1 Баъд тамоми шӯро аз ҷой бархеста, Исоро ба назди ҳоким Пилотус бурданд
2 ва ба айбдор кардани Ӯ шурӯъ намуда, гуфтанд: «Мо аниқ кардем, ки ин одам мардуми моро аз роҳ мезанад. Вай ба шоҳаншоҳ супоридани андозро манъ мекунад ва ҳатто Худро Масеҳ ва Подшоҳ меномад».
3 Пилотус аз Ӯ пурсид: «Магар Ту Шоҳи Яҳудиён ҳастӣ?» Исо ба вай ҷавоб дод: «Ту худат ҳамин тавр мегӯйӣ».
4 Пилотус ба коҳинони калон ва мардум гуфт: «Ман дар Ӯ ҳеҷ айб наёфтам».
5 Вале онҳо дар гапи худ истода мегуфтанд: «Ӯ бо таълимоташ тамоми мардуми Яҳудияро ба шӯр меандозад. Аз Ҷалил сар карда то ин ҷо омад».
6 Пилотус инро шунида пурсид: «Ин одам аз Ҷалил аст?»
7 Ва чун фаҳмид, ки Исо аз вилояте будааст, ки дар зери ҳукмронии Ҳиродус аст, Ӯро ба назди Ҳиродус фиристод. Худи Ҳиродус ҳамон вақт дар Уршалим буд.
8 Ҳиродус Исоро дида, бисёр хурсанд шуд, зеро кайҳо боз Ӯро дидан мехост ва азбаски дар борааш бисёр чизҳоро шунида буд, умед дошт, ки ягон муъҷизаи Исоро мебинад.
9 Вай ба Исо саволҳои бисёре дод, вале Ӯ ҳеҷ ҷавобе намедод.
10 Коҳинони калон ва устодони шариат бошанд, дар он ҷо истода бо шиддати хашму ғазаб Ӯро айбдор менамуданд.
11 Ҳиродус ҳамроҳи сарбозонаш Исоро таҳқир ва масхара кард. Баъд ба Ӯ ҷомаи шоҳона пӯшонда, боз ба назди Пилотус фиристод.
12 Гарчанде пештар Ҳиродус ва Пилотус бо якдигар душман буданд, аз ҳамон рӯз сар карда бо ҳам дӯст шуданд.
13 Пилотус коҳинони калон, роҳбарон ва мардумро даъват карда,
14 ба онҳо гуфт: «Шумо ин одамро ҳамчун вайронкунандаи халқ ба назди ман овардед. Ман дар ҳузури шумо ба Вай савол дода фаҳмидам, ки ин одам дар ягон ҷинояте, ки шумо Ӯро гунаҳкор мекунед, айбдор нест.
15 Ҳиродус ҳам дар Ӯ ягон айбе наёфта, Ӯро боз ба назди мо фиристод. Пас ин одам ҳеҷ коре накардааст, ки сазовори марг бошад.
16-17 Ман фармон медиҳам, ки Ӯро қамчинкорӣ кунанд ва баъд озод мекунам».
18 Ҳамин вақт ҳама бо як овоз дод заданд: «Қатл кунед Ӯро! Барои мо Барабборо озод кунед!»
19 Бараббо одаме буд, ки аз барои бардоштани шӯриш дар шаҳр ва одамкушӣ ба ҳабс партофта шуда буд.
20 Пилотус, ки Исоро озод кардан мехост, боз ба онҳо сухан гуфт.
21 Вале онҳо дод мезаданд: «Ӯро ба салиб мехкӯб кунед! Мехкӯб кунед!»
22 Пилотус бори сеюм ҳам ба онҳо гуфт: «Чаро? Охир Ӯ чӣ бадие кардааст? Ман дар Ӯ ҳеҷ айбе наёфтам, ки сазовори марг бошад. Ман Ӯро қамчинкорӣ карда озод менамоям».
23 Вале онҳо беист, бо тамоми овоз дод мезаданду талаб мекарданд, ки Исо ба салиб мехкӯб карда шавад. Онҳо бо доду фарёди худ гапашонро гузаронданд
24 ва Пилотус ҳамон ҳукмеро баровард, ки онҳо талаб мекарданд.
25 Мувофиқи хоҳиши онҳо вай шахсеро, ки барои шӯриш ва одамкушӣ ба ҳабс партофта шуда буд, озод кард. Исоро бошад, ба ихтиёри онҳо супорид.
26 Сарбозон Исоро барои ба қатл расондан мебурданд. Он гоҳ Шимъун ном марде, ки аз деҳаи Қайравон буд, аз деҳа омада истода буд. Сарбозон Шимъунро боздошта, ба китфаш салибро бор карданд, ки аз ақиби Исо бардошта барад.
27 Аз ақиби Исо одамони бешуморе мерафтанд ва дар байни онҳо заноне буданд, ки барои Ӯ зор-зор мегиристанд.
28 Исо ба онҳо рӯ оварда, гуфт: «Эй занҳои Уршалим, ба ҳоли Ман гиря накунед! Ба ҳоли худ ва фарзандонатон гиря кунед.
29 Зеро рӯзҳое меоянд, ки одамон чунин мегӯянд: „Хушбахтанд занҳое, ки нозой ҳастанд, таваллуд накардаанд ва фарзанд намакондаанд“.
30 Он вақт одамон ба кӯҳҳо хоҳанд гуфт: „Ба сари мо биафтед!“ ва ба теппаҳо хоҳанд гуфт: „Моро пӯшонед!“
31 Агар бо Ман, ки мисли дарахти сабз ҳастам, чунин рафтор кунанд, аҳволи онҳое, ки мисли дарахти хушк ҳастанд, чӣ мешуда бошад?»
32 Ҳамроҳи Исо боз ду ҷинояткорро ба қатл мебурданд.
33 Чун ба ҷое, ки «Косахонаи Сар» ном дорад, расиданд, Исоро ба салиб мехкӯб карданд. Он ҷинояткоронро низ, якеро аз тарафи рост ва дигареро аз тарафи чапи Ӯ ба салибҳо мехкӯб карданд.
34 Исо гуфт: «Эй Падар! Онҳоро бубахш, зеро намедонанд, ки чӣ кор мекунанд!» Сипас, сарбозон барои тақсим кардани либоси Исо қуръа партофтанд.
35 Мардум рост истода, тамошо мекарданд. Роҳбарони халқ бошанд, ба ҳоли Исо хандида мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медод, канӣ, агар Масеҳ ва Интихобшудаи Худо бошад, Худро наҷот диҳад!»
36 Сарбозон низ Ӯро масхара менамуданд. Онҳо ба Исо наздик шуда, ба Ӯ сирко дароз карданд ва
37 гуфтанд: «Агар Ту Шоҳи Яҳудиён бошӣ, Худатро наҷот деҳ!»
38 Ба лавҳае, ки болотар аз сари Исо зада шуда буд, чунин навиштанд: «Ин Шоҳи Яҳудиён аст».
39 Яке аз ҷинояткорони мехкӯбшуда ба Исо таъна зада, мегуфт: «Магар Ту Масеҳ нестӣ? Пас ҳам Худату ҳам моро наҷот деҳ!»
40 Вале дуюмин дар ҷавоб ӯро сарзаниш карда, гуфт: «Магар аз Худо наметарсӣ? Охир, мо ҳам ба марг маҳкум шудаем.
41 Вале ҷазои мо аз рӯйи адолат аст, зеро он чиро сазовор будем, ҳамонро гирифтем. Вай бошад, ҳеҷ кори баде накардааст».
42 Баъд ӯ гуфт: «Исо, илтимос, вақте ки дар тахти Подшоҳиат мешинӣ, маро ба ёдат биёр».
43 Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки худи ҳамин рӯз бо Ман дар биҳишт мешавӣ».
44 Қариби нисфирӯзӣ буд, ки тамоми рӯйи заминро торикӣ фаро гирифт ва то соати се давом ёфт.
45 Офтоб рӯшноӣ намекард ва ҳамин вақт пардае, ки ҷойи муқаддастарини маъбади Худоро ҷудо мекард, дарида, ду пора шуд.
46 Исо бо овози баланд нидо кард: «Эй Падар! Рӯҳи Худро ба дасти Ту месупорам!» Инро гуфта, ҷон дод.
47 Яке аз сардорони лашкар ин ҳодисаро дида, Худоро ҳамду сано хонд ва гуфт: «Дар ҳақиқат ин мард бегуноҳ буд».
48 Тамоми мардуме, ки ба тамошои ин ҳодиса ҷамъ омада буданд, инро дида, аз ғам мушт бар қафаси сина мезаданду ба хонаҳояшон бармегаштанд.
49 Вале ҳамаи онҳое, ки Исоро пештар мешинохтанд ва занҳое, ки бо Ӯ аз Ҷалил омада буданд, аз дур истода тамоми воқеаҳоро тамошо мекарданд.
50-51 Юсуф ном марди хубу некукор аз шаҳри Ромои яҳуднишин буд. Ӯ фаро расидани Подшоҳии Худоро интизорӣ мекашид ва бо вуҷуди аъзои шӯрои пирон буданаш, бо кору қарори баровардаи шӯро розӣ набуд.
52 Юсуф пеши Пилотус рафта, ҷасади Исоро талаб кард.
53 Ӯ онро аз салиб пойин фароварда, ба матои суф печонду ба қабре, ки дар ғоре сохта шуда буд, гузошт. То ҳол ба он қабр касеро нагузошта буданд.
54 Рӯзи шанбе, яъне рӯзи истироҳат наздик буду мардум ба он тайёрӣ медиданд.
55 Занҳое, ки бо Исо аз Ҷалил омада буданд, аз ақиби Юсуф рафта, ҳам қабр ва ҳам тарзи гӯронда шудани ҷасади Исоро диданд.
56 Баъд онҳо ба хонаҳояшон баргашта, равғанҳои хушбӯй ва молиданиҳоро тайёр намуданд. Дар рӯзи шанбе онҳо мувофиқи қонуни шариат дам гирифтанд.
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24