меню

Инҷили Луқо 17 Боб


1 Ба шогирдонаш бошад, Исо чунин гуфт: «Васвасаҳо пайдо хоҳанд шуд, вале вой бар ҳоли он касе, ки ба воситаи вай васвасаҳо ба миён меоянд.

2 Барои вай беҳтар мешуд, ки ба гарданаш санги осиёбро овехта, ба баҳр партоянд аз он ки вай яке аз ин пайравони хурдтаринро гумроҳ кунад.

3 Пас, эҳтиёт бошед! Агар бародаратон бар шумо гуноҳе бикунад, ӯро насиҳат кунед ва агар тавба карда, аз гуноҳ даст кашад, ӯро бахшед.

4 Агар ӯ рӯзе ҳафт бор гуноҳ кунад ва ҳафт маротиба „Тавба кардам“ гӯяд, ӯро бахшед».

5 Фиристодагон ба Худованд Исо гуфтанд: «Имони моро зиёдтар кун».

6 Худованд гуфт: «Агар шумо ҳатто ба андозаи донаи хардал имон медоштед, ба ин дарахти тут „Решакан шаву ба баҳр шинонда шав“ гуфта метавонистед ва вай ба шумо итоат мекард.

7 Фарз кардем, ки ғуломи шумо ба шудгори замин ва ё ба чӯпонӣ машғул аст. Магар вақти аз киштзор баргаштанаш шумо ба вай мегӯед, ки зуд омада, назди дастархон бишинад?

8 Магар ба ӯ чунин намегӯед: „Хӯроки шомро тайёр кун ва то вақте ки ман мехӯраму менӯшам, миёнатро маҳкам баста, ба ман хизмат кун. Баъдтар худат мехӯрӣ ва менӯшӣ“?

9 Охир, шумо ба ғуломатон барои иҷро кардани фармонҳоятон ташаккур намегӯед-ку?

10 Пас, шумо низ, баъд аз он ки фармонҳои ба шумо додашударо иҷро мекунед, бигӯед: „Мо ғуломи ночиз ҳастему танҳо вазифаи худро иҷро кардем“».

11 Исо, ки ба Уршалим равона буд, қад-қади сарҳади байни Сомараву Ҷалил роҳ мерафт.

12 Ҳангоми ба як деҳа даромадан, бо даҳ касе, ки бемории пӯст дошт, рӯ ба рӯ шуд. Онҳо каме дур истода,

13 дод заданд: «Эй Исо, Хоҷа, ба мо раҳм кун!»

14 Исо онҳоро дида, гуфт: «Рафта худро ба коҳинон нишон диҳед». Онҳо рафтанд ва дар роҳ пок шуданд.

15 Яке аз онҳо чун дид, ки шифо ёфтааст, бо овози баланд Худоро ситоишкунон баргашт

16 ва худро пеши пойҳои Исо партофта, ба Ӯ миннатдорӣ баён кард. Он мард аз Сомара буд.

17 Исо пурсид: «Магар даҳ нафар аз бемориашон пок нашудаанд? Нуҳ нафари дигар куҷоянд?

18 Пас, наход ғайр аз ин марди ғайрияҳудӣ ягон нафаре аз онҳо барнагашт, ки Худоро ҳамду сано хонад?»

19 Баъд ба ӯ гуфт: «Бархезу бирав, туро имонат шифо дод».

20 Фарисиён аз Исо пурсиданд, ки кай Подшоҳии Худо фаро мерасад? Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Омадани Подшоҳии Худо ба назар намоён нест.

21 Касе ба шумо намегӯяд: „Нигоҳ кунед, вай дар ин ҷост“ ва ё „Вай дар он ҷост!“ Охир, Подшоҳии Худо аллакай дар байни шумост».

22 Вале Исо ба шогирдонаш гуфт: «Вақте мерасад, ки ба дидани яке аз рӯзҳои Писари Одамизод зор мешавед, вале онро намебинед.

23 Ба шумо мегӯянд: „Вай дар он ҷост!“ ё „Вай дар ин ҷост!“, аз қафояшон надавед.

24 Зеро Писари Одамизод дар рӯзи омаданаш мисли раъду барқе мешавад, ки дурахшида, осмонро аз як сӯ то сӯи дигар равшан мекунад.

25 Вале аввал Ӯ бояд азоби бисёре кашида, аз тарафи насли ин замон рад карда шавад.

26 Чи тавре ки дар замони Нӯҳ пайғамбар буд, замони омадани Писари Одамизод низ ҳамон тавр мешавад.

27 Зеро то рӯзи ба киштӣ даромадани Нӯҳ одамон мехӯрданду менӯшиданд, зан мегирифтанд ва ба шавҳар мебаромаданд, вале баъд тӯфон бархоста, ҳамаро несту нобуд кард.

28 Ҳамчунин, монанди замони Лут хоҳад буд, ки одамон мехӯрданду менӯшиданд, мехариданду мефурӯхтанд, мекоштанду иморат месохтанд.

29 Вале рӯзе, ки Лут аз шаҳри Садум баромад, аз осмон оташу сулфур борида, ҳамаро нест кард.

30 Рӯзе, ки Писари Одамизод зоҳир мегардад, низ ҳамон тавр хоҳад буд.

31 Агар касе он вақт дар болои бом ва чизу чорааш даруни хона бошад, барои гирифтани онҳо пойин нафарояд. Агар касе дар саҳро бошад, ба хонааш барнагардад.

32 Зани Лутро ба хотир оваред.

33 Касе, ки ҳаёташро эмин нигоҳ доштанӣ аст, онро аз даст медиҳад, вале касе ки ҳаёташро фидо мекунад, онро эмин нигоҳ медорад.

34 Ба шумо мегӯям, ки дар он шаб аз ду нафаре, ки дар як ҷогаҳ хобанд, якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад.

35-36 Аз ду зане, ки дар як осиёб гандум орд мекунанд, якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад».

37 Он гоҳ шогирдонаш аз Ӯ пурсиданд: «Эй Хоҷа, ин дар куҷо ба амал меояд?» Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Ҳар ҷое, ки ҷасад аст, парандаҳои лошахӯр дар он ҷо ҷамъ мешаванд».

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24