Инҷили Луқо 21 Боб
1 Исо як назар андохта, сарватмандонеро дид, ки ба сандуқи хайрия садақаҳои худро меандохтанд.
2 Ӯ бевазани камбағалеро низ дид, ки ба он ҷо ду тангаи хурди мисинро андохт.
3 Баъд гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани бечора аз ҳама зиёдтар хайрот кард.
4 Чунки онҳо аз зиёдатии дороияшон садақа карданд, вай бошад, тамоми ризқу рӯзиашро дод».
5 Вақте ки баъзеҳо дар бораи маъбади Худо сухан меронданду таъриф мекарданд, ки он бо чӣ гуна сангҳои зебо ва ҳадяҳои қиматбаҳо оро дода шудааст, Исо гуфт:
6 «Рӯзҳое меоянд, ки аз ҳамаи ин чизҳои медидаатон санг бар болои санг намонда, ба замин яксон мешавад».
7 Аз Ӯ пурсиданд: «Устод, пас ин ҳодиса кай рӯй медиҳад ва ба амал омадани онро аз кадом аломат мефаҳмем?»
8 Ӯ ҷавоб дод: «Эҳтиёт шавед, ки мабодо гумроҳ нашавед, зеро бисёр касон бо номи Ман омада мегӯянд: „Ман ҳамонам!“ ва ё „Вақташ расид!“ Аз паси онҳо наравед!
9 Вақте ки садоҳои ҷангҳову шӯришҳоро мешунавед, ба воҳима наафтед. Зеро аввал бояд ҳамаи ин воқеаҳо рӯй диҳанд, вале ин маънои якбора расидани охирзамонро надорад».
10 Баъд Исо ба онҳо гуфт: «Як халқ бо халқи дигар ва як давлат бо давлати дигар меҷангад.
11 Заминҷунбиҳои сахт мешавад ва дар ҳар ҷо гуруснагӣ ва бемориҳои марговар меояд. Аз осмон ҳодисаҳои пурдаҳшат ва аломатҳои бузург намоён хоҳанд гашт.
12 Вале, пеш аз он ки ҳамаи ин ба амал ояд, шуморо дастгир карда, азоб медиҳанд ва ба ҷамоатхонаву зиндонҳо мебаранд. Ба хотири номи Ман шуморо ба назди подшоҳону ҳокимон мебаранд ва
13 имконият пайдо мекунед, ки дар бораи Ман шаҳодат диҳед.
14 Қарор диҳед, ки дар бораи чӣ ҷавоб доданатон пешакӣ ташвиш намекашед.
15 Зеро Ман ба шумо чунон ҳикмате ато мекунам ва суханонеро ба даҳонатон мегузорам, ки ҳеҷ яке аз душманонатон наметавонад бар он муқобилате нишон дода, норозигии худро баён кунад.
16 Ҳатто падару модарон, бародарон, хешон ва дӯстонатон шуморо таслим хоҳанд намуд ва баъзеи шумо кушта мешавед.
17 Ба сабаби Маро пайравӣ карданатон ҳама ба шумо бо чашми нафрат нигоҳ мекунанд.
18 Вале як тори мӯйе ҳам аз сари шумо нахоҳад афтод.
19 Истодагарӣ намоед ва ҳаётро ба даст хоҳед овард.
20 Ҳамин ки Уршалимро дар иҳотаи аскарон дидед, бидонед, ки вақти вайрон шудани он наздик аст.
21 Он вақт касоне, ки дар Яҳудия ҳастанд, ба кӯҳистон гурезанд. Касоне, ки дар ин шаҳр ҳастанд, аз ин ҷо бираванд ва касоне, ки дар деҳот ҳастанд, ба шаҳр барнагарданд.
22 Чун он рӯзҳо, ҳамчун иҷрошавии гуфтаҳои навиштаҷот, рӯзҳои ҷазо мешаванд.
23 Вой бар ҳоли ҳомиладорон ва модароне, ки кӯдаки ширхӯр хоҳанд дошт, чунки дар замин мусибати бузурге ба амал меояду ин мардум гирифтори ғазаб мешавад.
24 Баъзеҳо аз дами шамшер ҳалок мегарданду дигаронро ба мамлакатҳои гуногун асир карда мебаранд. Ғайрияҳудиён бошанд, то вақти ба охир расидани давраи онҳо, Уршалимро поймол мекунанд.
25 Дар офтобу моҳу ситорагон аломатҳо зоҳир мешаванд ва дар рӯйи замин мардум ба ғаму андӯҳ печида, аз хурӯши баҳру мавҷҳо ба ҳайрат меафтанд.
26 Аз барои он ки ҳама чиз дар осмон ба ҷунбиш меояд, одамон аз наздик шудани мусибате, ки ба сари ҷаҳон меояд, тарсида беҳуш мешаванд.
27 Дар он вақт одамон Писари Одамизодро мебинанд, ки дар абр бо қудрат ва шуҳрату ҷалоли бузурге меояд.
28 Вақте ки ба амал омадани ин гуфтаҳо сар мешавад, қомататонро рост карда саратонро боло бардоред, чунки вақти озод шуданатон наздик аст».
29 Баъд Исо ба онҳо чунин масалеро нақл кард: «Ба дарахти анҷир ва дигар дарахтҳо нигоҳ кунед.
30 Вақте мебинед, ки онҳо барг мебароранд, медонед, ки тобистон аллакай наздик аст.
31 Ҳамин тавр ҳангоме ки ба амал омадани ин ҳодисаҳоро мебинед, донед, ки Подшоҳии Худо наздик аст.
32 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳанӯз одамони ин насл аз олам нагузашта, ҳамаи ин ба амал меояд.
33 Замину осмон нест мешаванд, аммо гуфтаҳои Ман то абад мемонанд.
34 Пас, бохабар бошед, ки дилҳои шумо саргарми айшу ишрат, бадмастӣ ва ташвишҳои ин рӯзгор нашавад ва он рӯз ногаҳон,
35 мисли дом барои шумо фаро нарасад. Он рӯз ба сари тамоми сокинони рӯйи Замин хоҳад омад.
36 Ҳамеша бедор бошед ва дуо гӯед, то қувват дошта бошед, ки аз даҳшатҳои оянда халосӣ ёбед ва дар назди Писари Одамизод истед».
37 Ҳар рӯз Исо дар маъбади Худо таълим медод ва чун бегоҳ фаро мерасид, ба кӯҳи Зайтун рафта, ҳамон ҷо шабро рӯз мекард.
38 Тамоми мардум бошанд, саҳарии барвақт барои шунидани суханони Ӯ ба ҳавлии маъбади Худо меомаданд.
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24