меню

Инҷили Луқо 20 Боб

гузариш зуд:

1 Рӯзе, вақте ки Исо дар маъбади Худо мардумро таълим дода, хабари хушро эълон мекард, ба наздаш коҳинони калон, устодони шариат ва пирони қавм омада,

2 пурсиданд: «Ба мо бигӯй, Ту бо кадом ҳуқуқ чунин корҳоро мекунӣ? Ин ҳуқуқро ба Ту кӣ додааст?»

3 Исо дар ҷавоб гуфт: «Ман ҳам ба шумо як саволе дорам. Шумо ба Ман ҷавоб диҳед, ки

4 ба Яҳё кӣ ҳуқуқ дода буд, ки одамонро таъмид диҳад: Худо ё инсон?»

5 Онҳо бо ҳам муҳокима намуда, гуфтанд: «Агар „Худо дода буд“ гӯем, Ӯ аз мо мепурсад, ки чаро ба Яҳё бовар накардед?

6 Аммо агар „инсон“ гӯем, тамоми мардум моро сангсор мекунад, чунки одамон боварии комил доранд, ки Яҳё пайғамбар буд».

7 Онҳо ҷавоб доданд, ки намедонанд ва

8 Исо ба онҳо гуфт: «Пас, Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам».

9 Баъд Исо ба халқ нақл кардани ин масалро сар кард: «Шахсе токзоре бунёд кард ва онро ба чанд нафар иҷора дода, ба муддати дурудароз ба кишвари дигар сафар кард.

10 Чун вақти ҳосилғундорӣ расид, ӯ хизматгореро ба назди токпарварон фиристод, то ҳаққи худро аз он токзор бигирад. Вале токпарварон ӯро зада, бо дасти холӣ фиристоданд.

11 Он вақт ӯ хизматгори дигарро фиристод. Вале онҳо ӯро ҳам зада, ҳақорат карданду бо дасти холӣ фиристоданд.

12 Ӯ боз хизматгори сеюмашро фиристод. Вайро низ захмдор карда, берун партофтанд.

13 Он гоҳ соҳиби токзор гуфт: „Чӣ бояд бикунам? Писари азизамро мефиристам, шояд ӯро иззату эҳтиром кунанд“.

14 Вале токпарварон писари ӯро дида, ба якдигар гуфтанд: „Вай меросхӯр аст! Биёед, ӯро мекушем, то ки соҳиби мерос шавем!“

15 Ва ӯро аз токзор берун бароварда куштанд. Ба фикри шумо соҳиби токзор бо онҳо чӣ гуна рафтор мекунад?

16 Вай баргашта, он токпарваронро мекушад ва токзорро ба дигарон медиҳад». Онҳое, ки Исоро мешуниданд, гуфтанд: «Худо нигоҳ дорад!»

17 Ӯ ба онҳо нигоҳ карда гуфт: «Пас ин калимаҳои навиштаҷот чӣ маъно доранд: „Он сангеро, ки бинокорон нодаркор ҳисоб карда, як сӯ партофтанд, санги асосии таҳкурсии бино гардид“.

18 Ҳар кӣ ба болои он санг ғалтад, майда-майда мешавад ва агар ин санг ба болои касе афтад, вайро маҷақ мекунад».

19 Устодони шариату коҳинони калон фаҳмиданд, ки ин масал бар зидди онҳо буд ва хостанд ҳамон замон Исоро дастгир кунанд, вале аз мардум метарсиданд.

20 Онҳо якчанд нафарро барои аз пайи Исо поидан фиристоданд, то ки худро ростқавл нишон дода, Ӯро бо сухан ба дом афтонанду барои ҳукм шудан ба дасти ҳокими румӣ супоранд.

21 Онҳо аз Исо пурсиданд: «Устод! Мо медонем, ки суханону таълимоти Ту аз рӯйи ҳақиқат аст. Медонем, ки нисбати ҳеҷ кас рӯйбинӣ надорӣ ва роҳҳои Худоро аз рӯйи ҳақиқат таълим медиҳӣ.

22 Бигӯ, ки оё ба шоҳаншоҳи Рум андоз супорем ё не?»

23 Ӯ аз макри онҳо пай бурда, ба онҳо гуфт:

24 «Ба Ман ягон тангаи динорро нишон диҳед. Дар ин танга акс ва номи кӣ аст?» «Шоҳаншоҳ», – ҷавоб доданд онҳо.

25 Исо ба онҳо гуфт: «Пас, он чи аз они шоҳаншоҳ аст, ба шоҳаншоҳ бидиҳед ва он чи аз они Худост, ба Худо».

26 Онҳо натавонистанд Исоро пеши мардум бо сухан ба дом афтонанд ва аз ҷавоби Ӯ ба ҳайрат афтода, хомӯш шуданд.

27 Чанд нафар аз равияи саддуқиён, ки зиндашавии мурдагонро инкор мекарданд ба назди Исо омаданду

28 ба Ӯ чунин савол доданд: «Устод, Мусо, дар шариат ба мо навиштааст, ки агар бародари касе фарзанд наёфта бимирад, бигзор вай зани ӯро ба никоҳи худ дарорад ва фарзандони ба дунё омадаро ҳамчун насли бародари марҳумаш бидонад.

29 Инак, ҳафт бародар буданд. Бародари калонӣ зан гирифт, аммо фарзанд надида аз олам чашм пӯшид.

30-31 Бародари дуюм, сеюм ва ҳамин тавр ҳамаи ҳафт бародарон зани бародарашонро ба занӣ мегирифтанд, вале ҳеҷ яке аз онҳо фарзанде ба дунё наоварда, вафот кард.

32 Оқибат зан ҳам аз олам чашм пӯшид.

33 Пас, рӯзе, ки мурдаҳо зинда мешаванд, вай зани кадоме аз онҳо мешавад? Охир ҳамаи ҳафт бародарон ӯро ба занӣ гирифта буданд!»

34 Исо ҷавоб дод: «Одамони ин дунё зан мегиранд ва ба шавҳар мебароянд.

35 Вале онҳое, ки лоиқ дониста шудаанд, ки зинда шаванд, пас аз ба он дунё рафтанашон на зан мегиранду на шавҳар мекунанд.

36 Онҳо дигар намемиранд, чунки мисли фариштаҳо мешаванд. Онҳо фарзандони Худо ҳастанд, охир Худо онҳоро зинда кардааст.

37 Дар ҳикояи буттаи сӯхтаистода, Мусо Худовандро Худои Иброҳиму Исҳоқу Яъқуб номида, нишон дод, ки мурдагон зинда мешаванд.

38 Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст. Барои Худо ҳама зинда ҳастанд».

39 Он гоҳ баъзе аз устодони шариат гуфтанд: «Хуб гуфтӣ, Устод!»

40 Ва дигар ҳеҷ кас ҷуръат накард, ки ба Ӯ саволе диҳад.

41 Аммо Исо ба онҳо гуфт: «Барои чӣ одамон мегӯянд, ки Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо писари шоҳ Довуд аст?

42-43 Охир, худи Довуд дар китоби Забур мегӯяд: „Худованд ба Худованди ман гуфт: «То даме ки душманонатро зери пойҳоят нагузорам, аз дасти ростам бишин»“.

44 Довуд Масеҳро „Худованд“ меномад. Пас, чӣ тавр Вай писари шоҳ Довуд шуда метавонад?»

45 Ҳангоме ки тамоми мардум ба суханони Вай гӯш мекарданд, Исо ба шогирдони Худ гуфт:

46 «Аз устодони шариат эҳтиёт бошед. Ба онҳо маъқул аст, ки либосҳои қимат пӯшида гарданд ва мардум дар бозорҳо ба онҳо бо иззату эҳтиром салом диҳанд. Онҳо дар ҷойҳои беҳтарини ҷамоатхонаҳо нишастан ва дар зиёфатҳо болонишиниро дӯст медоранд.

47 Онҳо намоишкорона дурудароз дуо мехонанд, вале дар асл молу мулки бевазанонро хӯрда, ғорат мекунанд! Онҳо барои ин корҳояшон ҷазои сахттаринро мебинанд».

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24