меню

Инҷили Луқо 7 Боб


1 Баъд аз он ки Исо тамоми суханҳояшро ба мардум гуфта шуд, вориди шаҳри Кафарнаҳум гашт.

2 Дар он ҷо як сардори лашкар хизматгоре дошт, ки барояш азиз буд. Ин хизматгор бемор шуда, дар бистари марг мехобид.

3 Сардори лашкар овозаи Исоро шунида, пирони яҳудиро пеши Ӯ фиристод, то илтимос кунанд, ки омада хизматгорашро шифо диҳад.

4 Онҳо назди Исо омаданд ва бисёр илтимос карда гуфтанд: «Ин сардори лашкар сазовори он аст, ки барояш чунин корро бикунӣ,

5 чунки вай халқи моро дӯст медорад ва барои мо ҷамоатхонае сохтааст».

6 Исо ҳамроҳи онҳо рафт. Ҳангоме ки ба хона наздик мешуд, он сардор дӯстонашро фиристод, ки аз номи вай ба Исо чунин гӯянд: «Хоҷа! Аз ин зиёд заҳмат накаш, зеро ман сазовори он нестам, ки Ту аз дари ман дароӣ.

7 Ба ҳамин сабаб, худро муносиб надонистам, ки назди Ту биёям. Танҳо як амр деҳ ва хизматгорам шифо меёбад.

8 Зеро ман як фармонбардор ҳастам ва дар зери итоати худ низ сарбозонро дорам. Вақте ки ба яке „рав“ мегӯям, меравад, ба дигаре „биё“ мегӯям, меояд ва агар ба хизматгорам „фалон корро бикун“ гӯям, ӯ албатта он корро иҷро мекунад».

9 Исо инро шунида, ҳайрон шуд ва ба мардуми бешуморе, ки аз паси Ӯ меомаданд, рӯ оварда гуфт: «Ба шумо мегӯям, ки ҳатто дар байни исроилиён касеро надидам, ки чунин имони қавӣ дошта бошад».

10 Фиристодагони сардори лашкар ба хона баргашта, диданд, ки хизматгор сиҳат шудааст.

11 Дере нагузашта Исо ҳамроҳи шогирдон ва шумораи зиёди мардум ба шаҳри Ноин рафт.

12 Ӯ ба дарвозаи шаҳр наздик шуда, дид, ки мурдаеро мебароранд. Он мурда писари ягонаи бевазане буд ва сокинони зиёди шаҳр ҳамроҳи он зан равона буданд.

13 Худованд Исо он занро дида, дилаш ба ҳоли вай сӯхт ва ба ӯ гуфт: «Гиря накун».

14 Баъд наздик омада, дасти Худро рӯйи тобут гузошт ва тобутбардорон истоданд. Сипас, Ӯ гуфт: «Эй ҷавон! Ба ту мегӯям, бархез».

15 Мурда аз ҷояш бархеста нишасту ба сухан даромад ва Исо ӯро ба модараш супорид.

16 Ҳамаро тарсу ҳарос фаро гирифт ва мардум Худоро ҳамду санохонон мегуфтанд: «Худо ба халқи Худ назар андохт ва дар байни мо пайғамбари бузурге пайдо шуд».

17 Одамон дар тамоми Яҳудия ва гирду атрофи он дар бораи Исо нақл мекарданд.

18 Шогирдони Яҳё низ ба устодашон ҳамаи воқеаҳоро нақл карданд. Яҳё ду нафар аз шогирдонашро

19 ба назди Исо фиристод, то бипурсанд: «Оё Ту ҳамон Шахсе ҳастӣ, ки омаданашро пешгӯйӣ карда буданд ё мо бояд мунтазири каси дигар бошем?»

20 Онҳо ба назди Исо омада, гуфтанд: «Яҳёи Таъмиддиҳанда моро пеши Ту фиристод, то бипурсем, ки оё Ту ҳамон шахсе ҳастӣ, ки омаданашро пешгӯйӣ карда буданд ё мо бояд мунтазири каси дигар бошем?»

21 Ин ҳамон вақте буд, ки Исо мардуми зиёдеро аз бемориҳову дарду азоб шифо дода, ҷинҳоро аз одамон берун карда, чашмони бисёр кӯронро бино мекард.

22 Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Ҳар чиро, ки дидаеду шунидаед, рафта, ба Яҳё нақл кунед. Яъне бигӯед, ки чашмони кӯрон бино мешаванду шалҳо роҳ мегарданд, касоне, ки бемории пӯст доранд, пок мешаванду карҳо шунаво мешаванд, мурдагон зинда мешаванд ва ба бечорагон хушхабар эълон карда мешавад.

23 Пас хушбахт аст касе, ки дар ҳаққи Ман шакку шубҳа намекунад».

24 Баъд аз рафтани шогирдони Яҳё Исо ба мардум дар бораи Яҳё суханашро оғоз кард: «Назди Яҳё ба биёбон барои дидани чӣ рафта будед? Барои дидани найзоре, ки аз вазидани бод меҷунбад?

25 Гӯед, ки чаро рафта будед? Магар барои дидани одаме, ки либоси қимат мепӯшад? Охир онҳое, ки либоси зебо мепӯшанд ва ҳаёти пур аз айшу ишрат доранд, дар қасрҳо зиндагӣ мекунанд.

26 Барои чӣ рафта будед? Барои дидани пайғамбар? Дуруст, аммо ба шумо мегӯям, ки шумо каси бузургтар аз пайғамбарро дидаед.

27 Яҳё ҳамон шахсест, ки Худо дар борааш дар навиштаҷот гуфтааст: „Ман пешопеши Ту хабаррасони Худро мефиристам, то барои омаданат роҳ тайёр кунад“.

28 Ба шумо мегӯям, дар байни ҳамаи онҳое, ки аз модар ба дунё омадаанд, бузургтар аз Яҳё касе нест. Аммо шахси хурдтарин дар Подшоҳии Худо бузургтар аз Яҳё аст».

29 Тамоми мардум ва андозгирон низ суханони Ӯро шунида, дуруст будани роҳи Худоро тасдиқ менамуданд ва аз ин сабаб, аз дасти Яҳё таъмид гирифта буданд.

30 Вале азбаски фарисиён ва устодони шариат таъмиди Яҳёро нагирифта буданд, аз нияте, ки Худо нисбаташон дошт, рӯй гардонданд.

31 Исо суханашро давом дода, гуфт: «Одамони ин наслро бо кӣ муқоиса намоям? Онҳо ба кӣ монандӣ доранд?

32 Онҳо монанди кӯдаконе ҳастанд, ки дар кӯча бозӣ мекунанду як гурӯҳи онҳо ба гурӯҳи дигар мегӯяд: „Мо бароятон най навохтем, аммо шумо рақс накардед! Суруди мотам хондем, вале гиря накардед“.

33 Ҳоло Яҳёи Таъмиддиҳанда омадааст, ки нон намехӯраду шароб наменӯшад ва шумо мегӯед, ки ӯ ҷин дорад.

34 Писари Одамизод омадааст, ки ҳам мехӯраду ҳам менӯшад, лекин шумо мегӯед: „Ӯ марди пурхӯру бадмаст, дӯсти андозгирону гунаҳкорон аст“.

35 Вале дуруст будани ҳикмати Худо аз корҳои тамоми фарзандонаш маълум мегардад».

36 Яке аз фарисиён Исоро ба меҳмонӣ даъват кард ва Ӯ ба хонаи он фарисӣ рафта, дар сари дастархон кашпаҳлу зада нишаст.

37 Дар он шаҳр як зани пургуноҳе буд. Чун ӯ фаҳмид, ки Исо дар хонаи он фарисӣ хӯрок мехӯрад, як шишача равғани атрафшонро гирифта, ба он ҷо омад.

38 Вай аз пушт, назди пойҳои Исо истода, мегирист ва ашкҳояш ба пойҳои Исо мечакиданд. Зан бо мӯйҳояш пойҳои Ӯро мехушконид, бо эҳтиром онҳоро мебӯсид ва ба онҳо равғани хушбӯйро мемолид.

39 Инро дида, фарисие, ки Исоро даъват карда буд, аз дилаш чунин фикрро гузаронд: «Агар ин мард дар ҳақиқат пайғамбар мебуд, медонист, ки ин зан чӣ гуна аст. Чун зане, ки ҳоло ба Ӯ даст мерасонад, гунаҳкор аст»!

40 Вале Исо ба ӯ гуфт: «Шимъун! Мехоҳам ба ту чизе бигӯям». Гуфт: «Марҳамат, Устод».

41 Пас, Исо суханашро давом дода, гуфт: «Ду кас аз як одам пул қарз гирифтанд. Яке аз ӯ панҷсад ва дигаре панҷоҳ тангаи нуқра қарздор буд.

42 Азбаски қарзашонро канда наметавонистанд, он шахс қарзи ҳардуро бахшид. Ҳоло бигӯ, ки кадоме аз онҳо ӯро бештар дӯст медорад?»

43 Шимъун дар ҷавоб гуфт: «Ба фикрам он касе, ки ба ӯ қарзи зиёдтаре бахшида шудааст». Исо гуфт: «Дуруст фаҳмидӣ».

44 Баъд ба он зан рӯ оварда, ба Шимъун гуфт: «Ин занро мебинӣ? Ман ба хонаат омадам, вале барои пойҳоям об наовардӣ, ин зан бошад, пойҳои Маро бо ашкҳояш тар ва бо мӯйҳояш хушк кард.

45 Ту ба Ман бӯсаи салом надодӣ, ин зан бошад, аз вақти омаданам то ҳол бӯсидани пойҳоямро бас намекунад.

46 Ту ба сарам ҳатто равғани одиро намолидӣ, вай бошад, равғани атрафшонро ба пойҳоям молид.

47 Бинобар ин, ба ту мегӯям, азбаски гуноҳҳои зиёди вай бахшида шудаанд, ӯ чунин муҳаббати зиёд дорад ва агар ба касе гуноҳи камтар бахшида шавад, муҳаббаташ низ камтар аст».

48 Баъд ба он зан гуфт: «Гуноҳҳоят бахшида шуданд».

49 Онҳое, ки бо Ӯ дар сари як дастархон нишаста буданд, худ ба худ мегуфтанд: «Вай кист, ки ҳатто гуноҳҳоро мебахшад?»

50 Вале Исо ба зан гуфт: «Туро имонат наҷот додааст. Рав ва дар амон бош!»

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24