меню

Инҷили Луқо 22 Боб

гузариш зуд:

1 Иди Фатир, ки боз иди Наҷот ном дорад, наздик мешуд.

2 Коҳинони калон ва устодони шариат аз мардум метарсиданд, бинобар ин, роҳеро ҷустуҷӯ мекарданд, ки Исоро пинҳонӣ ба қатл расонанд.

3 Ҳамон вақт шайтон ба дили Яҳудои Исқарютӣ, ки яке аз дувоздаҳ шогирд буд, даромад.

4 Яҳудо ба назди коҳинони калон ва сардорони посбонони маъбади Худо омада, бо онҳо маслиҳат кард, ки бо кадом роҳ метавонад Исоро ба онҳо таслим кунад.

5 Онҳо шод гашта, розӣ шуданд, ки ба Яҳудо пул диҳанд.

6 Яҳудо ҳам розӣ шуд ва фурсати муносиб меҷуст, ки аз мардум пинҳонӣ Исоро ба онҳо таслим кунад.

7 Рӯзи иди Фатир ҳам фаро расид ва дар ин рӯз бояд барраи иди Наҷотро қурбонӣ мекарданд.

8 Исо Петрус ва Юҳанноро фиристода, гуфт: «Бираведу бароямон дастархони иди Наҷотро тайёр кунед».

9 Онҳо аз Ӯ пурсиданд: «Дар куҷо мехоҳӣ, ки тайёр намоем?»

10 Исо ба онҳо дар ҷавоб гуфт: «Вақте ки ба шаҳр медароед, шуморо марде пешвоз мегирад, ки кӯзаи об мебарад. Аз паси ӯ то ба хонае, ки вай медарояд, равед.

11 Ба соҳиби он хона гӯед: „Устод аз ту мепурсад, куҷост меҳмонхонае, ки Ӯ дар он бо шогирдонаш хӯроки иди Наҷотро хӯрда тавонад?“

12 Ӯ ба шумо болохонаи калонеро нишон медиҳад, ки ба тартиб оварда шудааст. Ҳама чизро дар он ҷо тайёр кунед».

13 Онҳо рафта, ҳамаро ҳамон тавре ки Исо гуфта буд, дарёфтанд ва хӯроки иди Наҷотро тайёр намуданд.

14 Ҳангоме ки вақту соаташ расид, фиристодагон ҳамроҳи Исо ба сари дастархон нишастанд.

15 Исо ба онҳо гуфт: «Бисёр мехостам, ки пеш аз азобу уқубатҳоям бо шумо ин хӯроки иди Наҷотро бихӯрам.

16 Ба шумо мегӯям, то он вақте ки иди Наҷот дар Подшоҳии Худо ба амал наояд, аз ин хӯрок дигар нахоҳам хӯрд».

17 Баъд, косаро гирифта, дуои шукрона карду гуфт: «Ҳар яки шумо инро гирифта, аз он нӯшед.

18 Ба шумо мегӯям, минбаъд то вақти омадани Подшоҳии Худо аз шираи ангур нахоҳам нӯшид».

19 Сипас, нонро гирифта, ба Худо шукр гуфт ва онро пора карда, ба шогирдонаш тақсим намуду гуфт: «Ин бадани Ман аст, ки барои шумо қурбонӣ карда мешавад. Барои ёдоварии Ман ҳамин тавр бикунед».

20 Айнан, ҳамин тарз пас аз хӯроки шом косаро гирифта, гуфт: «Дар ин коса хуни Ман аст, ки барои шумо рехта мешавад ва бо он Худо бо халқаш аҳду паймони нав мебандад.

21 Донед, ки касе, ки ба Ман хиёнат мекунад, ҳамроҳи Ман дар сари як дастархон аст.

22 Писари Одамизод ҳамон тавре, ки барояш таъйин карда шудааст, мемирад, вале вой бар ҳоли касе, ки ба Ӯ хиёнат мекунад!»

23 Фиристодагон аз якдигар пурсидан гирифтанд, ки кадоме аз онҳо ин корро мекарда бошад.

24 Дар байни шогирдон баҳсу мунозира ба амал омад, ки кадоме аз онҳо бояд бузургтар шумурда шавад.

25 Исо бошад, ба онҳо гуфт: «Подшоҳон ва ҳокимон ҳукмашонро бар мардуми худ мегузаронанд ва худро „одамдӯст“ меноманд.

26 Аммо дар байни шумо набояд ин тавр бошад. Бигзор бузургтарин аз байни шумо мисли хурдтарин рафтор бикунад ва сардор мисли хизматгор.

27 Пас, кӣ бузургтар аст? Оне, ки дар сари дастархон нишастааст ва ё касе, ки ба вай хизмат мекунад? Магар на он касе, ки дар сари дастархон нишастааст? Вале Ман дар мобайни шумо мисли хизматгор ҳастам!

28 Вақте ки аз озмоишҳо мегузаштам, ҳамроҳам будед.

29 Чунон ки Падарам ба Ман Подшоҳиро супоридааст, Ман низ онро ба шумо месупорам,

30 то ки шумо дар Подшоҳии Ман аз дастархонам бихӯреду бинӯшед ва дар тахтҳо нишаста, ба дувоздаҳ қабилаи Исроил ҳукмронӣ кунед».

31 Исо гуфт: «Шимъун, Шимъун! Бидон, ки шайтон талаб кард, ки ҳамаи шуморо мисли гандум аз ғалбер гузаронад.

32 Вале Ман барои ту дуо кардам, то ки имонатро аз даст надиҳӣ ва вақти тавба карда баргаштанат, бародарони худро устувор гардонӣ».

33 Петрус ба Ӯ гуфт: «Хоҷа! Ман тайёр ҳастам, ки бо Ту ҳам ба ҳабс ва ҳам ба мурдан биравам!»

34 Вале Исо гуфт: «Ба ту мегӯям, эй Петрус! Худи ҳамин рӯз, пеш аз он ки хурӯс ҷеғ занад, ту се бор инкор мекунӣ, ки Маро мешиносӣ».

35 Исо аз шогирдон пурсид: «Вақте ки Ман шуморо бе пул, бе борхалта ва бе пойафзор фиристода будам, магар аз ягон чиз камбудӣ доштед?» Онҳо ҷавоб доданд: «Не, надоштем».

36 Ӯ ба онҳо гуфт: «Вале акнун, бигзор он касе, ки пул дорад, пулу борхалтаашро бо худ бигирад. Агар шамшер надошта бошад, бигзор ҷомаашро фурӯхта, харад.

37 Ба шумо мегӯям, дар навиштаҷот гуфта шудааст: „Ӯро ба қатори ҷинояткорон дароварданд“. Ин гуфтаҳо дар бораи Ман бояд иҷро шаванд, зеро ҳамаи он чизе, ки дар ҳаққи Ман навишта шудааст, иҷро мешавад».

38 Онҳо гуфтанд: «Худовандо! Ана дар ин ҷо ду шамшер ҳаст». Вай ҷавоб дод: «Бас кунед!»

39 Исо аз шаҳр баромада, чун ҳарвақта ба кӯҳи Зайтун равона шуд. Шогирдон низ аз ақиби Ӯ рафтанд.

40 Ба он ҷо расида, Исо ба онҳо гуфт: «Дуо кунед, то ки ба васваса наафтед».

41 Худаш бошад, ба масофаи партофтани санге аз онҳо дур шуд ва ба зону истода дуо кард:

42 «Эй Падар! Илтимос мекунам, ин косаи азобро аз сари Ман дур кун. Аммо бигзор на хости Ман, балки хости Ту иҷро шавад!»

43 Аз осмон фариштае зоҳир шуд ва ба Ӯ қувват бахшид.

44 Исо аз дарду сӯзиши зиёд бо ҷидду ҷаҳди бештаре дуо мекард ва арақи баданаш аз Ӯ мисли қатраҳои хун ба замин мечакид.

45 Баъд аз дуо Исо бархеста, ба назди шогирдон баргашта дид, ки онҳо аз ғаму ғусса бемадор шуда хобидаанд.

46 Пас, ба онҳо гуфт: «Чаро хоб рафтаед? Бархеста дуо кунед, то ки ба васваса наафтед».

47 Ҳанӯз Ӯ суханашро тамом накарда, тӯдаи одамон пайдо шуд ва пешопеши онҳо ҳамоне меомад ки Яҳудо ном дошту яке аз он дувоздаҳ шогирд буд. Вай ба Исо, наздик шуд, то ки Ӯро бибӯсад.

48 Исо ба вай гуфт: «Яҳудо, магар бо ин бӯсаат Писари Одамизодро таслим мекунӣ?»

49 Пас шогирдоне, ки дар гирди Исо истода буданд, оқибати корро пай бурда гуфтанд: «Хоҷа! Бо шамшер бизанем?»

50 Ва яке аз онҳо ба ғуломи саркоҳин ҳамла оварду гӯши росташро бурида партофт.

51 «Бас кунед, бас!» – гуфт Исо ва ба гӯши ғулом даст расонда, ӯро шифо дод.

52 Баъд ба коҳинони калон, сардорони посбонони маъбади Худо ва пирони қавм, ки барои дастгир намудани Ӯ омада буданд, гуфт: «Ба фикри шумо Ман ягон роҳзан ҳастам, ки бо калтаку шамшерҳо омадаед?

53 Ҳар рӯз ҳамроҳатон дар маъбади Худо будам ва шумо ба Ман даст боло намекардед. Аммо ҳоло вақти шумо ва вақти ҳукмронии торикӣ расидааст».

54 Онҳо Исоро дастгир намуда, ба хонаи саркоҳин бурданд. Петрус дар масофаи каме дуртар аз пушташон омад.

55 Дар мобайни ҳавлӣ оташ даргиронданд ва одамон гирди он якҷоя нишастанд. Петрус ҳам бо онҳо нишаст.

56 Канизаке ӯро дар рӯшноии оташ дида, бодиққат ба ӯ нигоҳ кард ва гуфт: «Ин одам ҳам бо Исо буд!»

57 Вале Петрус инкор карда гуфт: «Эй хоҳар! Ман Ӯро намешиносам».

58 Баъд аз чанд муддат як одами дигар вайро дида, гуфт: «Ту ҳам яке аз онҳо ҳастӣ». «Не ако, нестам!» – гуфт Петрус.

59 Тахминан як соат гузашту боз як нафар бо боварии комил гуфт: «Аниқ ин кас ҳам бо Исо буд, чунки ӯ низ ҷалилӣ аст».

60 «Гӯш кун, ман намедонам, ту чиҳо гуфта истодаӣ», – гуфт Петрус. Ҳамон лаҳза вақте ки инро мегуфт, хурӯс ҷеғ зад.

61 Худованд Исо ба Петрус рӯй оварда нигоҳ кард ва сухани Ӯ ба хотири Петрус омад. Ӯ гуфта буд, ки худи ҳамин рӯз, пеш аз ҷеғ задани хурӯс, вай се бор Исоро инкор мекунад.

62 Петрус аз ҳавлӣ берун баромада, зор-зор гиря кард.

63 Одамоне, ки Исоро дастгир намуда буданд, Ӯро масхара карда мезаданд.

64 Чашмонашро баста, аз Ӯ мепурсиданд: «Агар пайғамбар бошӣ, канӣ, гӯй, ки Туро кӣ зад?»

65 Ва Ӯро бисёр ҳақорат мекарданд.

66 Вақте ки рӯз шуд, ҷамоате аз пирони қавм, коҳинони калон ва устодони шариат ҳамроҳ шуда, Исоро ба шӯрои пирон оварданд.

67 Онҳо гуфтанд: «Бигӯ, ки оё Ту Таъйиншудаи Худо ҳастӣ?» Исо гуфт: «Агар гӯям, бовар намекунед

68 ва агар Худам савол диҳам, ҷавоб намегардонед.

69 Вале минбаъд Писари Одамизод аз дасти рости Худои Пурқудрат хоҳад нишаст».

70 Онҳо ҳамаашон гуфтанд: «Пас, Ту-чӣ, Писари Худо ҳастӣ?» Ӯ ҷавоб дод: «Шумо худатон мегӯед, ки Ман ҳастам».

71 Пас, онҳо гуфтанд: «Боз чӣ далеле ба мо лозим аст? Худи мо ҳама чизро аз забони Ӯ шунидем!»

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24