меню

Инҷили Луқо 3 Боб

гузариш зуд:

1-2 Дар замони саркоҳин будани Ҳонон ва Қаёфо аз ҷониби Худо ба Яҳёи писари Закариё дар биёбон пайғоме расид. Ин воқеа дар соли понздаҳуми ҳукмронии шоҳаншоҳ Тибариюс рӯй дод. Дар он айём Понтиюс Пилотус ҳокими Яҳудия ва Ҳиродус ҳокими Ҷалил буданд. Бародари Ҳиродус Филиппус бошад, дар сарзамини Итурияву Тарохунитис ҳукмронӣ мекард ва Лисониюс ҳокими Абилин буд.

3 Яҳё тамоми ноҳияҳои атрофи дарёи Урдунро тай намуда, мардумро насиҳат мекард. Ӯ ба онҳо мегуфт, ки барои бахшида шудани гуноҳҳояшон бояд тавба карда, аз гуноҳ даст кашанд ва дар об таъмид бигиранд, ки рамзи шуста шудани гуноҳҳо мебошад.

4 Чуноне ки дар китоби Ишаъё пайғамбар дар бораи вай навишта шудааст: «Касе дар биёбон фарёд зада, мегӯяд: „Барои Худованд роҳро тайёр кунед ва онро рост намоед!

5 Бигзор ҳар водӣ баланд шавад, ҳар кӯҳу теппа ба ҳамворӣ мубаддал гардад. Бигзор роҳҳои каҷ рост шаванд ва роҳҳои пасту баланд ҳамвор,

6 он гоҳ ҳар як ҷони зинда наҷоти Худоро мебинад!“»

7 Мардуми зиёде назди Яҳё меомаданд, то аз дасти ӯ таъмид бигиранд ва ӯ ба онҳо мегуфт: «Эй морзодагон! Кӣ шуморо огоҳ кард, ки аз ҷазои дарпешистода гурехта метавонед?!

8 Тавба кунед ва самаре оваред, ки тавбаи шуморо нишон диҳад! Асло фикр накунед, ки ба сабаби аз насли Иброҳим буданатон ҷазо намебинед. Зеро ба шумо мегӯям, ки Худо аз ин сангҳо барои Иброҳим насл ба вуҷуд оварда метавонад.

9 Табар аллакай бар решаи дарахтон гузошта шудааст ва ҳар дарахте, ки самари хуб намеоварад, бурида, ба оташ партофта мешавад».

10 Мардум аз ӯ мепурсиданд: «Пас, мо чӣ кор кунем?»

11 Яҳё ҷавоб дод: «Касе, ки ду курта дорад, яктояшро ба касе диҳад, ки курта надорад ва ҳар кӣ хӯрок дорад, низ чунин кунад».

12 Андозгирон ҳам, ки барои таъмид гирифтан омада буданд, аз ӯ пурсиданд: «Устод, мо чӣ кор кунем?»

13 Ба онҳо гуфт: «Бештар аз он андозе, ки бароятон муқаррар карда шудааст, аз мардум наситонед».

14 Сарбозон низ аз ӯ пурсиданд: «Пас, мо чӣ кор кунем?» Яҳё гуфт: «Касеро бо зӯриву туҳмати ноҳақ ғорат накунед ва ба маоши худ қаноат намоед».

15 Мардум интизори омадани Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо буданд ва баъд аз шунидани гуфтаҳои Яҳё ба худ гуфтанд, ки шояд Яҳё Масеҳ аст.

16 Яҳё бошад, ба онҳо гуфт: «Ман шуморо бо об таъмид медиҳам, вале аз ман Тавонотаре меояд, ки шуморо бо Рӯҳулқудс ва оташ таъмид медиҳад. Ман ҳатто сазовори кушодани банди пойафзори Ӯ нестам.

17 Дар дасти Ӯ барои бод додани гандум сешоха тайёр аст, то ки хирмани Худро тоза карда, гандумро дар анбораш ҷамъ кунад, вале каҳро дар оташи хомӯшнашаванда сӯзонад».

18 Ҳамин тавр Яҳё бо насиҳатҳои зиёде хушхабарро ба мардум мерасонд.

19 Яҳё ҳоким Ҳиродусро ҳам барои он ки ҳамсари бародари худаш Ҳиродияро ба занӣ гирифта буд ва барои ҳамаи корҳои бадаш сарзаниш мекард.

20 Ҳиродус бошад бар замми ҳамаи кирдори бадаш, боз Яҳёро ба зиндон андохт.

21 Инак, вақте ки ҳамаи мардум таъмид мегирифтанд, Исо низ таъмид гирифт. Ҳангоме ки Ӯ дуо карда истода буд, осмон кушода шуд ва

22 Рӯҳулқудс дар шакли кабӯтаре болои Ӯ фаромад. Он гоҳ садое аз осмон баромад: «Ту Писари азизи Ман ҳастӣ ва Ман аз Ту хеле хушнудам!»

23 Вақте ки Исо хизмати Худро сар кард, тақрибан сисола буд ва ҳама гумон мекарданд, ки Ӯ писари Юсуф аст. Юсуф бошад, писари Элӣ,

24 Элӣ писари Маттот, Маттот писари Левӣ, Левӣ писари Малкӣ, Малкӣ писари Яннай, Яннай писари Юсуф,

25 Юсуф писари Матитё, Матитё писари Омус, Омус писари Наҳум, Наҳум писари Ҳеслӣ, Ҳеслӣ писари Наҷҷай,

26 Наҷҷай писари Маҳат, Маҳат писари Матитё, Матитё писари Шимъӣ, Шимъӣ писари Юсуф, Юсуф писари Яҳудо,

27 Яҳудо писари Юҳонон, Юҳонон писари Решо, Решо писари Зарубобил, Зарубобил писари Шаалтиил, Шаалтиил писари Нерӣ,

28 Нерӣ писари Малкӣ, Малкӣ писари Аддӣ, Аддӣ писари Қусом, Қусом писари Элмадом, Элмадом писари Эр,

29 Эр писари Юсӣ, Юсӣ писари Элиазар, Элиазар писари Юрим, Юрим писари Маттот, Маттот писари Левӣ,

30 Левӣ писари Шимъун, Шимъун писари Яҳудо, Яҳудо писари Юсуф, Юсуф писари Юном, Юном писари Элёқим,

31 Элёқим писари Малё, Малё писари Мино, Мино писари Матато, Матато писари Нотон, Нотон писари Довуд,

32 Довуд писари Ишой, Ишой писари Убид, Убид писари Буаз, Буаз писари Салмун, Салмун писари Наҳшун,

33 Наҳшун писари Амминодоб, Амминодоб писари Адамин, Адамин писари Ҳорнӣ, Ҳорнӣ писари Ҳесрун, Ҳесрун писари Порас, Порас писари Яҳудо,

34 Яҳудо писари Яъқуб, Яъқуб писари Исҳоқ, Исҳоқ писари Иброҳим, Иброҳим писари Тораҳ, Тораҳ писари Ноҳур,

35 Ноҳур писари Саруҷ, Саруҷ писари Рау, Рау писари Фолаҷ, Фолаҷ писари Эбар, Эбар писари Шолаҳ,

36 Шолаҳ писари Қенон, Қенон писари Арпакшад, Арпакшад писари Сом, Сом писари Нӯҳ, Нӯҳ писари Ломак,

37 Ломак писари Матушолаҳ, Матушолаҳ писари Ҳанӯх, Ҳанӯх писари Ёрад, Ёрад писари Маҳалалъил, Маҳалалъил писари Қенон,

38 Қенон писари Анӯш, Анӯш писари Шет, Шет писари Одам ва Одам писари Худо буданд.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24