Бародарат зинда мешавад», – гуфт ба ӯ Исо.

24 «Медонам, ки дар рӯзи қиёмат, ҳангоми зинда шудани мурдагон вай ҳам зинда мешавад», – ҷавоб дод Марто.

25 Исо гуфт: «Ман Ҳамоне ҳастам, ки мурдагонро зинда мекунад ва ҳаёт мебахшад! Касе ки ба Ман имон дорад, бимирад ҳам, зинда мешавад.

26 Инчунин, ҳар касе ки дар Ман зиндагӣ мекунад ва ба Ман имон меоварад, ҳаргиз намемирад. Ту ба ин бовар мекунӣ?»

27 «Бале, Хоҷа, – ҷавоб дод Марто, – ман бовар мекунам, ки Ту Масеҳ ва Писари Худо ҳастӣ, ки бояд ба ҷаҳон ояд».

28 Инро гуфта, Марто рафт ва хоҳари худ Марямро ҷеғ зада, фақат ба ӯ гуфт: «Устод омадааст ва туро даъват мекунад».

29 Марям инро шунида, зуд аз ҷояш бархест ва ба назди Исо рафт.

30 Исо ҳанӯз ба деҳа надаромада буд, балки дар ҳамон ҷое монд, ки Марто ба пешвозаш баромада буд.

31 Дар хона ҳамроҳи Марям яҳудиёне буданд, ки ӯро дилбардорӣ мекарданд. Вақте онҳо диданд, ки Марям зуд аз ҷояш хеста аз хона баромад, гумон карданд, ки вай ба сари қабр рафта, гиря мекунад ва аз паси ӯ равона шуданд.

32 Вақте Марям ба он ҷое, ки Исо буд, омада Ӯро дид, худро пеши пойҳояш партофта гуфт: «Хоҷа, агар Ту дар ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд».

33 Вақте Исо Марям ва одамони ҳамроҳаш омадаро гирён дид, оҳи аламнок кашид ва дилаш пур аз хашму ғам шуда

34 гуфт: «Шумо ӯро дар куҷо гузоштед?» Онҳо ҷавоб дода гуфтанд: «Рафтем, Хоҷа, нишон медиҳем».

35 Аз чашмони Исо ашк ҷорӣ шуд.

36 Он гоҳ яҳудиён гуфтанд: «Бубинед, ки Ӯ чӣ қадар Элъозорро дӯст медошт!»

37 Лекин баъзеи онҳо гуфтанд: «Ӯ, ки чашмони кӯрро бино карда буд, магар коре карда наметавонист, ки Элъозор ҳам намурад?»

38 Исо бори дигар пур аз хашму ғам шуда, ба сари қабр омад. Ин як ғоре буд, ки дар даромадгоҳи он санг гузошта шуда буд.

39 «Сангро дур кунед!» – гуфт Исо. Марто, хоҳари шахси мурда ба Ӯ гуфт: «Хоҷа, охир аз мурдани ӯ аллакай чор рӯз гузаштааст ва бӯй гирифтааст».

40 Исо ба ӯ гуфт: «Магар Ман ба ту нагуфта будам, ки агар имон оварӣ, шуҳрату ҷалоли Худоро мебинӣ?»

41 Сангро дур карданд. Исо ба боло нигоҳ карда гуфт: «Эй Падар, шукри Туро мекунам, ки дуои Маро шунидӣ.

42 Ман медонистам, ки Ту ҳамеша дуои Маро мешунавӣ, вале инро ба хотири мардуме, ки дар ин ҷо истодаанд, гуфтам, то онҳо имон оваранд, ки Маро Ту фиристодаӣ!»

43 Инро гуфта, бо овози баланд хитоб кард: «Эй Элъозор, берун баро!»

44 Мурда, ки дасту пойҳояш бо кафану рӯяш бо рӯймол печонда шуда буд, аз қабр баромад. Исо ба онҳо гуфт: «Дасту пойҳои ӯро кушоед, то ки роҳ равад!»

45 Бисёре аз яҳудиёне, ки назди Марям омада буданд, муъҷизаи Исоро дида ба Ӯ имон оварданд.

46 Аммо баъзе аз онҳо ба пеши фарисиён рафта, дар бораи корҳои Исо хабар доданд.

47 Он гоҳ коҳинони калон ва фарисиён маҷлиси шӯрои пиронро ҷамъ карда, гуфтанд: «Чӣ кор мекунем? Ин одам муъҷизаҳои зиёде нишон медиҳад.

48 Агар мо иҷозат диҳем, ки Ӯ кори Худро давом диҳад, ҳама ба Ӯ имон меоваранд. Он вақт румиён омада, маъбади моро ва ҳам халқамонро нест мекунанд».

49 Яке аз онҳо бо номи Қаёфо, ки дар он сол саркоҳин буд, гуфт: «Шумо ҳеҷ чизро намефаҳмед!

50 Магар аён нест, ки агар ба ҷойи тамоми мардум як нафар бимирад, беҳтар аст, аз он ки тамоми халқ нобуд шавад».

51 Қаёфо инро ба ихтиёри худ нагуфт, балки чун дар ҳамон сол саркоҳин буд, ӯ чунин пешгӯйӣ кард, ки Исо барои халқ мемирад.

52 Вале на танҳо барои халқи яҳудиён, инчунин барои муттаҳид гардондани тамоми фарзандони Худо, ки дар рӯйи замин парокандаанд, мемирад.

53 Аз ҳамон рӯз сар карда, онҳо роҳи чӣ тавр куштани Исоро фикр мекарданд.

54 Аз ин сабаб Исо дигар дар Яҳудия ошкоро намегашт. Вай аз он ҷо ба Эфроим ном шаҳре, ки дар наздикии биёбон ҷойгир шуда буд, рафта, бо шогирдонаш дар ҳамон ҷо монд.

55 Иди Наҷоти яҳудиён наздик мешуд ва аз гӯшаву канори мамлакат мардуми зиёд ба Уршалим равона шуданд, то пеш аз сар шудани ид расму ойини покшавиро ба ҷо оваранд.

56 Онҳо дар ҷустуҷӯи Исо буданду дар маъбади Худо аз ҳамдигар мепурсиданд: «Чӣ фикр доред, Ӯ ба ид намеояд?»

57 Зеро коҳинони калон ва фарисиён фармон бароварданд, ки агар касе дар куҷо будани Исоро донад, бояд ба онҳо хабар диҳад, то Ӯро дастгир кунанд.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21