меню

Инҷили Луқо 10 Боб


1 Баъд аз ин, Худованд Исо боз ҳафтод нафари дигарро интихоб намуда, онҳоро ҷуфт-ҷуфт пешопеши Худ ба ҳар шаҳру деҳоте, ки рафтанӣ буд, фиристод.

2 Ӯ ба онҳо гуфт: «Ҳосил бисёр аст, вале коргарон кам. Аз ин рӯ, аз соҳиби ҳосил илтимос кунед, ки барои ғундоштани ҳосилаш коргаронро фиристад.

3 Равед! Ҳоло Ман шуморо назди одамон ҳамчун барраҳо ба байни гургҳо мефиристам.

4 Бо худ ҳеҷ пул, борхалта ва ё пойафзори иловагӣ нагиреду дар роҳ вақтатонро бо аҳволпурсии одамон сарф накунед.

5 Ба ҳар хонае, ки медароед, аввал бигӯед: „Сулҳ бод бар ин хонадон!“

6 Агар дар он ҷо шахси сулҳпарваре бошад, сулҳи шумо бо ӯ мемонад, вагарна, он ба худатон бармегардад.

7 Пас дар ба дар нагардеду дар ҳамон хона монед ва ҳар чи пешатон монанд, ҳамонро хӯреду нӯшед, зеро меҳнаткаш сазовори он аст, ки музди корашро бигирад.

8 Агар ба ягон шаҳр дароеду шуморо дар он ҷо қабул кунанд, ҳар хӯрокеро, ки пешатон гузоранд, хӯред,

9 беморони он шаҳрро шифо диҳед ва гӯед: „Подшоҳии Худо ба шумо наздик аст“.

10 Вале агар ба шаҳре дароеду шуморо қабул накунанд, дар кӯчаҳояш гашта, чунин гӯед:

11 „Ҳатто чангу хоки шаҳри шуморо, ки бар пойи мо нишастааст, бар зидди шумо меафшонем, вале аниқ донед, ки Подшоҳии Худо наздик аст“.

12 Ба шумо мегӯям, ки дар рӯзи қиёмат аҳволи мардуми бадкирдори шаҳри Садум аз ҳоли он шаҳр сабуктар хоҳад буд.

13 Эй аҳли Куразину аҳли Байтсайдо, вой бар ҳоли шумо! Зеро агар он мӯъҷизоте, ки Ман дар байни шумо нишон додам, дар шаҳрҳои пургуноҳи Сур ва Сидун рӯй медоданд, одамони он кайҳо тавба карда, бар тан либоси мотам пӯшида, мӯйканон нишаста нишон медоданд, ки онҳо аз гуноҳҳояшон даст кашидаанд.

14 Бинобар ин, дар рӯзи қиёмат аҳволи мардуми Суру Сидун аз ҳоли шумо сабуктар хоҳад буд.

15 Инчунин, шумо, эй аҳли Кафарнаҳум, гумон мекунед, ки сари шумо то ба осмон мерасад, аммо шумо ба дӯзах партофта мешавед.

16 Касе, ки шуморо, эй шогирдонам, гӯш кунад, Маро гӯш мекунад ва касе, ки аз шумо рӯй гардонад, аз Ман рӯй мегардонад ва касе, ки аз Ман рӯй гардонад, аз Фиристандаи Ман низ рӯй мегардонад».

17 Ҳафтод нафар шогирдон бо хушҳолӣ баргашта, ба Исо гуфтанд: «Хоҷа! Бо номи Ту ҳатто ҷинҳо ба мо итоат мекунанд».

18 Ӯ ба онҳо гуфт: «Ман дидам, ки шайтон мисли барқ аз осмон афтод.

19 Ҳоло Ман ба шумо қудрат додам, ки морону каждумон ва тамоми қувваи душманро поймол кунед. Ба шумо ҳеҷ чиз зарар расонда наметавонад.

20 Вале на барои он шод бошед, ки ҷинҳо ба шумо итоат мекунанд, балки барои он шодӣ кунед, ки номҳоятон дар осмон навишта шудаанд».

21 Худи ҳамон лаҳза Исо аз шодии Рӯҳулқудс пур шуда, гуфт: «Эй Падар, эй Худованди замину осмон, ба Ту шукр мегӯям, ки ин чизҳоро аз оқилон ва хирадмандон пинҳон кардию ба одамони одӣ ошкор сохтӣ. Бале, эй Падар, хоҳиши неки Ту чунин буд.

22 Падарам ҳама чизро ба Ман додааст. Ба ғайр аз Падар, дигар ҳеҷ кас Писарро намешиносад. Инчунин, ҳеҷ кас Падарро намешиносад, ба ғайр аз Писар ва онҳое, ки Писар мехоҳад Падарро барояшон зоҳир созад».

23 Сипас, Исо ба шогирдонаш рӯ оварда, фақат ба онҳо гуфт: «Шумо хушбахтед, ки ин чизҳоро мебинед!

24 Зеро ба шумо мегӯям, ки пайғамбарон ва подшоҳони бисёре мехостанд он чизҳоеро бубинанд ва бишнаванд, ки шумо мебинед ва мешунавед. Вале онҳо на диданду на шуниданд».

25 Ҳамин вақт, яке аз устодони шариат бархест ва Исоро озмуданӣ шуда, ба Ӯ чунин савол дод: «Устод! Барои ба даст овардани ҳаёти абадӣ чӣ кор бояд кунам?»

26 Исо ҳам аз вай пурсид: «Дар шариат чӣ навишта шудааст? Шумо аз он ҷо чӣ мехонед?»

27 Вай ҷавоб дод: «Худованд Худои худро бо тамоми дилу ҷон ва бо тамоми қуввату ақлу ҳушат дӯст дор ва дигаронро мисли худат дӯст дор».

28 Исо гуфт: «Дуруст ҷавоб додӣ. Ҳамин тавр бикун ва ҳаёт хоҳӣ дошт».

29 Вале ӯ худро сафед карданӣ шуда аз Исо пурсид: «Пас, „дигарон“-ро гуфта, кӣ дар назар дошта шудааст?»

30 Исо дар ҷавоб гуфт: «Марде, ки аз Уршалим ба Ариҳо мерафт, ба дасти роҳзанҳо афтид. Роҳзанҳо либосҳояшро дуздида латукӯб карданд ва дар ҳолати ниммурда партофта рафтанд.

31 Тасодуфан аз ҳамон роҳ коҳине мегузашт ва чун ӯро дид, аз тарафи дигари роҳ гузашта рафт.

32 Ҳамчунин, марде аз қабилаи Левӣ аз он ҷо мегузашт ва чун марди захмдорро дид, ӯ низ аз тарафи дигари роҳ гузашта рафт.

33 Вале марди сомарие, ки аз он ҷо мегузашт, ба вай наздик шуда, ӯро дид ва дилаш ба ҳоли ӯ сӯхт.

34 Ӯ назди он мард омада, захмҳояшро бо шароб тоза карду равған молида, баст. Баъд ӯро бардошта ба хараш савор карду ба меҳмонхонае овард ва дар ҳамон ҷо ӯро нигоҳубин намуд.

35 Рӯзи дигар ба соҳиби меҳмонхона ду тангаи нуқра дода гуфт: „Ӯро нигоҳубин кун ва агар хароҷотат аз ин зиёдтар шавад, вақти баргаштанам ба ту бармегардонам“.

36 Ба фикри ту, кадоме аз ин се нафар ба он марде, ки аз дасти роҳзанҳо ҷабр дида буд, муҳаббати зиёдтар нишон дод?»

37 Устоди шариат ҷавоб дод: «Он касе, ки ба ӯ раҳм кард». Исо гуфт: «Пас, рафта, монанди ӯ рафтор кун».

38 Исо ва шогирдонаш сафарашонро давом дода, ба деҳае омаданд. Дар ҳамон ҷо Марто ном зане Ӯро дар хонаи худ меҳмондорӣ кард.

39 Вай Марям ном хоҳаре дошт, ки пеши пойи Худованд Исо нишаста, ба суханони Ӯ гӯш медод.

40 Марто, ки аз сабаби тайёрии зиёфат ба ташвиш афтода буд, ба назди Исо омада гуфт: «Хоҷаам! Оё Ту парвое надорӣ, ки хоҳарам ҳамаи корро ба сари ман партофтааст? Охир, ба ӯ бигӯй, ки ба ман ёрӣ диҳад».

41 «Марто! Марто! – гуфт ба вай Худованд Исо, – ту ғами бисёр чизҳоро мехӯрӣ ва нороҳат ҳастӣ.

42 Вале фақат як чиз лозим аст. Марям чизи хуберо интихоб намудааст ва онро аз ӯ ҳеҷ кас гирифта наметавонад».

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24