меню

Инҷили Луқо 13 Боб

гузариш зуд:

1 Дар ҳамин вақт баъзеҳо ба назди Исо омада, дар бораи ҷалилиёне нақл карданд, ки ҳоким Пилотус онҳоро ҳангоми қурбонӣ карданашон кушт.

2 Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба гумонатон ин ҷалилиён аз ҷалилиёни дигар гунаҳкортар буданд, ки бо онҳо чунин ҳодиса рӯй дод?

3 Ба шумо мегӯям, не! Вале, агар тавба карда, аз гуноҳҳоятон даст накашед, ҳамаатон монанди онҳо нобуд мешавед.

4 Ё ба фикратон он ҳаждаҳ нафаре, ки манораи деҳаи Шилуаҳ ба болояшон чаппа шуда мурданд, аз ҳамаи сокинони Уршалим гунаҳкортар буданд?

5 Ба шумо мегӯям, не! Вале, агар тавба карда, аз гуноҳҳоятон даст накашед, ҳамаатон монанди онҳо мемиред».

6 Исо чунин масалеро гуфт: «Як мард дар токзори худ дарахти анҷире шинонда буд. Вай барои чиндани мева пеши дарахт омад, вале чизе наёфт.

7 Пас, ба боғбон гуфт: „Ман се сол боз барои мева гирифтан меояму як дона ҳам намеёбам. Онро бурида парто! Чаро заминро беҳуда банд мекунад?“

8 Вале боғбон ҷавоб дод: „Хоҷа! Як соли дигар онро набуред. Ман гирдашро побел карда, ба замин пору меандозам.

9 Агар соли оянда мева диҳад, хуб мешавад ва агар надиҳад, баъд бурида партоед ҳам мешавад“».

10 Рӯзи шанбе Исо дар яке аз ҷамоатхонаҳо мардумро таълим медод.

11 Дар он ҷо зане буд, ки рӯҳи нопок, яъне ҷин ӯро ҳаждаҳ сол боз қадхамида карда буд ва ӯ ҳеҷ қоматашро рост карда наметавонист.

12-13 Исо инро дида, ӯро ба наздаш даъват кард ва дастонашро бар ӯ гузошта, гуфт: «Эй зан! Ту аз бемориат раҳоӣ ёфтӣ». Қомати зан дарҳол рост шуда, вай Худоро ҳамду сано хонд.

14 Сардори ҷамоатхона, аз он ки Исо дар рӯзи шанбе занро шифо бахшид, хашмгин шуда, ба мардум гуфт: «Барои кор кардан шаш рӯз ҳаст ва бояд на дар рӯзи шанбе, балки дар яке аз ҳамин рӯзҳо омада, шифо ёбед».

15 Вале Худованд Исо дар ҷавоб гуфт: «Эй дурӯягон! Магар ҳар яки шумо дар рӯзи шанбе банди барзагов ё хари худро кушода, онҳоро барои обдиҳӣ аз оғил берун намебароред?

16 Ҳол он ки ин зан аз авлоди Иброҳим аст ва шайтон ӯро ҳаждаҳ сол боз дар бандҳои худ нигоҳ медошт! Пас, наход мумкин набошад, ки ӯ дар рӯзи шанбе аз ин бандҳо озод шавад?!»

17 Бо ин суханонаш Ӯ душманонашро шарманда кард ва тамоми мардум аз корҳои аҷибе, ки Ӯ мекард, шод мешуданд.

18 Исо гуфт: «Подшоҳии Худо ба чӣ монанд аст? Ман онро бо чӣ муқоиса кунам?

19 Он ба тухми хардал монанд аст, ки шахсе гирифта, дар боғи худ мекорад. Он рӯида, дарахт мешаваду парандаҳо дар миёни шохаҳояш лона мегузоранд».

20 Боз гуфт: «Подшоҳии Худоро ба чӣ монанд кунам?

21 Он ба мисли хамиртурушест, ки зане онро гирифта, бо як халта орд омехта, хамир кард ва тамоми хамир расид».

22 Исо ба сӯи Уршалим равона буд ва дар шаҳру деҳаҳо гашта, мардумро таълим медод.

23 Шахсе аз Ӯ пурсид: «Хоҷаам! Наход ки шумораи ками одамон наҷот ёбанд?» Исо ба мардум гуфт:

24 «Кӯшишу ғайрат кунед, то аз дари танг дароед, зеро ба шумо мегӯям, ки бисёр касон кӯшиш мекунанд, ки аз он дар дароянд, вале даромада наметавонанд.

25 Вақте ки соҳибхона хеста, дарро маҳкам мекунад, шумо дар берун мемонед ва дарро кӯфта мегӯед: „Хоҷа! Дарро бароямон кушоед!“ Вале Ӯ ба шумо чунин ҷавоб медиҳад: „Ман намедонам шумо аз куҷо ҳастед!“

26 Он вақт шумо мегӯед: „Мо ҳамроҳи Ту мехӯрдему менӯшидем. Ту дар кӯчаҳои мо мардумро таълим медодӣ“.

27 Вале Ӯ ба шумо ҷавоб хоҳад дод: „Ман намедонам шумо аз куҷо ҳастед, дур шавед аз ман, эй ҳамаи бадкорон!“

28 Вақте ки шумо дар Подшоҳии Худо Иброҳим, Исҳоқ, Яъқуб ва ҳамаи пайғамбаронро мебинеду худатон аз он ҷо ронда мешавед, аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунед.

29 Мардум аз ҳар гӯшаву канори дунё омада, дар Подшоҳии Худо сари як дастархон менишинанд

30 ва баъзе аз онҳое, ки ҳоло охирон ҳастанд, аввалин мешаванд ва онҳое, ки аввалин ҳастанд, охирон мешаванд».

31 Ҳамин вақт чанд нафар аз фарисиён ба назди Исо омада, гуфтанд: «Аз ин ҷо баромада рав, чунки ҳоким Ҳиродус мехоҳад Туро кушад».

32 Исо ба онҳо гуфт: «Рафта, ба он рӯбоҳ гӯед, ки Ман имрӯзу пагоҳ ҷинҳоро берун карда, мардумро шифо медиҳам ва рӯзи сеюм корамро тамом мекунам.

33 Вале Ман бояд имрӯз, пагоҳ ва ҳам баъд аз пагоҳ роҳамро давом диҳам, зеро ин хел шуданаш мумкин нест, ки пайғамбар берун аз Уршалим кушта шавад.

34 Эй Уршалим, Уршалим! Пайғамбаронро мекушиву онҳоеро, ки Худо ба наздат мефиристад, сангсор мекунӣ! Ман борҳо орзу доштам, мисли мурғе, ки чӯҷаҳояшро зери болҳояш ҷамъ мекунад, сокинонатро дар гирди Худ ҷамъ оварам, вале ту роҳ надодӣ!

35 Пас ҳоло хонаат холӣ ва бесоҳиб мемонад. Ба шумо мегӯям, ки то „Баракат ёбад касе, ки ба номи Худованд меояд!“ нагӯед, Маро нахоҳед дид».

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24