Инҷили Луқо 16 Боб
1 Ҳамчунин, Исо ба шогирдонаш гуфт: «Як марди сарватманд назоратбаре дошт ва ба сарватманд шикоят карданд, ки назоратбараш молу мулки ӯро беҳуда сарф мекунад.
2 Хоҷааш вайро ҷеғ зада, гуфт: „Ман дар бораи ту чиҳо мешунавам? Ба ман ҳисобот деҳ, ки чӣ корҳо кардаӣ, чунки дигар назоратчии ман шуда наметавонӣ“.
3 Он гоҳ назоратбар аз дил гузаронд: „Чӣ кор кунам? Хоҷаам маро аз кор меронад. Ман аз уҳдаи каландзанӣ намебароям ва аз гадоӣ кардан ҳам шарм медорам.
4 Ёфтам чӣ бояд кунам. Бояд коре бикунам, ки вақти бекор монданам одамон маро ба хонаҳояшон роҳ диҳанд“.
5 Вай қарздорони хоҷаашро як-як ҷеғ зад ва якумашро пурсид: „Ту аз хоҷаам чӣ қадар қарздор ҳастӣ?“
6 Қарздор ҷавоб дод: „Сад хум равғани зайтун“. Назоратбар ба вай гуфт: „Ана забонхати ту, зуд нишаста, ба ҷойи сад панҷоҳ навис“.
7 Баъд аз дигаре пурсид: „Ту чӣ қадар қарздор ҳастӣ?“ Ӯ ҷавоб дод: „Сад халта гандум“. Назоратбар гуфт: „Ана забонхати ту, ба ҷойи сад ҳаштод навис“.
8 Вале хоҷааш назоратчии фиребгарро таъриф кард, ки зиракиашро ба кор бурда, чунин кардааст. Охир одамони ин дунё дар муносибат бо онҳое, ки мисли худашон ҳастанд, назар ба одамони нур, ки аз они Подшоҳии Худо ҳастанд, оқилтаранд.
9 Пас, Ман ба шумо мегӯям: Пулу моли ин дунёро ба он сарф намоед, ки барои худ дӯстонро пайдо бикунед, то дар вақти тамом шудани дороиятон онҳо шуморо дар хонаҳои абадӣ қабул кунанд.
10 Касе, ки дар кори майда вафодор бошад, дар кори калон ҳам вафодор мемонад. Ҳамчунин, касе, ки дар кори майда беинсоф бошад, дар кори муҳим ҳам беинсофӣ мекунад.
11 Пас, агар ба шумо дороии ин дунёро бовар карда нашавад, кӣ ба шумо сарвати ҳақиқиро бовар мекунад?
12 Ва агар ба шумо моли бегонаро бовар карда нашавад, кӣ моли худи шуморо, ба шумо медиҳад?
13 Ҳеҷ хизматгор ба ду хоҷа хизмат карда наметавонад, чунки ё якеашро дӯст медораду дигарашро бад мебинад, ё ба яке вафодор мемонаду дигарашро писанд намекунад. Шумо низ наметавонед ҳам бандаи Худо бошеду ҳам бандаи пул».
14 Фарисиён, ки пулпараст буданд, ҳамаи инро шунида, Исоро масхара карданд.
15 Вале Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо ҳамон одамоне ҳастед, ки худро дар пеши мардум беайб нишон медиҳед, лекин Худо аз дилҳои шумо бохабар аст. Чизеро, ки одамон олидараҷа мешуморанд, дар назари Худо нафратовар аст.
16 Шариати Мусо ва навиштаҳои пайғамбарон то замони Яҳёи Таъмиддиҳанда амал мекарданд. Аз вақти Яҳё сар карда, хушхабари Подшоҳии Худо эълон карда мешаваду ҳама кӯшиш мекунанд, ки зӯран вориди он Подшоҳӣ гарданд.
17 Вале нест шудани замину осмон осонтар аст аз он, ки ҳатто нуқтае аз ин шариат бекор карда шавад.
18 Ҳар кӣ аз занаш ҷудо шуда, зани дигар гирад, зино мекунад ва ҳар кӣ бо зани аз шавҳараш ҷудошуда хонадор шавад, зинокор аст.
19 Як замонҳо марди сарватманде зиндагӣ мекард, ки либоси қиматбаҳо мепӯшиду ҳар рӯз хӯроки шоҳона мехӯрд.
20 Элъозор ном камбағале, ки баданаш пур аз захмҳо буд, дар назди дарвозаи марди сарватманд дароз кашида, мехобид
21 ва орзу мекард, ки шикамашро бо пасмондаҳои дастархони сарватманд сер кунад. Ҳатто сагҳо омада, захмҳои ӯро мелесиданд.
22 Вақте ки Элъозор мурд, фариштагон ӯро бурда, ба паҳлуи Иброҳим шинонданд. Марди сарватманд низ мурд ва ӯро гӯронданд.
23 Ҳангоме ки ӯ дар дӯзах азоб мекашид, ба боло нигоҳ кард ва аз дур Иброҳимро дид, ки Элъозор дар паҳлуяш менишаст.
24 Он сарватманд фарёд зада, гуфт: „Эй падарам Иброҳим! Ба ман раҳм кунед ва Элъозорро бифиристед, то нӯги ангушташро ба об тар карда, забонамро камтар нам кунад. Ман дар ин оташ азоб мекашам“.
25 Вале Иброҳим чунин ҷавоб дод: „Ба хотир ор, писар, ки дар вақти зинда буданат чизҳои хуб насиби ту ва чизҳои бад насиби Элъозор шуда буд. Ҳоло бошад, вай дар ин ҷо роҳат меёбаду ту азоб мекашӣ.
26 Илова бар ин, байни мову шумо чунон ғори калоне вуҷуд дорад, ки агар касе аз ин тараф ба пеши шумо гузаштан хоҳад ҳам, наметавонад. Ҳамчунин аз он ҷо касе пеши мо гузашта наметавонад“.
27 Марди сарватманд гуфт: „Ин тавр ки бошад, аз шумо илтимос мекунам, эй падар, ки Элъозорро ба хонаи падари ман фиристед.
28 Охир ман панҷ бародар дорам. Бигзор онҳоро огоҳ кунад, ки ба ин ҷойи азоб наафтанд“.
29 Иброҳим ба ӯ гуфт: „Онҳо навиштаҳои Мусо ва дигар пайғамбаронро доранд. Бигзор ба суханони онҳо гӯш диҳанд“.
30 Аммо мард гуфт: „Не, падарам Иброҳим! Танҳо агар яке аз мурдагон наздашон равад, онҳо тавба карда, аз гуноҳ даст мекашанд“.
31 Иброҳим ҷавоб дод: „Модоме ки онҳо ба суханони Мусою пайғамбарон гӯш намедиҳанд, ҳатто агар мурдае зинда шавад ҳам онҳо бовар нахоҳанд кард“».
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24