Инҷили Луқо 6 Боб
1 Дар яке аз рӯзҳои шанбе Исо аз байни киштзорҳои гандум мегузашт. Шогирдонаш хӯшаҳои гандумро канда, бо кафи дасташон молида мехӯрданд.
2 Баъзе аз фарисиён гуфтанд: «Чаро шумо кореро мекунед, ки кардани он дар рӯзи шанбе раво нест?»
3 Исо ҷавоб дод: «Магар шумо дар навиштаҷот нахондаед, ки шоҳ Довуд, вақте ки бо ҳамроҳонаш гурусна монд, чӣ кор карда буд?
4 Ӯ ба хонаи Худо даромада, нони ба Худо тақдимшударо гирифта хӯрд ва ба ҳамроҳонаш низ дод. Ҳол он ки аз рӯйи шариат фақат ба коҳинон хӯрдани он нон мумкин аст».
5 Баъд ба онҳо гуфт: «Писари Одамизод Хоҷаи рӯзи шанбе аст».
6 Боз дар яке аз рӯзҳои истироҳат Исо ба ҷамоатхона даромада, машғули таълим шуд. Дар он ҷо як марде буд, ки дасти росташ хушк шуда буд.
7 Устодони шариат ва фарисиён Исоро мушоҳида мекарданд, ки оё дар рӯзи шанбе одамро шифо медиҳад ё не, то тавонанд Ӯро дар ягон кор айбдор кунанд.
8 Аммо Исо фикри онҳоро медонист ва ба он марди дасташ хушкшуда гуфт: «Бархез ва дар миёнҷо исто». Он мард бархесту истод.
9 Исо ба онҳо гуфт: «Ба шумо саволе медиҳам: дар рӯзи шанбе некӣ кардан равост ё бадӣ кардан? Ҷони касеро наҷот додан ё нобуд кардан?»
10 Баъд ба ҳамаи онҳо нигоҳ карда, ба он мард гуфт: «Дастатро дароз кун». Вай дасташро дароз карду дасташ сиҳат шуд.
11 Аммо устодони шариат ва фарисиён дар ғазаб шуда, бо ҳамдигар маслиҳат мекарданд, ки бар зидди Исо чӣ кор кунанд.
12 Дар яке аз он рӯзҳо Исо барои дуо ба кӯҳ баромад ва тамоми шаб ба Худо дуо кард.
13 Вақте ки рӯз шуд, шогирдонашро ба наздаш ҷеғ зада, аз миёнашон дувоздаҳ нафарро интихоб кард ва онҳоро фиристода номид, ки инҳоянд:
14 Шимъун, ки Исо ӯро Петрус номид ва бародари Шимъун Андриёс, Яъқуб ва Юҳанно, Филиппус ва Барталмо,
15 Матто ва Тумо, Яъқуби писари Ҳалфой ва Шимъун, ки ба ӯ лақаби Ватандӯстро гузошта буданд,
16 Яҳудои писари Яъқуб ва Яҳудои Исқарютӣ, ки оқибат хиёнаткор мешавад.
17 Исо бо шогирдонаш аз кӯҳ пойин фуромада, дар ҳамворие истод. Шумораи зиёди пайравонаш ва мардуми бисёре аз тамоми гирду атрофи сарзамини Яҳудия, аз Уршалим, аз ноҳияҳои Сур ва Сидуни назди баҳр ҷамъ омаданд,
18 то ки Исоро бишнаванд ва аз бемориҳояшон шифо ёбанд. Касоне, ки аз ҷинҳо азоб мекашиданд, низ шифо ёфтанд.
19 Бинобар ин, ҳама кӯшиш мекарданд, ки дасти худро ба Исо расонанд, чун қуввае, ки аз Ӯ берун меомад, ҳамаро шифо медод.
20 Исо ба шогирдонаш чашм дӯхта, гуфт: «Хушбахтед шумо, ки ҳоло бечораед, чунки Подшоҳии Худо аз они шумост.
21 Хушбахтед шумо, ки ҳоло гуруснаед, чунки сер хоҳед шуд. Хушбахтед шумо, ки ҳоло гиря мекунед, зеро хандон хоҳед шуд.
22-23 Хушбахтед шумо, вақте ки мардум ба хотири Писари Одамизод ба шумо нафрат доранд, шуморо аз байнашон меронанду дашном дода, туҳмат мекунанд. Дар он рӯз шодӣ кунед ва аз хурсандӣ рақс кунеду донед, ки Худо дар осмон бароятон мукофоти калон дорад. Аҷдоди гузаштаи ин мардум бо пайғамбарон ҳамин тавр рафтор мекарданд.
24 Лекин, вой бар ҳоли шумо, эй сарватмандон, зеро танҳо дар ин дунё хурсандӣ мекунед.
25 Вой бар ҳоли шумо, ки ҳоло сер ҳастед, чунки гурусна хоҳед монд. Вой бар ҳоли шумо, ки ҳоло механдед, зеро гирёну нолон хоҳед шуд.
26 Вой бар ҳоли шумо, вақте ки ҳама шуморо таърифу тавсиф мекунанд, чунки аҷдодони ин одамон низ бо пайғамбарони бардурӯғ ҳамин тавр рафтор мекарданд.
27 Ман ба шумо, ки суханамро мешунавед, мегӯям: душманонатонро дӯст доред ва ба онҳое, ки аз шумо нафрат доранд, некӣ кунед,
28 барои онҳое, ки шуморо лаънат мекунанд, баракат талабед ва барои онҳое, ки ба шумо бадӣ мекунанд, дуои хайр гӯед.
29 Агар касе ба як тарафи рӯятон занад, тарафи дигари рӯятонро ба ӯ гардонед ва агар касе ҷомаатонро кашида гирад, монед, ки куртаатонро ҳам бигирад.
30 Ҳар кӣ аз шумо чизе талаб кунад, онро ба ӯ диҳед ва ҳар кӣ чизи шуморо бигирад, баргардондани онро талаб накунед.
31 Пас, ҳар рафтореро, ки аз дигарон нисбати худ дидан хоҳед, ҳамон тавр, аввал худи шумо нисбати дигарон рафтор кунед.
32 Агар шумо фақат касонеро дӯст доред, ки шуморо дӯст медоранд, чӣ ҷойи таъриф? Зеро гунаҳкорон ҳам дӯстдорони худро дӯст медоранд.
33 Агар фақат ба касоне, ки ба шумо некӣ мекунанд, некӣ кунед, шумо чӣ ифтихоре доред? Зеро гунаҳкорон низ ҳамин тавр рафтор мекунанд.
34 Агар ба касе қарз диҳеду умеди пас гирифтани онро дошта бошед, чӣ фоида дорад? Зеро гунаҳкорон низ ба гунаҳкорон қарз дода, интизори пас гирифтани он ҳастанд.
35 Вале шумо душманонатонро дӯст доред, некӣ кунед ва қарз диҳеду интизори гирифтани он нашавед. Он гоҳ мукофоти бузурге насибатон гашта, фарзандони Худои Таоло хоҳед буд. Зеро Худо ба одамони бад ва кӯрнамак ҳам меҳрубонӣ мекунад.
36 Пас, ҳамон тавре ки Падари шумо раҳмдил аст, шумо низ раҳмдил бошед.
37 Дигаронро айбдор накунед ва шумо низ айбдор карда намешавед. Ҳукм накунед ва ба ҳукм дучор намешавед. Ҳамаро бубахшед ва шумо низ бахшида мешавед.
38 Бидиҳед ва ба шумо низ дода мешавад: то ба андозаи зиёди ҷунбонидаю фишурдашуда ва лабрезшуда ба шумо дода мешавад, зеро бо кадом санги тарозу, ки баркашед, бо ҳамон санг барои шумо бармекашанд».
39 Ҳамчунин, Ӯ масалеро ба онҳо гуфт: «Оё як кӯр ба кӯри дигар роҳ нишон дода метавонад? Магар ҳар дуяшон ба чоҳ намеафтанд?
40 Шогирд аз устодаш баландтар нест. Аммо вақте ки пурра таълим мегирад, монанди устодаш мешавад.
41 Чаро шумо хасро дар чашми бародари худ мебинеду кундаро, ки дар чашми худатон ҳаст, намебинед?
42 Чӣ хел ҷуръат карда ба бародаратон мегӯед: „Эй бародар, иҷозат деҳ хасро аз чашмат барорам“, вақте ки кундаро дар чашми худ намебинед? Эй дурӯяҳо! Аввал кундаро аз чашми худатон бароред, он гоҳ дурусттар дида метавонед, ки чӣ хел хасро аз чашми бародаратон бароред.
43 Ҳаргиз дарахти хуб меваи бад ва ё дарахти бад меваи хуб намедиҳад.
44 Чӣ хел будани дарахт аз мевааш маълум мегардад. Аз буттаи хор анҷир намечинанд ва ё ҳосили ангур намегиранд.
45 Шахси нек аз хазинаи неки дилаш некиро ва шахси бад аз хазинаи бади дилаш бадиро мебарорад, зеро он чизе ки дар дилатон ҳаст, лабрез шуда, аз забонатон берун меояд.
46 Чаро Маро „Хоҷа! Хоҷа!“ меномеду гуфтаҳоямро иҷро намекунед?
47 Ҳоло ба шумо ба кӣ монанд будани касеро мефаҳмонам, ки пеши Ман омада, гуфтаҳои Маро мешунаваду онҳоро иҷро мекунад.
48 Ӯ ба одаме монанд аст, ки барои сохтани хонааш заминро чуқур канда, пойдеворашро болои санге мегузорад. Ҳангоме ки обхезӣ мешаваду оби дарё хонаро зер мекунад, ба он ҳеҷ осебе намерасад, чунки пойдевораш мустаҳкам сохта шудааст.
49 Аммо касе, ки гуфтаҳои Маро мешунавад, вале иҷро намекунад, ба одаме монанд аст, ки хонаашро бе пойдевор дар рӯйи хок сохтааст. Пас, вақте оби дарё хонаро зер мекунад, он ба зудӣ фурӯ рафта, несту нобуд мешавад».
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24