меню

Инҷили Юҳанно 8 Боб

гузариш зуд:

1 Исо бошад, ба кӯҳи Зайтун рафт.

2 Саҳарии барвақт Ӯ боз ба маъбади Худо омад. Тамоми мардум ба наздаш омаданд ва Исо нишаста, ба таълим додани онҳо шурӯъ кард.

3 Дар ин вақт устодони шариату фарисиён ба назди Ӯ занеро оварданд, ки ҳангоми зино карданаш дастгир шуда буд. Ӯро дар пеши ҳама гузошта,

4 ба Исо гуфтанд: «Эй Устод, ин зан ҳангоми зино карданаш дастгир шудааст.

5 Мусо дар шариат фармудааст, ки чунин занон бояд сангсор карда шаванд. Ту чӣ мегӯйӣ?»

6 Онҳо ин суханонро барои ба дом афтондани Исо гуфтанд, то ки баъд Ӯро айбдор намоянд. Аммо Исо хам шуда бо ангушташ дар рӯйи замин чизе менавишт.

7 Азбаски онҳо савол доданро бас намекарданд, Исо бархеста, ба онҳо гуфт: «Касе ки дар байни шумо бегуноҳ бошад, бигзор аввалин шуда, ӯро бо санг занад!»

8 Исо боз хам шуда, дар рӯйи замин менавишт.

9 Мардум инро шуниданд ва аз калонсолон сар карда, аз паси якдигар баромада рафтанд. Он гоҳ Исо бо зане, ки дар пеши Ӯ истода буд, танҳо монд.

10 Ӯ сари Худро бардошта, аз зан пурсид: «Эй зан, ҳамаи онҳо куҷо шуданд? Магар касе туро айбдор накард?»

11 «Ҳеҷ кас, Хоҷа», – гуфт он зан. «Ман ҳам туро айбдор намекунам, – гуфт Исо. – Рав ва дигар гуноҳ накун».

12 Исо боз ба мардум гуфт: «Ман нури ҷаҳон ҳастам. Касе, ки аз паси Ман меравад, дар торикӣ намегардад, балки нури ҳаёт хоҳад дошт».

13 Фарисиён ба Ӯ гуфтанд: «Ту аз номи Худат шаҳодат медиҳӣ, бинобар ин, шаҳодати Ту эътибор надорад».

14 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ҳатто агар Ман аз номи Худам шаҳодат диҳам, шаҳодати Ман эътибор дорад, зеро Ман медонам, ки аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам, вале шумо инро намедонед.

15 Шумо аз рӯйи меъёри инсонӣ ҳукм мекунед, аммо Ман ҳеҷ касро ҳукм намекунам.

16 Агар Ман ҳукм кунам ҳам, ҳукми Ман ҳақ аст, чунки Ман танҳо нестам: Падаре, ки Маро фиристодааст, бо Ман аст.

17 Дар шариати шумо ҳам навишта шудааст, ки шаҳодати ду шоҳид эътибор дорад.

18 Ман аз номи Худам шаҳодат медиҳам ва Падаре, ки Маро фиристодааст, низ бар Ман шаҳодат медиҳад».

19 Бинобар ин, онҳо пурсиданд: «Падари Ту куҷост?» «Шумо на Маро мешиносед ва на Падарамро, – ҷавоб дод Исо. – Агар шумо Маро мешинохтед, Падари Маро низ мешинохтед».

20 Исо ин суханонро ҳангоме гуфта буд, ки дар назди хазинаи маъбади Худо таълим медод. Вале касе Ӯро дастгир накард, чунки вақту соати Ӯ ҳоло нарасида буд.

21 Исо боз ба онҳо гуфт: «Ман меравам ва шумо Маро ҷустуҷӯ мекунед, вале ба сабаби гуноҳатон хоҳед мурд. Инчунин, ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо омада наметавонед».

22 Роҳбарони яҳудӣ гуфтанд: «Ӯ „Ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо омада наметавонед“ гуфта, чиро дар назар дошт? Оё Ӯ худкушӣ кардан мехоҳад?»

23 Исо ба онҳо гуфт: «Шумо аз олами пойин ҳастед, вале Ман аз олами боло. Шумо аз ин ҷаҳон ҳастед, вале Ман аз ин ҷаҳон нестам.

24 Ман ба шумо гуфтам, ки „ба сабаби гуноҳҳоятон хоҳед мурд“. Зеро, агар имон наоваред, ки ин Ман ҳастам, шумо ҳатман дар гуноҳҳоятон мемиред!»

25 «Ту кистӣ?» – пурсиданд онҳо аз Исо. Ӯ ҷавоб дод: «Ман ҳамонам, ки аз аввал ба шумо гуфта будам.

26 Ман барои айбдор кардани шумо чизҳои зиёде гуфта метавонам, вале касе, ки Маро фиристодааст, ҳақ аст ва Ман он чиро, ки аз Ӯ шунидам, ба ҷаҳон эълон мекунам».

27 Онҳо нафаҳмиданд, ки Вай ба онҳо дар бораи Падар мегуфт.

28 Инак, Исо давом дода гуфт: «Вақте ки Писари Одамизодро дар салиб боло мебардоред, мефаҳмед, ки ин Ман ҳастам ва аз Худ ҳеҷ кореро намекунам, фақат он чизҳоеро мегӯям, ки Падар ба Ман таълим додааст.

29 Фиристандаи Ман бо Ман аст, Ӯ Маро танҳо нагузоштааст, зеро Ман ҳамеша кори табъи дили Ӯро мекунам».

30 Бисёр касон аз рӯйи ин суханон ба Ӯ имон оварданд.

31 Пас Исо ба онҳое, ки ба Ӯ бовар карданд, гуфт: «Агар шумо гуфтаҳои Маро риоя кунед, шогирдони ҳақиқии Ман мешавед

32 ва ҳақиқатро мефаҳмед ва ин ҳақиқат шуморо озод мекунад».

33 Онҳо гуфтанд: «Мо аз авлоди Иброҳим ҳастем ва ҳаргиз ғуломи касе набудем! Пас, „озод хоҳед шуд“ гуфта, чиро дар назар дорӣ?»

34 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ҳар касе ки гуноҳ мекунад, ғуломи гуноҳ аст.

35 Ғулом аъзои доимии хонадон нест, аммо писар ҳамеша аъзои хонадон мемонад.

36 Агар Писар шуморо озод кунад, он вақт ҳақиқатан озод хоҳед шуд.

37 Ман медонам, ки шумо аз авлоди Иброҳим ҳастед, бо вуҷуди он шумо барои куштани Ман тайёред, чунки суханони Маро қабул намекунед.

38 Ман ба шумо чизҳоеро мегӯям, ки дар назди Падарам дидаам, шумо бошед, он кореро мекунед, ки аз падари худ шунидаед».

39 «Падари мо Иброҳим аст!» – ба Ӯ ҷавоб доданд онҳо. Исо ба онҳо гуфт: «Агар шумо ҳақиқатан аз авлоди Иброҳим мебудед, корҳои Иброҳимро ба ҷо меовардед.

40 Вале шумо Маро, ки ростиро аз Худо шунида, ба шумо гуфтам, куштан мехоҳед! Иброҳим чунин корро накардааст!

41 Шумо корҳои падари худро ба ҷо меоваред!» «Мо-ку ҳаромзода нестем! – гуфта ба ғазаб омаданд онҳо, – мо як падар дорем, ки Ӯ Худо аст!»

42 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Агар Худо падари шумо мебуд, шумо Маро дӯст медоштед, зеро Ман аз ҷониби Худо омадаам. Ман худсарона наомадаам, балки Ӯ Маро фиристодааст.

43 Чаро шумо суханони Маро намефаҳмед? Чунки шумо тоқати шунидани онҳоро надоред!

44 Падари шумо шайтон аст ва шумо хоҳишҳои падари худро иҷро кардан мехоҳед. Ӯ аз ибтидо одамкуш буд ва ҳеҷ гоҳ рост нагуфтааст, зеро дар ӯ ҳақиқат нест. Дурӯғ гуфтан ба ӯ хос аст, ӯ дурӯғ мегӯяд, чунки ӯ дурӯғгӯй ва падари ҳамаи дурӯғҳост.

45 Лекин, азбаски Ман рост мегӯям, шумо ба Ман имон намеоваред.

46 Кадоме аз шумо метавонад Маро дар ягон гуноҳ айбдор кунад? Пас, агар Ман ба шумо ростиро гӯям, чаро ба Ман имон намеоред?

47 Касе ки аз Худо бошад, ба каломи Худо гӯш медиҳад. Шумо аз он сабаб гӯш намедиҳед, ки аз Худо нестед».

48 Мардум ба Ӯ гуфтанд: «Магар мо нагуфтем, ки Ту сомарӣ ҳастӣ ва ҷин дорӣ?»

49 Исо ҷавоб дод: «Ман ҷин надорам, балки Падари Худро ҳурмат мекунам, вале шумо Маро бадном мекунед.

50 Ман дар ҷустуҷӯи шуҳрат ҷалоли Худ нестам, Каси дигаре дар ҷустуҷӯи он аст ва Ӯ Ҳукмкунанда мебошад.

51 Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям: касе ки гуфтаҳои Маро иҷро мекунад, ҳаргиз нахоҳад мурд».

52 Онҳо ба Вай гуфтанд: «Акнун мо аниқ фаҳмидем, ки Ту ҷин дорӣ. Аҷдоди мо Иброҳим мурд ва пайғамбарон ҳам мурданд. Вале Ту мегӯйӣ, ки касе суханони Туро иҷро кунад, ҳаргиз намемирад.

53 Иброҳим мурд, магар Ту аз ӯ бузургтар ҳастӣ?! Пайғамбарон ҳам мурдаанд. Ту Худро кӣ ҳисоб мекунӣ?!»

54 Исо ҷавоб дод: «Агар Ман Худро шуҳрату ҷалол медодам, шуҳрату ҷалоли Ман арзише намедошт. Аммо Маро Падарам шуҳрату ҷалол медиҳад, ки шумо Ӯро Худои худ мехонед!

55 Шумо ҳеҷ вақт Ӯро намешинохтед, вале Ман Ӯро мешиносам. Агар Ман мегуфтам, ки Ӯро намешиносам, монанди шумо дурӯғгӯй мешудам. Вале Ман Ӯро мешиносам ва гуфтаҳои Ӯро ба ҷо меорам.

56 Падари шумо Иброҳим шод буд, ки рӯзи омадани Маро мебинад. Вай ин рӯзро дид ва хурсанд шуд!»

57 «Ту ҳанӯз панҷоҳсола нашудаӣ ва наход Иброҳимро дида бошӣ?!» – гуфтанд одамон.

58 Исо ҷавоб дод: «Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ки ҳанӯз пеш аз таваллуд шудани Иброҳим Ман ҳастам».

59 Он гоҳ онҳо барои сангсор кардани Ӯ санг гирифтанд, вале Исо Худро пинҳон карда, аз маъбади Худо баромада рафт.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21