Инҷили Луқо 1 Боб
1-3 Муҳтарам Теофилус! Бисёр касон аз рӯйи нақлҳое, ки шоҳидону хизматчиёни аввалини хушхабар ба мо расондаанд, бо тартиб навиштани воқеаҳоеро сар карданд, ки дар байни мо рӯй дода буданд. Аз ин рӯ, ман ҳам ин воқеаҳоро аз аввал бодиққат омӯхта, лозим донистам, ки онҳоро бо тартиб ба шумо бинависам,
4 то дуруст будани таълимотеро, ки дар он тарбият ёфтаед, бидонед.
5 Дар замони ҳукмронии Ҳиродус – подшоҳи сарзамини Яҳудия, коҳине зиндагӣ мекард, ки аз авлоди Абиёи коҳин буд. Вай Закариё ном дошт ва занаш Элишабаъ аз авлоди Ҳоруни коҳин буд.
6 Ин зану шавҳар дар назари Худо росткор буданд ва тамоми фармону қонунҳои Худовандро пурра иҷро мекарданд.
7 Онҳо ягон фарзанд надоштанд, чунки Элишабаъ зани нозой буд, ғайр аз ин ҳар дуяшон аллакай пир шуда буданд.
8 Вақте ки навбати хизмат ба гурӯҳи Закариё расид, ӯ ҳамчун коҳин дар пеши Худо машғули иҷрои вазифааш шуд.
9 Мувофиқи расми коҳинон барои муайян кардани касе, ки ба маъбади Худованд даромада, хушбӯйиҳоро месӯзонад, қуръа партофтанд. Қуръа ба номи Закариё афтид.
10 Вақте ки Закариё машғули сӯзондани хушбӯйӣ буд, тамоми мардум дар берун истода дуо мекарданд.
11 Он вақт ба Закариё фариштаи Худованд зоҳир шуда дар тарафи рости қурбонгоҳ, ки дар он хушбӯйиҳо месӯзониданд, истод.
12 Ҳамин ки Закариё ӯро дид, ҳаросон шуд ва вуҷудашро воҳима зер кард.
13 Аммо фаришта ба ӯ гуфт: «Эй Закариё, натарс. Дуоят ба даргоҳи Худо қабул шуд. Ҳамсарат Элишабаъ писаре таваллуд мекунад ва ту ӯро Яҳё ном хоҳӣ гузошт.
14 Шодиву хурсандӣ насибат мегардад ва таваллуди ин кӯдак боиси хушнудии бисёриҳо мешавад,
15 зеро ӯ дар назари Худованд бузург хоҳад шуд. Ӯ бояд ҳеҷ вақт шаробу май нанӯшад. Вақте ки кӯдак ҳанӯз дар батни модараш аст, қудрати Рӯҳулқудс, яъне қудрати Рӯҳи Худо бо ӯ хоҳад буд.
16 Ӯ аз байни халқи Исроил бисёр касонро ба сӯи Худованд Худои онҳо бармегардонад.
17 Вай ҳам мисли Илёс пайғамбар дар рӯҳ ва қудрат пешопеши Худованд қадам мезанад, то ки дилҳои падаронро ба фарзандонашон наздик карда, саркашонро ба ҳикмати некӯкорон орад ва бо ин роҳ барои Худованд халқро тайёр кунад».
18 Закариё аз фаришта пурсид: «Аз куҷо мефаҳмам, ки ин иҷро мешавад? Охир ману занам пир шудаем».
19 Фаришта ба ӯ ҷавоб дод: «Ман Ҷаброил ҳастам ва дар ҳузури Худо меистам. Ӯ маро фиристод, то ки бо ту гап зада, ин хабари хушро ба ту бирасонам.
20 Вале чун ба суханонам, ки дар вақти муайяншуда иҷро хоҳанд шуд, бовар накардӣ, ҳоло гунг мешавӣ ва то он рӯзе, ки ҳамаи гуфтаҳоям ба амал наоянд, сухане гуфта наметавонӣ».
21 Мардуме, ки интизори Закариё буданд, ҳайрон шуданд, ки чаро ӯ аз маъбади Худо набаромада истодааст.
22 Ҳангоме ки Закариё берун омад, ӯ гап зада наметавонист ва онҳо фаҳмиданд, ки дар маъбади Худо ба вай чизе аён шудааст. Ӯ гунг шуда буд, аз ин сабаб, бо одамон бо имову ишора гап мезад.
23 Ҳамин ки вақти хизмати Закариё ба охир расид, вай ба хонааш баргашт.
24 Баъд аз ин зани вай Элишабаъ ҳомиладор шуд ва панҷ моҳ аз хона набаромад. Элишабаъ гуфт:
25 «Ин кори Худованд аст, Ӯ ба ман назар кард ва шармандагии маро аз миёни мардум бардошт».
26 Дар моҳи шашуми ҳомиладории Элишабаъ Худо фаришта Ҷаброилро ба шаҳри Носираи вилояти Ҷалил фиристод.
27 Ӯ ба назди Марям ном духтаре омад. Марям номзади Юсуф, як марде аз авлоди шоҳ Довуд буд.
28 Фаришта пеши Марям омада, гуфт: «Салом, эй писандидаи Худо! Худованд бо туст».
29 Марям аз ин суханони фаришта сахт дар ҳайрат афтода, худ ба худ фикр мекард, ки маънои ин салом чӣ бошад.
30 Фаришта бошад, ба ӯ гуфт: «Натарс, Марям, зеро ту ба Худо писанд омадӣ.
31 Ту ҳомиладор шуда, писаре таваллуд мекунӣ ва номашро Исо мегузорӣ.
32 Ӯ бузург мегардад ва Писари Худои Таоло хонда мешавад. Худованд Худо тахти аҷдодаш Довудро ба Ӯ медиҳад.
33 Ӯ то абад бар халқи Яъқуб ҳукмронӣ мекунаду подшоҳиаш ҳеҷ гоҳ ба охир намерасад».
34 Марям ба фаришта гуфт: «Ман чӣ тавр ҳомиладор мешавам, ки ҳанӯз духтар ҳастам?»
35 Фаришта ба ӯ ҷавоб дод: «Рӯҳулқудс вуҷудатро фаро мегирад ва қудрати Худои Таоло дар ту амал мекунад. Аз ин сабаб он кӯдаке, ки ту таваллуд мекунӣ, муқаддас ва Писари Худо номида хоҳад шуд.
36 Охир хеши ту Элишабаъ ҳам, ки ҳарчанд ӯро нозой мешумориданд, дар пиронсолӣ писардор мегардад ва аллакай моҳи шашуми ҳомиладориаш аст.
37 Барои Худо ҳеҷ чизи ғайриимкон нест!»
38 Марям гуфт: «Ман бандаи Худованд ҳастам ва бигзор ҳар чизе, ки гуфтед, иҷро шавад». Сипас фаришта аз пеши ӯ рафт.
39 Баъд аз ин Марям бошитоб ба шаҳре, ки дар кӯҳистони Яҳудия воқеъ буд, равона шуд.
40 Вақте ки ба он ҷо расид, ба хонаи Закариё даромада, бо Элишабаъ салом кард.
41 Чун Элишабаъ саломи Марямро шунид, тифл дар батнаш ба ҷунбиш омад ва Элишабаъ аз Рӯҳулқудс пур шуда,
42 бо овози баланд хитоб намуд: «Ту аз байни ҳамаи занони дунё бештар баракат ёфтаӣ ва он кӯдаке, ки дар батн дорӣ, баракат ёфтааст!
43 Ман кистам, ки модари Хоҷаам ба диданам омадааст?
44 Нигоҳ кун! Ҳамин ки саломи ту ба гӯшам расид, аз шодӣ кӯдак дар батнам ба ҷунбиш омад.
45 Хушбахт ҳастӣ ту, ки ба иҷро шудани гуфтаҳои Худованд бовар кардӣ».
46 Марям гуфт: «Ҷони ман Худовандро ситоиш мекунад
47 ва рӯҳам аз Худои Наҷотдиҳандаам шод аст,
48 чунки Худо ба ман барин канизи ночизаш назар кардааст. Баъд аз ин ҳамаи наслҳо маро хушбахт хоҳанд хонд,
49 зеро Худои Пурқудрат, ки номаш муқаддас аст, бароям корҳои бузурге кардааст.
50 Ӯ насл ба насл раҳму шафқати Худро ба касоне нишон медиҳад, ки худотарс ҳастанд.
51 Ӯ корҳои бузург нишон дод ва онҳоеро, ки дилашон мағрур буд, ба ҳар сӯ парешон сохт.
52 Ҳокимонро аз тахтҳояшон ба зер афканд, вале одамони хоксорро сарбаланд кард;
53 гуруснагонро аз нозу неъматҳояш сер намуда, сарватмандонро бо дасти холӣ ронд;
54-55 ба хотири раҳму шафқаташ, ҳамон тавре ки аҷдодони мо, яъне ба Иброҳим ва авлоди ӯ то абад ваъда дода буд, ба бандаи Худ Исроил ёрӣ расонд».
56 Марям қариб се моҳ дар назди Элишабаъ монд ва баъд ба хонаи худ баргашт.
57 Вақти таваллуд кардани Элишабаъ фаро расид ва ӯ писаре ба дунё овард.
58 Ҳамсояҳо ва хешовандонаш фаҳмиданд, ки Худованд дар ҳаққи вай раҳми бузурге кардааст ва ба шодии ӯ шарик шуданд.
59 Вақте ки кӯдак ҳаштрӯза шуд, ҳамаи онҳо ҷамъ шуданд, то дар рӯзи хатнаи кӯдак иштирок кунанд ва хостанд ӯро монанди падараш Закариё ном гузоранд.
60 Вале модараш гуфт: «Не, номи ӯ Яҳё мешавад».
61 Онҳо ба ӯ гуфтанд: «Охир, дар байни хешонат ҳеҷ кас ин хел ном надорад».
62 Баъд бо имову ишора аз Закариё пурсиданд, ки ӯ кӯдакро чӣ ном мондан мехоҳад?
63 Вай тахтачаеро талаб карда, ба рӯйи он навишт «Номи ӯ Яҳё аст» ва ҳама ҳайрон шуданд.
64 Ҳамин вақт забони Закарё кушода шуду ӯ ба гап даромада Худоро ҳамду сано хонд.
65 Ҳамаи ҳамсояҳо ба тарс афтоданд ва ин воқеаҳоро дар сар то сари кӯҳистони Яҳудия нақл мекарданд.
66 Онҳое, ки нақлашонро мешуниданд, дар дили худ чунин мегуфтанд: «Ин кӯдак кӣ мешуда бошад?!» Зеро маълум буд, ки қуввати Худованд бар ин кӯдак буд.
67 Падари кӯдак Закариё аз Рӯҳулқудс пур шуду пешгӯйӣ карда, чунин гуфт:
68 «Ҳамду сано ба Худованд Худои Исроил! Зеро Ӯ ба ёрии халқи Худ омада, онро озод кард.
69 Ӯ барои мо аз авлоди бандааш Довуд Наҷотдиҳандаи пурқудратро пайдо кард,
70 Чун аз қадим бо забони пайғамбарони муқаддаси Худ гуфта буд,
71 Ки моро аз душманонамон Ва аз дасти ҳамаи онҳое, ки моро бад мебинанд, наҷот медиҳад.
72-73 Ҳамин тавр, Ӯ аз рӯйи ваъдае, ки ба аҷдодонамон дода буд, Ба мо раҳму шафқат нишон дод. Инчунин Ӯ он аҳду паймони муқаддаси Худро аз хотир набаровард, Ки бо аҷдоди мо Иброҳим баста, қасам дод,
74-75 Ки моро аз дасти душманонамон раҳоӣ медиҳад, То ки тамоми умрамон бе тарсу ҳарос, дар покиву некукорӣ Ба Ӯ хизмат карда тавонем.
76 Пас, ту, эй фарзанд, пайғамбари Худои Таоло номида мешавӣ, Чунки барои тайёр кардани роҳи Худованд пешопеши Ӯ қадам мезанӣ
77 Ва ба халқи Ӯ мефаҳмонӣ, Ки ба воситаи бахшида шудани гуноҳҳояшон Онҳо наҷот меёбанд.
78 Зеро аз раҳму шафқати Худои мо Офтоби субҳгоҳӣ аз осмон бар мо нурафшонӣ мекунад,
79 То бар касоне, ки дар торикию сояи марг мешинанд, равшанӣ кунад Ва қадамҳои моро ба роҳи сулҳу осоиштагӣ ҳидоят намояд».
80 Кӯдак бошад, калон шуда, рӯҳаш қавӣ мегашт ва то рӯзи ба халқи Исроил зоҳир гардиданаш дар биёбон зиндагӣ мекард.
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24