меню

Инҷили Луқо 14 Боб

гузариш зуд:

1 Боре, дар рӯзи шанбе Исо дар хонаи яке аз сардорони фарисиён меҳмон шуд ва онҳо рафтори Ӯро мушоҳида мекарданд.

2 Дар рӯ ба рӯйи Исо марде менишаст, ки баданаш варам карда буд.

3 Исо ба устодони шариату фарисиён муроҷиат намуда гуфт: «Дар рӯзи шанбе касеро шифо додан мумкин аст ё не?»

4 Онҳо хомӯш монданд, Ӯ бошад, ба бемор даст расонда, шифо бахшиду ӯро ҷавоб дод.

5 Сипас ба онҳо гуфт: «Агар фарзанд ва ё барзагови яке аз шумо дар рӯзи шанбе ба чоҳ афтад, магар онро зуд берун намебароред?»

6 Вале онҳо ба Ӯ ҷавобе дода натавонистанд.

7 Исо мушоҳида мекард, ки меҳмонон мехостанд ба ҷойҳои болотар рафта шинанд, бинобар ин, ба онҳо масалеро гуфт:

8 «Вақте ки ба тӯйи арӯсӣ даъват мешавӣ, аз боло гузашта нашин, чун шояд шахсе даъват шуда бошад, ки аз ту обрӯмандтар аст.

9 Он гоҳ соҳибхонае, ки ҳар дуи шуморо даъват кардааст, омада ба ту нагӯяд: „Ҷоятро ба ӯ бидеҳ“. Он вақт шарм дошта, маҷбур мешавӣ, ки аз пойин гузашта шинӣ.

10 Баръакс, вақте ки туро даъват мекунанд, омада дар ҷойи пойин бишин, то соҳибхона омада, ба ту гӯяд: „Дӯстам, болотар бишин“. Он гоҳ иззату эҳтироми ту дар назари ҳамаи меҳмонон ба ҷо оварда мешавад.

11 Зеро ҳар кӣ худро калон мегирад, паст мешавад ва баръакс, ҳар касе, ки худро хоксор мегирад, сарбаланд мешавад».

12 Баъд ба соҳибхонае, ки Ӯро даъват карда буд, гуфт: «Вақте ки зиёфате ташкил мекунӣ, дӯстон, бародарон, хешон ва ҳамсояҳои сарватманди худро даъват накун, чунки онҳо низ туро даъват мекунанду некиатро бармегардонанд.

13 Беҳтараш вақти зиёфат оростан камбағалону маъюбон ва шалҳову нобиноёнро даъват намо.

14 Он гоҳ хушбахт хоҳӣ шуд, чунки онҳо некиатро баргардонда наметавонанд, вале дар рӯзе, ки некон зинда мешаванд, Худо некиатро ба ту бармегардонад».

15 Инро шунида яке аз меҳмонон ба Исо гуфт: «Хушбахт аст он касе, ки дар Подшоҳии Худо зиёфат бихӯрад!»

16 Аммо Исо ба ӯ гуфт: «Марде зиёфати калоне ороста, мардуми зиёдро даъват намуд.

17 Чун вақти зиёфат расид, хизматгорашро фиристод, то ба даъватшудагон бигӯяд: „Биёед, аллакай ҳама чиз тайёр аст“.

18 Ҳамин вақт ҳама, яке аз пайи дигар ба узрхоҳӣ даромаданд. Якумаш гуфт: „Мебахшед. Ман замин харидам ва бояд рафта, онро бинам. Хоҳиш мекунам, маро бубахшед“.

19 Дигаре гуфт: „Мебахшед. Ман панҷ ҷуфт барзагов харидам ва ҳоло барои санҷидани онҳо меравам“.

20 Савумӣ гуфт: „Ман нав зан гирифтам, бинобар ин, рафта наметавонам“.

21 Хизматгор баргашта ин хабарро ба хоҷааш расонд. Он гоҳ хоҷа дар ғазаб шуда, ба хизматгораш фармон дод: „Зудтар ба кӯчаву тангкӯчаҳои шаҳр рафта, камбағалон, маъюбон, кӯрон ва шалҳоро ба ин ҷо биёр“.

22 Баъд аз чанде хизматгор омада, гуфт: „Хоҷаам! Фармонатонро иҷро намудам, вале боз ҳам ҷойҳои холӣ ҳастанд“.

23 Сипас, хоҷа ба хизматгор гуфт: „Берун аз шаҳр рав ва қад-қади роҳҳои тангу васеъ гашта, мардумро ба омадан розӣ кун, то ки хонаам пур шавад.

24 Ба шумо мегӯям, ҳеҷ яке аз он шахсоне, ки даъват шуда буданд, мазаи зиёфати маро нахоҳад чашид“».

25 Ҳамроҳи Исо мардуми бисёре мерафтанд ва Ӯ ба онҳо рӯ оварда, гуфт:

26 «Касе, ки пеши Ман меояду Маро бештар аз падару модараш, зану фарзандонаш, бародарону хоҳаронаш ва зиёдтар аз ҷони худ дӯст намедорад, шогирди Ман шуда наметавонад.

27 Касе ки салиби азобу маргашро бо худ набардораду аз пайи Ман наояд, шогирди Ман шуда наметавонад.

28 Кадоме аз шумо манорае сохтанӣ шуда, аввал нишаста, харҷи онро ҳисоб намекунад, то бифаҳмад, ки имконияти ба анҷом расондани сохтмонро дорад ё не?

29 Зеро агар пойдеворро гузошта, он сохтмонро ба охир расонда натавонад, ҳамаи онҳое, ки инро мебинанд, ба ӯ хандида,

30 мегӯянд: „Ин мард сохтмонро сар карду ба тамом кардани он қувваташ нарасид.“

31 Ҳамчунин, подшоҳе пеш аз муҳофизат кардани худ аз ҳуҷуми подшоҳи дигар, аввал бояд нишаста, нағзакак фикр кунад: „оё метавонам бо даҳ ҳазор сарбози худ ба подшоҳе, ки бо бист ҳазор сарбозаш бар зидди ман меояд, муқобилат нишон диҳам?“

32 Пас, агар натавонад, ҳанӯз ки душманаш дур аст, сафиронашро барои сулҳ бастан мефиристад.

33 Айнан, ҳамин тавр, ҳеҷ яке аз шумо то аз тамоми чизу чораи худ даст накашед, наметавонед шогирди Ман бошед.

34 Намак чизи хуб аст, вале агар намак сифаташро гум кунад, магар онро боз шӯр карда мешавад?

35 Он дигар барои ҳеҷ чиз ба кор намеояд: бо он ҳатто заминро пору карда намешавад. Онро танҳо бароварда мепартоянд. Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад!»

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24