меню

Инҷили Луқо 5 Боб


1 Як рӯз Исо дар канори баҳри Ҷинесор меистод ва мардуми бисёре, ки мехостанд каломи Худоро бишнаванд, аз ҳар тараф ба Ӯ фишор меоварданд.

2 Исо ду қаиқеро дид, ки дар соҳили баҳр гузошта шуда буданд ва моҳигирон аз онҳо берун омада, тӯрҳоро мешустанд.

3 Ӯ ба яке аз қаиқҳо, ки соҳибаш Шимъун буд, савор шуда, аз ӯ хоҳиш кард, ки қаиқро аз соҳил каме дуртар ронад. Баъд нишаста, аз қаиқ мардумро таълим медод.

4 Дар охири суханаш Ӯ ба Шимъун ва ҳамроҳонаш гуфт: «Қаиқро ба мобайни баҳр бурда, тӯрҳоятонро барои сайди моҳӣ ба об андозед».

5 Шимъун ҷавоб дод: «Устод! Мо тамоми шаб заҳмат кашидем ва чизе сайд накардем, вале тӯрро ба об меандозем, чунки Ту мефармоӣ».

6 Вақте ин корро карданд, он қадар моҳӣ сайд шуд, ки тӯрҳояшон ба кандан даромаданд.

7 Пас, ба шарикони худ, ки дар қаиқи дигар буданд, ишорае карданд, то ба ёриашон биёянд. Онҳо омада, ҳар ду қаиқро то дараҷае аз моҳӣ пур карданд, ки қариб ғарқ мешуданд.

8 Шимъуни Петрус ин ҳолатро дида, пеши пойҳои Исо афтода, гуфт: «Эй Хоҷаам! Аз пеши ман биравед, чунки ман одами гунаҳкор ҳастам».

9 Ӯ инро барои он гуфт, ки худаш ва ҳамроҳонаш аз сайди бешумори моҳиёне, ки ба даст оварда буданд, ба ҳайрат афтоданд.

10 Яъқубу Юҳанно низ, ки писарони Забдой ва шарикони Шимъун буданд, ҳайрон шуданд. Вале Исо ба Шимъун гуфт: «Натарс, аз ин пас мардумро монанди моҳӣ ҷамъ мекунӣ».

11 Сипас моҳигирон қаиқҳоро ба соҳил бароварданд ва ҳамаи корҳояшонро партофта, Исоро пайравӣ карданд.

12 Исо дар шаҳре буд, ки дар он ҷо марде аз сар то по гирифтори бемории пӯст буд. Он бемор Исоро дида, рӯй ба замин ниҳоду илтимос кард: «Хоҷа, агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок созӣ».

13 Он гоҳ Исо дасташро ба ӯ расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам, пок шав!» ва ҳамон дам пӯсташ сиҳат шуд.

14 Баъд, Исо ба ӯ амр дода, гуфт: «Дар бораи ин воқеа ба касе нагӯй, балки рост назди коҳин рафта, худро нишон деҳ. Баъд барои пок шудани худ, чӣ тавре ки Мусо фармудааст, қурбонӣ бикун, то ба мардум шаҳодате гардад».

15 Аммо ба ин нигоҳ накарда, овозаи Исо торафт паҳн мешуд. Шумораи зиёди мардум барои шифо ёфтан аз бемориҳои худ ва шунидани сухани Ӯ дар атрофаш ҷамъ меомаданд.

16 Исо бошад, барои дуо кардан ба ҷойи беодам мерафт.

17 Рӯзе Исо машғули таълим буд. Чанд нафар аз равияи фарисиён ва устодони шариат, ки аз Яҳудияву Уршалим ва тамоми деҳоти Ҷалил омада буданд, дар он ҷо менишастанд. Қудрати Худованд барои шифо додан бо Исо буд.

18 Ҳамин вақт чанд нафар як марди шалро бо ҷойгаҳаш бардошта оварданд. Онҳо кӯшиш карданд, ки ӯро ба даруни хона дароварда, дар пеши Исо гузоранд,

19 вале аз сабаби бисёр будани мардум дароварда натавонистанд. Пас ба болои хона баромада, баъзе сафолҳои бомро гирифта, шалро бо ҷойгаҳаш ба даруни хона, ба миёни мардум, пеши Исо фароварданд.

20 Исо имони онҳоро дида, ба шал гуфт: «Дӯстам! Гуноҳҳоят бахшида шуданд».

21 Вале устодони шариату фарисиён аз дил гузаронданд: «Ин кист, ки суханони куфр мегӯяд? Ғайр аз Худо кӣ гуноҳҳоро бахшида метавонад?»

22 Исо бошад, фикри онҳоро фаҳмида, ҷавоб дод: «Чаро дар дили худ чунин фикрҳо доред?

23 Кадомаш осонтар аст: гуфтани он ки „гуноҳҳои ту бахшида шуданд“ ё гуфтани он ки „бархез ва роҳ гард“?

24 Пас Ман ба шумо исбот мекунам, ки Писари Одамизод дар рӯйи замин ҳаққи бахшидани гуноҳҳоро дорад». Ӯ ба шал гуфт: «Ба ту мегӯям, бархез, ҷойгаҳатро бардошта ба хонаат рав!»

25 Он мард дар пеши ҳама дарҳол аз ҷояш хест ва ҷойгаҳашро, ки дар рӯйи он хобида буд, бардошта, Худоро ситоишкунон ба хонааш равона шуд.

26 Ҳама ба ҳайрат афтода, Худоро ситоиш карданд ва пур аз тарсу ҳарос шуда, мегуфтанд: «Имрӯз чизҳои ҳайратангез дидем».

27 Баъд аз ин Исо берун рафт ва Левӣ ном андозгиреро дид, ки дар ҷойи ҷамъоварии андоз менишаст. Исо ба вай гуфт: «Аз паси ман биё» ва

28 Левӣ бархест ва ҳама чизашро монда, аз паси Ӯ равона шуд.

29 Левӣ дар хонаи худ барои Исо зиёфати калон орост. Шумораи зиёди андозгирон ва дигар меҳмонон дар сари дастархон менишастанд.

30 Фарисиён ва устодони шариат ба шогирдони Исо шикоят карда, гуфтанд: «Чаро шумо бо андозгирону гунаҳкорон мехӯреду менӯшед?»

31 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба табиб на одамони солим, балки беморон муҳтоҷанд.

32 Ман ҳам барои он омадаам, ки на некукорон, балки гунаҳкоронро ба тавба даъват намоям».

33 Онҳо ба Исо гуфтанд: «Чаро шогирдони Яҳёи Таъмиддиҳанда зуд-зуд рӯза мегиранду дуо мехонанд, шогирдони фарисиён низ чунин мекунанд, вале шогирдони Ту мехӯранд ва менӯшанд?»

34 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Оё метавонед дӯстони домодро дар тӯйи арӯсӣ, модоме ки домод бо онҳост, маҷбур созед, ки рӯза гиранд?

35 Вале вақте мерасад, ки домод аз байнашон гирифта мешавад ва он гоҳ онҳо низ рӯза мегиранд».

36 Баъд ба онҳо ин масалро гуфт: «Ҳеҷ кас аз либоси нав пораеро канда, ба либоси куҳна дарбеҳ ё поргӣ намекунад, чунки ҳам либоси нав ҳайф мешавад ва ҳам дарбеҳ ё поргии нав ба либоси куҳна мувофиқ намеояд.

37 Ҳамчунин, ҳеҷ кас шароби навтайёршударо ба халтаи чармини куҳна намерезад, чунки аз турш шудани шароб халта медарад ва шароб мерезаду халта низ аз кор мебарояд.

38 Баръакс, шароби навтайёршударо бояд ба халтаи нав резанд.

39 Ҳеҷ кас баъд аз нӯшидани шароби куҳна шароби навро талаб намекунад, зеро мегӯяд, ки шароби куҳна хуб аст».

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24