1 Фарисиён шуниданд, ки Исо аз Яҳё бештар шогирд дошт ва бештар мардумро таъмид медод,
2 ҳол он ки на Худи Исо, балки шогирдони Ӯ мардумро таъмид медоданд.
3 Вақте ки Исо дар бораи ин фаҳмид, Ӯ Яҳудияро тарк кард ва боз ба сӯи Ҷалил равона шуд.
4 Роҳи Ӯ аз вилояти Сомара мегузашт.
5 Инак, Исо ба Сухар ном шаҳри Сомара омада расид. Он дар наздикии заминест, ки Яъқуб ба писари худ Юсуф дода буд.
6 Дар он ҷо чоҳи Яъқуб буд. Исо аз сафар монда шуда, барои дам гирифтан дар канори чоҳ нишаст. Вақт қариби нисфирӯзӣ буд.
7-8 Шогирдони Ӯ барои харидани хӯрокворӣ ба шаҳр рафтанд. Ҳамин вақт, як зани сомарӣ барои об ба сари чоҳ омад. Исо ба зан гуфт: «Барои нӯшиданам об деҳ».
9 Он зан ба Ӯ гуфт: «Чӣ тавр Ту, ки яҳудӣ ҳастӣ, аз ман, зани сомарӣ об мехоҳӣ?» Гап дар сари он аст, ки яҳудиён бо сомариён ҳеҷ рафтуомаде надоштанд ва ҳатто гап намезаданд.
10 Исо ҷавоб дод: «Агар ту медонистӣ, ки атои Худо чист ва Кӣ ба ту „барои нӯшиданам об деҳ“ мегӯяд, ту худат аз Ӯ об хоҳиш мекардӣ ва Ӯ ба ту оби ҳаёт медод».
11 Зан ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам, Ту сатил надорӣ, чоҳ бошад, чуқур аст. Пас аз куҷо оби ҳаёт мегирӣ?
12 Магар Ту аз падари мо Яъқуб, ки ин чоҳро ба мо додааст ва аз он худаш, писаронаш ва чорвояш об менӯшиданд, бузургтар ҳастӣ?»
13 Исо ҷавоб дод: «Ҳар касе, ки аз ин об нӯшад, боз ташна мемонад.
14 Аммо ҳар кӣ аз обе, ки Ман ба ӯ медиҳам, бинӯшад, ҳеҷ гоҳ ташна намемонад. Обе, ки Ман ба ӯ медиҳам, дар ботинаш чашмаи оби ҳаётбахш мегардад ва ӯро ба ҳаёти абадӣ мебарад».
15 Зан ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам, ба ман аз ин об деҳ, ки дигар ташна намонам ва барои об ба назди ин чоҳ наоям!»
16 Исо ба ӯ гуфт: «Рафта, шавҳаратро ҷеғ зада биё».
17 «Ман шавҳар надорам», – ҷавоб дод зан. Исо ба ӯ гуфт: «Рост гуфтӣ, ки шавҳар надорӣ.
18 Ту панҷ шавҳар доштӣ ва он марде, ки бо ӯ ҳоло зиндагӣ мекунӣ, шавҳари ту нест. Ин суханат рост аст».
19 Зан ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам, мебинам, ки Ту пайғамбар ҳастӣ.
20 Аҷдодони мо дар болои ин кӯҳ саҷда мекарданд, аммо шумо, яҳудиён мегӯед, ки одамон бояд дар Уршалим саҷда кунанд».
21 Исо ба ӯ дар ҷавоб гуфт: «Эй зан, ба Ман бовар кун, ки вақту соате фаро мерасад, ки ба Падари осмонӣ на дар болои ин кӯҳ ва на дар Уршалим саҷда хоҳед кард.
22 Шумо, сомариён намедонед, ки ба кӣ саҷда мекунед, аммо мо медонем, ки ба кӣ саҷда мекунем, зеро наҷот ба воситаи яҳудиён меояд.
23 Вале вақту соате меояд ва аллакай фаро расидааст, ки саҷдакунандагони ҳақиқӣ ба Падар дар рӯҳ ва ростӣ саҷда мекунанд, зеро Падар барои Худ чунин саҷдакунандагонро меҷӯяд!
24 Худо рӯҳ аст ва онҳое, ки ба Ӯ саҷда мекунанд, бояд дар рӯҳ ва ростӣ саҷда кунанд».
25 Зан ба Ӯ гуфт: «Медонам, ки Масеҳ бояд биёяд. Вақте ки Ӯ меояд, ҳама чизро ба мо мефаҳмонад».
26 «Ҳамон Кас Манам, ки бо ту суҳбат мекунам», – ҷавоб дод Исо.
27 Ҳамин вақт шогирдони Исо аз шаҳр баргашта, ҳайрон монданд, ки Исо бо зане суҳбат мекунад. Лекин касе напурсид, ки Исо чӣ мехоҳад ё чаро бо он зан суҳбат мекунад.
28 Зан кӯзаи худро монд ва ба шаҳр рафта, ба мардум гуфт:
29 «Рафтем, шахсеро мебинед, ки ҳар кори дар зиндагӣ кардаамро ба ман пурра гуфт. Шояд Ӯ Таъйиншудаи Худо бошад?»
30 Он гоҳ мардум аз шаҳр баромада ба назди Исо омаданд.
31 Дар ин миён шогирдон аз Исо хоҳиш карда, гуфтанд: «Устод, ягон чиз бихӯр!»
32 Исо ҷавоб дода, гуфт: «Ман хӯроке дорам, ки шумо аз он бехабаред».
33 Шогирдон боз ба ҳамдигар гуфтанд: «Шояд касе ба Ӯ хӯрок оварда бошад?»
34 Исо ба онҳо гуфт: «Хӯроки Ман ин аст, ки хости Фиристандаамро иҷро кунам ва кори Ӯро ба анҷом расонам.
35 Магар шумо намегӯед, ки „Баъд аз чор моҳи дигар мавсими дарав фаро мерасад?“ Аммо Ман ба шумо мегӯям, ки чашмонатонро кушода, ба киштзор нигоҳ кунед, ки он чӣ гуна пухта расида, барои дарав тайёр шудааст!
36 Даравгар ҳам музди худро мегирад ва ҳам барои ҳаёти абадӣ ҳосил ҷамъ мекунад, то ки ҳам коранда ва ҳам даравгар якҷоя хурсанд шаванд.
37 Ин ҷо чунин сухан бамаврид аст: „Яке мекораду дигаре медаравад“.
38 Ман шуморо барои даравидани ҳосиле фиристодам, ки шумо барои он заҳмат накашидаед, дигарон заҳмат кашидаанд, аммо шумо ба маҳсули меҳнати онҳо шарик шудаед».
39 Мардуми зиёде аз сомариёни ин шаҳр ба хотири суханони он зан, ки «ҳар кори дар зиндагӣ кардаамро ба ман пурра гуфт», ба Исо имон оварданд.
40 Вақте ки сомариён ба назди Исо омада, аз Ӯ хоҳиш карданд, ки ҳамроҳи онҳо бимонад, Ӯ ду рӯз дар он ҷо монд.
41 Он гоҳ шумораи зиёдтари мардум ба Исо аз рӯйи суханони Худи Ӯ имон оварданд.
42 Онҳо ба он зан гуфтанд: «Акнун мо на ба хотири суханони ту имон овардем, балки худамон суханҳояшро шунида, фаҳмидем, ки Вай ҳақиқатан Наҷотдиҳандаи ҷаҳон аст».
43 Баъд аз ду рӯз Исо аз он ҷо баромада, ба Ҷалил рафт.
44 Ӯ Худ шаҳодат медод, ки пайғамбар дар диёри худ қадр надорад.
45 Аммо, вақте ки Ӯ ба Ҷалил омад, мардуми он ҷо Ӯро қабул карданд, чунки онҳо ҳангоми ҷашни ид дар Уршалим буданд ва ҳамаи корҳоеро, ки Исо дар он ҷо карда буд, дида буданд.
46 Исо боз ба Қонои Ҷалил, ки пештар дар он ҷо обро ба шароб табдил дода буд, омад. Дар шаҳри Кафарнаҳум писари яке аз мансабдорони дарбор бемор буд.
47 Ин кас аз Яҳудия ба Ҷалил омадани Исоро шунида, ба назди Ӯ омад ва илтиҷо кард, ки ба Кафарнаҳум омада, писари ӯро, ки дар дами марг буд, шифо бахшад.
48 Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Эй одамон, то аломату муъҷизаҳоро набинед, имон намеоваред».
49 «Хоҷаам! Писарам ҳанӯз намурда биёед!» – гуфт мансабдор.
50 Исо гуфт: «Ба хонаат баргард, писарат зинда мемонад». Он мард ба суханони Исо имон оварда, ба хонааш рафт.
51 Ҳанӯз дар роҳ хизматгоронаш ӯро пешвоз гирифтанд ва гуфтанд, ки писараш сиҳат шуд.
52 Мансабдор аз онҳо пурсид, ки дар кадом соат ҳолаш хуб шуд. Онҳо ҷавоб дода гуфтанд: «Табаш дирӯз соати яки рӯз паст шуд».
53 Он гоҳ падари бача фаҳмид, ки ин дар ҳамон соате рӯй дод, ки Исо ба ӯ «писарат зинда мемонад» гуфта буд. Пас ӯ ва тамоми аҳли хонаводааш ба Исо имон оварданд.
54 Ин муъҷизаи дуюме буд, ки Исо баъди аз Яҳудия ба Ҷалил баргаштанаш нишон дода буд.
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21