меню

Инҷили Юҳанно 19 Боб

гузариш зуд:

1 Он вақт Пилотус фармуд, ки Исоро бо қамчин зананд.

2 Сарбозон аз хор тоҷе бофта, бар сари Ӯ гузоштанд ва ба Ӯ ҷомаи бунафшранг пӯшонданд.

3 Онҳо ба пеши Ӯ омада, «Зинда бод Шоҳи Яҳудиён!» мегуфтанду Ӯро торсакӣ мезаданд.

4 Пилотус боз берун баромада, ба онҳо гуфт: «Акнун ман ин одамро пеши шумо меорам. Бидонед, ки ман дар Ӯ ҳеҷ айбе наёфтам».

5 Исо берун баромад ва дар сар тоҷи хордору дар тан ҷомаи бунафшранг дошт. Пилотус ба онҳо гуфт: «Ана ин одам!»

6 Коҳинони калон ва посбонон Ӯро дида, фарёд карданд: «Ӯро ба салиб мехкӯб кунед! Ӯро мехкӯб кунед!» Пилотус ба онҳо гуфт: «Шумо худатон Ӯро гирифта, мехкӯб кунед! Зеро ман дар Ӯ ҳеҷ айбе наёфтам».

7 Онҳо ба ӯ ҷавоб доданд: «Мо дар шариат қонун дорем, ки мувофиқи он Ӯ бояд бимирад, чунки Худро Писари Худо эълон кардааст».

8 Вақте ки Пилотус инро шунид, аз пештара зиёдтар тарсид.

9 Ӯ боз ба дохили дарбор баргашта, аз Исо пурсид: «Ту аз куҷоӣ?» Вале Исо ҷавобе надод.

10 «Бо ман гап задан намехоҳӣ? – пурсид Пилотус. – Магар намедонӣ, ман қудрат дорам, ки Туро озод кунам ва қудрат дорам, ки Туро ба салиб мехкӯб кунонам?»

11 Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Агар ба ту аз боло қудрат дода намешуд, ту бар Ман ҳеҷ қудрат намедоштӣ. Бинобар ин касе, ки Маро ба ту таслим кардааст, гуноҳи бузургтаре дорад».

12 Аз ин лаҳза Пилотус кӯшиш кард, ки Ӯро озод кунад, вале мардум фарёд мезаданд: «Агар Ӯро озод кунӣ, ту дӯсти шоҳаншоҳ нестӣ! Касе, ки худро подшоҳ эълон мекунад, вай душмани шоҳаншоҳ аст!»

13 Вақте ки Пилотус ин суханонро шунид, Исоро берун овард ва дар ҷое ба номи Сангфарш, ки ба забони ибриён онро «Ҷабто» мегуфтанд, ба курсии ҳукмбарорӣ нишаст.

14 Арафаи иди Наҷот, қариби нисфирӯзӣ шуда буд. Пилотус ба мардум гуфт: «Ана Шоҳи шумо!»

15 Онҳо фарёд зада гуфтанд: «Нест кун! Нест кун! Ӯро мехкӯб кун!» «Шумо мехоҳед, ки ман Шоҳи шуморо мехкӯб кунам?» – гуфт Пилотус. Коҳинони калон ҷавоб доданд: «Мо ғайр аз шоҳаншоҳ подшоҳи дигаре надорем!»

16 Он гоҳ Пилотус Исоро барои мехкӯб кардан ба дасти сарбозон супорид.

17 Онҳо Исоро бурданд ва Ӯ то «Ҷойи косахонаи сар», ки ба забони ибриён «Ҷолҷото» ном дошт, салиби Худро бардошта, рафт.

18 Дар он ҷо Ӯро ба салиб мехкӯб карданд ва ҳамроҳи Ӯ боз ду нафари дигарро, якеро аз тарафи чап ва дигареро аз тарафи рост ба салибҳо мехкӯб карданд ва Исо дар мобайни онҳо буд.

19 Пилотус лавҳачаеро нависонда, ба салиб мехкӯб кунонд, ки дар он чунин навишта шуда буд: «Исои Носирӣ, Шоҳи Яҳудиён».

20 Одамони зиёд ин навиштаро хонданд, чунки ҷое, ки Исо мехкӯб шуд, аз шаҳр дур набуд ва он суханон ба забонҳои ибрӣ, лотинӣ ва юнонӣ навишта шуда буданд.

21 Коҳинони калони яҳудиён ба Пилотус гуфтанд: «„Шоҳи яҳудиён“ нанавис, балки бинавис, ки „Ин Одам «Ман Шоҳи яҳудиён ҳастам» мегуфт“».

22 «Ҳамон чи ки навиштам, мемонад», – ҷавоб дод Пилотус.

23 Баъд аз он ки сарбозон Исоро мехкӯб карданд, либоси Ӯро гирифта, аз рӯйи шумораи сарбозон ба чор қисм тақсим карданд. Куртаи Ӯро ҳам гирифтанд. Ин курта яклухт бофта шуда буд ва ҷойи дарз надошт.

24 Онҳо ба якдигар гуфтанд: «Биёед, инро пора намекунему қуръа партофта мебинем, ки соҳиби он кӣ мешавад». Дар навиштаҷот омадааст: «Куртаи Маро дар байни худ тақсим карданд ва бар либосҳоям қуръа партофтанд». Барои иҷро шудани ин навиштаҷот ҳамаи ин ба амал омад.

25 Чунин буд амали сарбозон. Дар назди салиби Исо модар ва холааш, Марями зани Клӯпо ва Марями Маҷдалия истода буданд.

26 Исо модари Худ ва дар назди ӯ шогирди дӯстдоштаашро дида, ба модараш гуфт: «Модар, ана ин писари туст».

27 Баъд ба он шогирд гуфт: «Ана, ин модари туст». Аз ҳамон вақт он шогирд модари Исоро ба хонаи худ бурд.

28 Баъд аз ин Исо донист, ки ҳама чиз иҷро шуд ва барои ба амал омадани пешгӯйии навиштаҷот гуфт: «Ташна мондам!»

29 Дар он ҷо як косаи пур аз сирко буд ва латтаеро гирифта, ба сирко тар карданд ва ба нӯги пояи растании зуфо гузошта, ба лабони Ӯ наздик оварданд.

30 Чун Исо сиркоро чашид, гуфт: «Иҷро шуд!» Баъд сар хам карда ҷон дод.

31 Он рӯзи тайёрӣ ба рӯзи шанбе буд, ки ба иди бузург рост омад. Бинобар ин сардорони яҳудӣ намехостанд, ки ҷасади мехкӯбшудагон дар салиб бимонад. Барои ҳамин онҳо аз Пилотус дархост карданд, ки пойҳои мехкӯбшудагонро шикананд ва ҷасади онҳоро аз салиб ба поён фароранд.

32 Сарбозон омада, аввал пойҳои шахси мехкӯбшудаи якум ва баъд мехкӯбшудаи дуюмро шикастанд.

33 Вале вақте ки ба Исо наздик омаданд, диданд, ки Ӯ мурдааст, бинобар ин пойҳои Ӯро нашикастанд.

34 Яке аз сарбозон бо найза ба паҳлуи Исо зад ва ҳамон дам аз бадани Ӯ хун ва об ҷорӣ шуд.

35 Касе, ки тамоми ин ҳодисаҳоро дидааст, шаҳодат медиҳад, то шумо низ имон оваред. Шаҳодати ӯ рост аст ва ӯ медонад, ки ҳақиқатро мегӯяд.

36 Ҳамаи ин барои он ба амал омад, ки гуфтаҳои навиштаҷот, ки «Ҳеҷ як устухони Ӯ шикаста нахоҳад шуд» иҷро шаванд.

37 Боз дар дигар ҷойи навиштаҷот гуфта шудааст, ки «Онҳо ба касе нигоҳ хоҳанд кард, ки Ӯро найза заданд».

38 Баъд аз он Юсуф, аз шаҳри Ромо, ки аз тарси роҳбарони яҳудӣ шогирди махфии Исо буд, аз Пилотус иҷозат хост, ки ҷасади Исоро гирад. Пилотус иҷозат дод ва ӯ омада, ҷасади Исоро гирифт.

39 Никудимус, ки пештар шабона ба дидани Исо омада буд, низ омад ва қариб сию чор кило мурри моеи хушбӯй бо гиёҳи дорувор омехтаро бо худ овард.

40 Онҳо аз рӯйи расми яҳудиён ҷасади Исоро гирифта, онро бо ҳамон равғанҳои хушбӯй молида, ба кафан печонданд.

41 Дар назди ҷойи мехкӯб шудани Исо боғе буд. Дар он боғ қабри наве буд, ки ҳанӯз касе дар он дафн нашуда буд.

42 Азбаски арафаи рӯзи шанбеи яҳудиён буд ва қабр ҳам наздик буд, Исоро дар он ҷо дафн карданд.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21