меню

Инҷили Луқо 9 Боб

гузариш зуд:

1 Исо дувоздаҳ шогирдашро даъват карда, ба онҳо қувват ва қудрат дод, ки ҷинҳоро берун кунанд ва беморонро шифо диҳанд.

2 Сипас Ӯ онҳоро фиристод, то ки дар бораи Подшоҳии Худо эълон карда, беморонро шифо бахшанд.

3 Исо ба онҳо гуфт: «Дар сафар бо худ ҳеҷ чиз нагиред: на асо, на борхалта, на нон, на пул ва на либоси иловагӣ.

4 Ба ҳар хонае, ки медароед, то рӯзи аз он шаҳр рафтанатон дар ҳамон хона бимонед.

5 Вале агар шуморо дар ягон ҷо қабул накунанд, он шаҳрро тарк кунед ва чангу хокашро аз поятон афшонед, то шаҳодати айбдор будани онҳо гардад».

6 Шогирдон аз он ҷо рафтанду деҳа ба деҳа гашта, хушхабарро эълон мекарданд ва дар ҳама ҷо беморонро шифо мебахшиданд.

7 Вақте ки ҳоким Ҳиродус ҳамаи инро шунид, ба ҳайрат афтод, зеро баъзеҳо мегуфтанд, ки Яҳё зинда шудааст,

8 дигарон бошанд, мегуфтанд, ки Илёс пайғамбар пайдо гардидааст ва баъзеи дигарон мегуфтанд, ки яке аз пайғамбарони давраҳои қадим зинда шудааст.

9 Вале Ҳиродус гуфт: «Охир ман сари Яҳёро аз танаш ҷудо карда будам. Пас, ин Кист, ки дар борааш чунин суханҳоро мешунавам?» Вай мехост Исоро бинад.

10 Вақте ки фиристодагон баргаштанд, тамоми корҳои кардаашонро ба Исо нақл карданд. Ӯ онҳоро бо Худ гирифта, ба шаҳри Байтсайдо равона шуд, то ки бо шогирдонаш танҳо монад.

11 Вале мардум аз ин бохабар шуда, аз пайи Ӯ рафтанд ва Исо онҳоро бо хушнудӣ қабул карда, ба онҳо дар бораи Подшоҳии Худо нақл кард ва касонеро, ки ба шифо эҳтиёҷ доштанд, шифо бахшид.

12 Рӯз бегоҳ мешуд ва дувоздаҳ шогирд ба назди Исо омада гуфтанд: «Ин ҷо ҷойи беодам аст. Мардумро ҷавоб деҳ, ки ба деҳоти гирду атроф рафта, барои худ ҷойи хоб ва хӯроке пайдо кунанд».

13 Вале Вай ба онҳо гуфт: «Шумо ба онҳо хӯрок диҳед!» Шогирдон гуфтанд: «Мо фақат панҷ нону ду моҳӣ дорем. Магар ин ки рафта, барои ҳамаи ин одамон худамон хӯрок харем».

14 Дар он ҷо тақрибан панҷ ҳазор мард буд ва Исо ба шогирдонаш гуфт: «Онҳоро панҷоҳнафарӣ гурӯҳ-гурӯҳ шинонед».

15 Онҳо гуфтаи Исоро ба ҷо оварда, ҳамаро шинонданд.

16 Баъд Ӯ он панҷ нону ду моҳиро ба дасташ гирифта, ба осмон нигаристу шукр гуфт ва нонҳоро пора карда, ба шогирдонаш дод, то ба мардум тақсим кунанд.

17 Ҳама то сер шудан хӯрданд ва аз нонпораҳои боқимонда боз дувоздаҳ сабад пур шуд.

18 Рӯзе, вақте ки Исо дар танҳоӣ дуо мекарду дар наздаш фақат шогирдонаш буданд, аз онҳо пурсид: «Мардум Маро кӣ мегӯянд?»

19 Дар ҷавоб гуфтанд: «Баъзеҳо мегӯянд, ки Ту Яҳёи Таъмиддиҳанда ҳастӣ, қисми дигари одамон мегӯянд, ки Ту Илёс ҳастӣ ва дигарон мегӯянд, ки яке аз пайғамбарони қадим зинда шудааст».

20 Ӯ аз онҳо пурсид: «Шумо чӣ? Шумо Маро кӣ мешуморед?» Петрус ҷавоб дод: «Ту Масеҳ, яъне Таъиншудаи махсуси Худо ҳастӣ».

21 Баъд Исо онҳоро таъкид карда, фармон дод, ки дар ин бора ба касе чизе нагӯянд.

22 Сипас, суханашро давом дода, гуфт: «Писари Одамизод бояд бисёр азоб кашад. Пирони қавм, коҳинони калон ва устодони шариат аз Вай рӯй мегардонанд. Оқибат Ӯ кушта мешавад, вале баъд аз се рӯз зинда мегардад».

23 Пас аз он, Исо ба ҳама гуфт: «Агар касе пайрави Ман шудан хоҳад, бояд аз хоҳишҳои худ рӯй гардонда, ҳар рӯз салиби азобу маргашро бардошта, Маро пайравӣ кунад.

24 Зеро касе, ки ҳаёташро нигоҳ доштан мехоҳад, онро аз даст медиҳад, вале касе, ки ба хотири Ман ҳаёташро фидо мекунад, онро нигоҳ медорад.

25 Ба одам чӣ фоидае дорад, ки тамоми дунёро ба даст оварад, вале худашро ҳайф кунаду ба худ зарар расонад?

26 Зеро ҳар касе ки аз Ман ва аз суханонам шарм кунад, Писари Одамизод низ, ҳангоме ки дар дурахши ҷалоли Худ, дар шуҳрату ҷалоли Падар ва фариштагони муқаддас меояд, аз ӯ шарм хоҳад кард.

27 Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар ин ҷо касоне ҳастанд, ки ҳанӯз аз дунё нагузашта, Подшоҳии Худоро мебинанд».

28 Аз ин гуфтугӯ тақрибан ҳашт рӯз гузашт ва Исо бо Худ Петрус, Юҳанно ва Яъқубро гирифта, барои дуо ба болои кӯҳе баромад.

29 Вақте ки Ӯ дуо мекард, чеҳрааш тағйир ёфта, либосаш сап-сафеди дурахшон шуд

30-31 ва ногаҳон ду мард, Мусою Илёс пайғамбар бо шуҳрату ҷалол пайдо шуданд. Онҳо дар бораи тарки ин дунё, ки онро Исо ба наздикӣ дар Уршалим ба анҷом мерасонад, суҳбат мекарданд.

32 Петрус ва ҳамроҳонашро хоб бурда буд ва ҳангоме ки бедор шуданд, шуҳрату ҷалоли Исоро диданд. Онҳо, инчунин, он ду нафареро диданд, ки бо Ӯ меистоданд.

33 Вақте ки он ду нафар аз пеши Исо рафтанӣ шуданд, Петрус гуфт: «Эй Устод! Чӣ қадар хуб аст, ки мо ин ҷо ҳастем. Биё, се хайма месозем: яке барои Ту, дигаре барои Мусо ва сеюм барои Илёс». Вай худаш намедонист, ки чӣ мегӯяд.

34 Петрус ҳанӯз суханашро тамом накарда, абре пайдо шуда, онҳоро фаро гирифт ва вақте ки Мусо ва Илёс ба даруни абр даромаданд, шогирдон тарсиданд.

35 Ҳамин вақт аз абр овозе баромад, ки мегуфт: «Ин Писари Ман аст, Ман Вайро интихоб кардаам. Ӯро гӯш кунед».

36 Вақте ки овоз гум шуд, шогирдон диданд, ки Исо танҳо монд. Шогирдон хомӯш монданд ва ҳамон вақт аз он чи дида буданд, ба касе чизе нагуфтанд.

37 Рӯзи дигар, вақте ки онҳо аз кӯҳ мефаромаданд, мардуми бисёре Исоро пешвоз гирифтанд.

38 Ногаҳон марде аз миёни мардум фарёд зад: «Устод! Илтимос мекунам, ки ба писарам як назар кун. Вай фарзанди ягонаи ман аст.

39 Гоҳ-гоҳ ба вай ҷин ҳамла мекунад ва ӯ якбора дод зада, беихтиёрона печутоб мехӯраду аз даҳонаш кафк мебарояд. Ҷин ӯро бисёр азоб дода, ба зӯрӣ ӯро сар медиҳад.

40 Аз шогирдонат илтимос кардам, ки он ҷинро берун кунанд, аммо онҳо натавонистанд».

41 Исо дар ҷавоб гуфт: «Эй насли беимону каҷрафтор! То кай бо шумо бошам ва то кай шуморо тоқат кунам? Писаратро ин ҷо биёр!»

42 Вақте ки писар ба назди Исо меомад, ҷин ӯро ба замин ғалтонда, печутоб дод. Вале Исо ба ҷин фармон дод, ки аз бача берун барояд. Ҳамин тавр, Ӯ писарро шифо дода, ба падараш супорид

43 ва ҳама аз бузургии Худо дар ҳайрат монданд. Дар ҳоле, ки мардум аз тамоми корҳои кардаи Исо дар тааҷҷуб буданд, Вай ба шогирдонаш гуфт:

44 «Он чизеро, ки ҳоло мегӯям, бишнавед ва дар ёд доред: Писари Одамизод ба дасти одамон супорида мешавад».

45 Вале шогирдон маънои ин суханонро нафаҳмиданд, чунки маънояш аз онҳо пӯшида монд ва барои ҳамин онро дарк накарданд ва ҳам метарсиданд, ки дар ин бора аз Исо чизе пурсанд.

46 Дар байни шогирдон баҳсу мунозира ба миён омад, ки кадоме аз онҳо бузургтар аст.

47 Исо медонист, ки онҳо дар дили худ чӣ фикр доранд, бинобар ин, як кӯдакро гирифта, ба паҳлуи Худ гузошт

48 ва ба онҳо гуфт: «Касе, ки ин кӯдакро ба хотири номи Ман қабул мекунад, дар асл Маро қабул мекунад ва касе, ки Маро қабул мекунад, Фиристандаи Маро низ қабул мекунад. Зеро он касе, ки дар байни шумо аз ҳама хурдтарин аст, бузургтарин мебошад».

49 Он вақт Юҳанно гуфт: «Устод, мардеро дидем, ки ба номи Ту ҷинҳоро берун мекард, аммо чун ӯ бо мо набуд, кӯшиш кардем, ки ӯро аз ин кор боздорем».

50 Исо ба ӯ гуфт: «Ӯро аз ин кор бознадоред! Зеро касе, ки бар зидди шумо нест, тарафдори шумост».

51 Чун вақти ба осмон бурда шудани Исо наздик омад, Ӯ қарор кард, ки ба Уршалим равад.

52 Исо одамонашро пешопеши Худ фиристод ва онҳо ба деҳаи сомариён даромада, барои омадани Ӯ ҳама чизро тайёр намуданд.

53 Аммо сомариён Исоро қабул накарданд, зеро Ӯ ба Уршалим равона буд.

54 Шогирдонаш Яъқуб ва Юҳанно инро дида гуфтанд: «Хоҷа! Биёед мегӯем, ки аз осмон оташе борида, онҳоро сӯзонад».

55 Вале Исо ба Яъқубу Юҳанно рӯ оварда, онҳоро сарзаниш кард.

56 Пас Исо ҳамроҳи шогирдонаш ба деҳаи дигаре равона шуданд.

57 Онҳо сафарашонро давом медоданд ва дар роҳ марде ба Исо гуфт: «Ман дар ҳама ҷо Туро пайравӣ мекунам».

58 Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Рӯбоҳон хона ва парандагони ҳаво лона доранд, аммо Ман, Писари Одамизод ҷое надорам, ки сарамро монам»

59 ва ба дигаре гуфт: «Аз паси Ман биё». Аммо ӯ ҷавоб дод: «Хоҷаам! Иҷозат деҳ аввал рафта, падарамро ба хок супорам».

60 Лекин Исо ба вай гуфт: «Бигзор, ки мурдагон мурдагони худро ба хок супоранд, вале ту рафта, дар бораи Подшоҳии Худо нақл бикун».

61 Шахси дигаре ба Исо гуфт: «Хоҷаам! Ман аз пасат меравам, вале иҷозат деҳ, ки аввал бо аҳли хонаводаам хайрухуш кунам».

62 Исо ба вай гуфт: «Касе, ки ба шудгор сар мекунаду баъд ба ақиб нигоҳ мекунад, лоиқ нест, ки дар Подшоҳии Худо бошад».

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24