Инҷили Луқо 19 Боб
1 Исо ба шаҳри Ариҳо даромада, аз он мегузашт.
2 Дар он шаҳр Заккай ном марди сарватманде буд, ки вазифаи сардори андозгиронро ба уҳда дошт.
3 Вай мехост бубинад, ки Исо кист. Вале, азбаски мардум зиёд буду Заккай қади паст дошт, Ӯро дида натавонист.
4 Бинобар ин, ӯ давида пеш гузашту ба болои дарахти анҷир баромад, то ки Исоро ҳангоми аз он ҷо гузаштанаш бубинад.
5 Вақте ки Исо ба он ҷо наздик шуд, ба Заккай нигоҳ карда, гуфт: «Заккай! Зудтар пойин фаро! Ман бояд имрӯз дар хонаи ту бимонам».
6 Вай зуд пойин фаромада, бо хурсандӣ Исоро меҳмондорӣ кард.
7 Инро дида, ҳама норозигии худро баён намуда, мегуфтанд: «Ӯ дар хонаи марди гунаҳкор меҳмон шудааст».
8 Аммо Заккай рост истода, ба Худованд Исо гуфт: «Эй Хоҷа, ман нисфи дороиямро ба бечорагон медиҳам ва агар аз касе бо фиреб пул ситонда бошам, чор баробар зиёдтар бармегардонам».
9 Исо гуфт: «Имрӯз ба ин хона наҷот омад, чунки Заккай ҳам аз насли Иброҳим аст.
10 Зеро Писари Одамизод барои он омадааст, ки гумроҳшударо кофта ёбаду наҷот диҳад».
11 Азбаски Исо аллакай дар наздикии Уршалим буд ва шунавандагони Ӯ гумон доштанд, ки Подшоҳии Худо ба зудӣ фаро мерасад, Вай масал гуфтанро давом дод:
12 «Як шахси олимартаба ба кишвари дурдаст сафар дошт, то ҳуқуқи ба тахти подшоҳӣ нишастанашро тасдиқ намуда, баргардад.
13 Пеш аз рафтан вай даҳ нафар хизматгоронашро наздаш даъват карда, ба ҳар кадомаш яктоӣ тангаи тилло доду гуфт: „Дар вақти набудани ман ин тангаҳоро ба кор баред“.
14 Аммо ҳамватанонаш, ки ба вай нафрат доштанд, аз паси вай сафиронашонро фиристоданд, то рафта, чунин бигӯянд: „Мо намехоҳем, ки вай бар мо подшоҳӣ кунад“.
15 Вақте ки ӯ тахти подшоҳиро соҳиб шуда, баргашт, фармон дод, то ҳамон хизматгоронеро, ки ба онҳо пул дода буд, ба наздаш ҷеғ зананд. Вай мехост бифаҳмад, ки ҳар яке аз онҳо чӣ қадар фоида ба даст овардааст?
16 Аввалинаш омада, гуфт: „Хоҷаам, пули шумо даҳ баробар зиёдтар фоида овард“.
17 Подшоҳ ба вай гуфт: „Офарин, хизматгори некам. Азбаски дар иҷрои вазифаи андаке вафодориатро нишон додӣ, туро ба даҳ шаҳр ҳоким таъйин мекунам“.
18 Дуюмин омада, гуфт: „Хоҷаам, пули шумо панҷ баробар зиёдтар фоида овард“.
19 Подшоҳ ба вай гуфт: „Туро низ ба панҷ шаҳр ҳоким таъйин мекунам“.
20 Сеюмин омада, гуфт: „Хоҷаам, ана ин ҳамон пули шумо. Ман онро ба рӯймолчае печонда, нигоҳ доштам,
21 чунки аз шумо метарсидам. Охир шумо одами сахтгир ҳастед. Аз он ҷое, ки нагузоштаед, мегиред ва он чизеро, ки накоштаед, дарав мекунед“.
22 Подшоҳ ба вай гуфт: „Эй хизматгори бад! Аз рӯйи он чизе ки гуфтӣ, ба ту ҳукм мебарорам! Ту медонистӣ, ки ман одами сахтгир ҳастам ва аз он ҷое, ки нагузоштаам, мегираму он чизеро, ки накоштаам, дарав мекунам?!
23 Пас, чаро пули маро ба муомилот надаровардӣ, то ки вақти баргаштанам онро бо фоидааш бигирам?“
24 Баъд ба онҳое, ки дар наздаш буданд, фармон дод: „Аз дасташ тангаи тиллоро гирифта, ба хизматгоре диҳед, ки даҳ баробар зиёдтар фоида овард“.
25 Онҳо гуфтанд: „Хоҷаам, охир вай аллакай даҳ баробар зиёдтар дорад!“
26 „Ман ба шумо мегӯям, ба ҳар касе, ки чизе дорад, боз дода мешавад. Лекин аз касе, ки надорад, ҳатто он чизи андаке, ки дорад, гирифта мешавад.
27 Ҳоло бошад, он душманонамро, ки намехостанд бар онҳо подшоҳӣ кунам, ба ин ҷо биёреду дар пеши назарам ба қатл расонед“».
28 Исо ин масалро нақл карда, роҳашро давом дод ва ба сӯи Уршалим раҳсипор гашт.
29 Вақте ки онҳо ба деҳаҳои Байтфоҷӣ ва Байтанё назди кӯҳи Зайтун расиданд, Исо ду шогирдашро фиристода,
30 гуфт: «Ба деҳае, ки дар рӯ ба рӯйи шумост равед ва ҳамин ки вориди он гаштед, хари бастаеро мебинед, ки то ҳол касе ба он савор нашудааст. Бандашро кушода, онро ба ин ҷо биёред.
31 Агар касе аз шумо пурсад, ки барои чӣ бандашро мекушоед, гӯед, ки вай ба Худованд даркор шуд».
32 Шогирдони фиристодашуда рафтанд ва харро ҳамон тавре ки Ӯ ба онҳо гуфта буд, ёфтанд.
33 Вақте ки онҳо банди харро мекушоданд, соҳибонаш аз онҳо пурсиданд: «Чаро банди харро мекушоед?»
34 Онҳо ҷавоб доданд: «Вай ба Худованд лозим аст».
35 Пас онҳо харро ба назди Исо оварда, ба болояш ҷомаҳои худро партофтанду Исоро ба он савор карданд.
36 Исо савора мерафту мардум ҷомаҳои худро пеши роҳи Ӯ пойандоз мекарданд.
37 Вақте Исо ба роҳе наздик шуд, ки он аз болои кӯҳи Зайтун ба пойин меравад, тамоми гурӯҳи шогирдонаш барои ҳамаи муъҷизаҳое, ки дида буданд, шодикунон бо овози баланд Худоро ҳамду сано хонда
38 мегуфтанд: «Баракат ёбад шоҳе, ки ба номи Худованд меояд! Сулҳ дар осмон ва шуҳрату ҷалол ба Худо дар осмон!»
39 Баъзе фарисиён аз байни мардум ба Исо гуфтанд: «Эй Устод, шогирдонатро ором кун!»
40 Вай ҷавоб дод: «Бовар кунед, агар онҳо хомӯш шаванд, сангҳо дод мезананд».
41 Вақте ки онҳо наздиктар омаданд, Исо шаҳрро дида, гиря карду гуфт:
42 «Оҳ, кошки ақаллан ҳамин рӯз роҳеро, ки туро ба осоиштагӣ мебарад, медонистӣ! Вале ҳоло он роҳ аз чашмони ту пинҳон аст.
43-44 Азбаски ту вақти ба наздат омадани Худовандро нафаҳмидӣ, ба сарат рӯзҳои сахт хоҳанд омад. Душманонат гирди ту хокдеворҳо сохта иҳота мекунанд. Онҳо аз ҳар тараф фишор оварда, туву сокинонатро ба хок яксон хоҳанд кард ва дар ту санг бар болои санге нахоҳад монд».
45 Исо ба ҳавлии маъбади Худо ворид шуда, онҳоеро, ки бо харидуфурӯш машғул буданд, берун ронд.
46 Ӯ ба онҳо гуфт: «Худо дар навиштаҷот гуфтааст, ки „Хонаи Ман хонаи дуо мешавад“. Шумо бошед, онро ба хонаи дуздон табдил додаед!»
47 Ӯ ҳар рӯз дар маъбади Худо мардумро таълим медод. Коҳинони калон, устодони шариат ва роҳбарони халқи Исроил дар пайи куштани Ӯ буданд.
48 Вале илоҷи ин корро ёфта наметавонистанд, чунки тамоми мардум беист ва бодиққат ба ҳар як сухани Ӯ гӯш медоданд.
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24