меню

Инҷили Луқо 12 Боб


1 Дар ин миён ҳазорон-ҳазор одамон ҷамъ омада, якдигарро тела медоданд ва Исо аввал ба шогирдони Худ муроҷиат карда, гуфт: «Худро аз хамиртуруши фарисиён, ки дурӯягӣ аст, эҳтиёт кунед.

2 Зеро ҳеҷ чизи пӯшидае нест, ки ошкор нашавад ва ҳеҷ чизи пинҳоне нест, ки маълум нагардад.

3 Пас он чиро, ки махфӣ гуфта будед, кушоду равшан хоҳанд шунид ва он чиро, ки шумо дар пинҳонӣ пичиррос зада гуфтед, аз болои боми хонаҳо бо овози баланд эълон хоҳанд кард.

4 Ба шумо мегӯям: Эй дӯстонам, аз онҳое, ки ҷисматонро мекушанд ва баъд аз он ҳеҷ кори дигаре карда наметавонанд, натарсед.

5 Ман ба шумо мефаҳмонам, ки аз кӣ бояд тарсед. Аз Ҳамоне тарсед, ки баъд аз куштан қудрат дорад, ки шуморо ба дӯзах партояд. Бале, ба шумо мегӯям, ки аз Ӯ тарсед.

6 Арзиши панҷ гунҷишк фақат ду танга аст. Бо вуҷуди ин Худо ҳеҷ кадоме аз онҳоро фаромӯш намекунад

7 ва ҳатто шумораи торҳои мӯятонро медонад. Бинобар ин, натарсед, арзиши шумо аз бисёр гунҷишкҳо ҳам зиёдтар аст.

8 Ба шумо мегӯям: ҳар кӣ дар пеши мардум мегӯяд, ки пайрави Ман аст, Ман низ, ки Писари Одамизод ҳастам, дар назди фариштагони Худо пайрави Ман буданашро тасдиқ мекунам.

9 Лекин ҳар кӣ дар пеши мардум Маро рад кунад, Ман низ дар пеши фариштагони Худо ӯро рад мекунам.

10 Ҳар кас, ки бар зидди Писари Одамизод сухан мегӯяд, бахшида мешавад, лекин касеро, ки бар зидди Рӯҳулқудс сухани куфр мегӯяд, Худо ҳаргиз намебахшад.

11 Вақте шуморо ба ҷамоатхонаҳо, ба назди сардорону ҳукуматдорон мебаранд, ғам нахӯред, ки чӣ хел бояд ҷавоб диҳед ё чӣ бояд гӯед.

12 Зеро Рӯҳулқудс ба шумо ёд медиҳад, ки ҳамон вақт чӣ бояд гӯед».

13 Марде аз байни мардум ба Исо гуфт: «Устод! Ба бародарам бигӯй, ки меросро бо ман тақсим кунад».

14 Исо ҷавоб дод: «Эй одам, кӣ Маро бар шумо қозӣ ё довар таъйин кардааст?»

15 Сипас, ба ҳама муроҷиат карда гуфт: «Аз ҳар гуна чашмгуруснагӣ ҳазар кунед, зеро ҳаёти одам аз бисёрии дороиаш иборат нест».

16 Баъд ба онҳо масалеро гуфт: «Замини як марди доро ҳосили фаровон дод.

17 Вай ба худ фикр кард: „Чӣ кор бояд кунам, охир барои ҷамъ кардани ҳосили худ ҷое надорам?“

18 Баъд гуфт: „Ана чӣ кор мекунам – анборҳои худро вайрон карда, анборҳои калонтар месозам. Баъд тамоми ҳосилу сарватамро ба он ҷо бурда,

19 ба худ мегӯям: Ту сарвати бисёре дорӣ, ки барои солҳои зиёде мерасад. Акнун роҳат кун, бихӯр, бинӯш ва кайфу сафо карда гард“.

20 Вале Худо ба вай гуфт: „Эй беақл! Ҳамин шаб ҷонат аз ту гирифта мешавад. Пас, он чи захира кардаӣ, насиби кӣ мегардад?“

21 Ҳамин тавр бо ҳар касе мешавад, ки барои худ сарват ҷамъ мекунад, вале дар назари Худо доро нест».

22 Исо ба шогирдонаш гуфт: «Бинобар ин ба шумо мегӯям, ки ғами зиндагиатонро нахӯред, ки чӣ мехӯред ва ғами бадани худро нахӯред, ки чӣ мепӯшед.

23 Охир зиндагӣ фақат аз хӯрок ва бадан фақат аз пӯшок иборат нест.

24 Ба зоғҳо нигоҳ кунед, онҳо на киштукор мекунанд, на ҳосил ҷамъ мекунанд, на анбор доранду на каҳдон, вале Худо онҳоро мехӯронад ва арзиши шумо нисбат ба парандаҳо чанд маротиба баландтар аст!

25 Кадоме аз шумо бо ғам хӯрдан умри худро ақаллан як соат дарозтар карда метавонад?

26 Пас, агар шумо чунин як кори ночизро карда натавонед, чаро ғами чизҳои дигарро мехӯред?

27 Ба нашъунамои гулҳои савсан нигоҳ кунед: Онҳо на меҳнат мекунанду на ришта мересанд, лекин ба шумо мегӯям, ки ҳатто шоҳ Сулаймон бо тамоми ҳашамату дороиаш мисли яке аз онҳо либоси зебое напӯшидааст.

28 Пас, агар Худо алафу гиёҳеро, ки имрӯз дар саҳро ҳасту пагоҳ ба танӯр партофта мешавад, чунин пӯшонад, шуморо низ, эй сустимонҳо, чанд маротиба беҳтар аз он пӯшонда метавонад!

29 Ғам нахӯред ва аз пайи он нашавед, ки чӣ мехӯреду чӣ менӯшед,

30 чунки халқҳои дигар аз пайи ҳамаи ин чизҳо мебошанд, вале Падари шумо медонад, ки шумо ба ин чизҳо эҳтиёҷ доред.

31 Баръакс, Подшоҳии Ӯро биҷӯед ва Ӯ ин чизҳоро низ ба шумо медиҳад.

32 Эй шумо, ки рамаи хурди Худо ҳастед, натарсед! Зеро хости Падаратон чунин аст, ки Подшоҳиро ба шумо диҳад.

33 Он чиро, ки доред, фурӯшеду ба камбағалон тақсим кунед. Сарватеро ба даст оред, ки ҳеҷ вақт кам намешавад. Сарвати бепоён дар осмон ҷамъ кунед, ки дасти дузд ба он ҷо намерасад ва онро кирм намезанад.

34 Зеро ҳар ҷое, ки сарват доред, фикру хаёли шумо низ дар он ҷо хоҳад буд.

35 Ҳар яки шумо миёни худро бандеду чароғҳоятонро равшан нигоҳ доред.

36 Ба монанди хизматгороне бошед, ки интизори аз сурбазм баргаштани хӯҷаинашон ҳастанд, то ки вақти баргашта дарро кӯфтани хӯҷаинашон, онро зуд ба рӯяш кушоянд.

37 Хушбахтанд хизматгороне, ки хӯҷаинашон онҳоро ҳангоми баргаштан бедор меёбад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки худи хӯҷаин миёнашро баста, онҳоро ба сари дастархон мешинонад ва ба онҳо хизмат мекунад.

38 Хушбахтанд онҳое, ки хӯҷаинашон хоҳ ними шаб, хоҳ наздики субҳ баргашта, онҳоро бедор меёбад.

39 Бидонед, ки агар соҳибхона вақту соати омадани дуздро донад, намегузорад, ки дузд ба хонааш дарояд.

40 Шумо низ бояд барои омадани Писари Одамизод ҳамеша тайёр бошед, чунки Вай соате меояд, ки мунтазираш нестед».

41 Петрус гуфт: «Хоҷа! Ин масалро танҳо барои мо гуфтӣ ё барои ҳама?»

42 Худованд Исо ҷавоб дод: «Хизматгори бовафову хирадманд кист? Касест, ки хӯҷаинаш ӯро дар хоҷагии худ назоратбар таъйин мекунад ва ба хизматгорон саривақт тақсим кардани хӯрокро ба уҳдааш мегузорад.

43 Хушо хизматгоре, ки хӯҷаинаш омада, вайро машғули ҳамин кор меёбад.

44 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки хӯҷаинаш вайро бар тамоми молу мулкаш назоратбар таъйин менамояд.

45 Вале агар он назоратбар фикр кунад, ки хӯҷаинаш дер меояд ва дигар хизматгорону канизонро латукӯб кунад ва ба хӯрдану нӯшидану мастигарӣ машғул шавад,

46 хӯҷаини назоратбар дар рӯзе, ки вай мунтазир нест ва дар соате, ки гумон надорад, меояд. Ӯ ин назоратчиро ду пора карда, ба қисмати бевафоён гирифтор мекунад.

47 Хизматгоре, ки хоҳиши хӯҷаинашро медонад, вале онро иҷро намекунад ва иҷро карданӣ ҳам нест, сахт латукӯб карда мешавад.

48 Аммо хизматгоре, ки хости хӯҷаинашро надониста, кори баде мекунад, ҷазои сабуктаре мебинад. Ба ҳар касе, ки зиёд дода шудааст, аз ӯ низ зиёд пурсида мешавад ва ба ҳар касе, ки чизи бисёре боварӣ карда шудааст, аз вай низ бисёртар талаб карда мешавад.

49 Ман омадам, ки дар рӯйи замин оташ даргиронам ва сахт мехоҳам, ки он зудтар фурӯзон гардад.

50 Ман бояд бо азоби марговар таъмид бигирам ва то ба амал омадани ин кор сахт ғамгин ҳастам.

51 Фикр накунед, ки Ман барои ба замин сулҳ овардан омадаам. Баръакс, барои ҷудоӣ андохтан омадаам.

52 Баъд аз ин, агар дар хонае панҷ нафар бошанд, аз ҳам ҷудо хоҳанд шуд: се нафар ба ду нафар ва ду нафар ба се нафар зид мебароянд.

53 Падар бар зидди писар ва писар бар зидди падар, модар бар зидди духтар ва духтар бар зидди модар, хушдоман бар зидди арӯс ва арӯс бар зидди хушдоман мебарояд».

54 Ҳамчунин Исо ба мардум гуфт: «Вақте мебинед, ки аз ғарб абре пайдо мешавад, дарҳол мегӯед: „Борон меборад“ ва чунин мешавад.

55 Ва ҳангоме ки боди ҷанубӣ мевазад, мегӯед: „Ҳаво гарм мешавад“ ва ҳамин тавр ҳам мешавад.

56 Эй дурӯяҳо! Шумо аломатҳои замину осмонро дида, боду ҳаворо фаҳмида метавонеду чаро замони фаро расидаро муайян карда наметавонед?

57 Барои чӣ худи шумо фикр карда ба хулосае намеоед, ки чӣ бояд кунед?

58 Охир, вақте ки бо даъвогар ба пеши қозӣ меравед, бояд ҳаматарафа кӯшиш кунед, ки дар роҳ бо даъвогар оштӣ шавед, то ки ӯ шуморо ба назди қозӣ набарад ва қозӣ шуморо ба дасти зиндонбон насупорад ва зиндонбон шуморо ба зиндон наандозад.

59 Ба ростӣ мегӯям, ки то тангаи аз ҳама охиринатонро надиҳед, аз ҳабс намебароед».

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24