меню

Инҷили Луқо 4 Боб


1 Исои пур аз Рӯҳулқудс аз соҳили дарёи Урдун баргашт ва Рӯҳулқудс Ӯро ба биёбон бурд.

2 Он ҷо шайтон дар давоми чил рӯз Ӯро меозмоид. Исо тамоми он вақт ҳеҷ чиз нахӯрд ва дар охир сахт гурусна монд.

3 Сипас, шайтон ба Ӯ гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, ба ин санг фармон деҳ, ки нон шавад».

4 Исо ҷавоб дод: «Не, зеро дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „инсон на фақат бо хӯрдани нон зинда аст“».

5 Баъд шайтон Ӯро ба баландӣ бурда, аз он ҷо дар як лаҳза ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро ба Ӯ нишон дода,

6-7 гуфт: «Агар Ту ба ман саҷда намоӣ, ман тамоми ихтиёри ҳукмронӣ кардан ва ҳамаи шукӯҳу зебоии онҳоро ба Ту медиҳам, зеро онҳо ба ман дода шудаанд ва ман онҳоро ба касе, ки хоҳам, медиҳам».

8 Исо ба вай ҷавоб дод: «Дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „ба Худованд Худои худ саҷда намоед ва танҳо ба Ӯ хизмат кунед“».

9 Баъд шайтон Ӯро ба Уршалим бурда, ба ҷойи баландтарини маъбади Худо гузошт ва ба Ӯ гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, Худро аз ин ҷо ба пойин парто.

10 Зеро дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „Худо ба фариштагони Худ дар бораи Ту фармон хоҳад дод, ки Туро муҳофизат кунанд

11 ва онҳо Туро дар болои дастонашон хоҳанд бардошт, то ки поят ба санге назанад“».

12 «Не! – ҷавоб дод Исо, – чунки дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „Худованд Худои худро насанҷед“».

13 Баъд аз ин, шайтон васвасаҳои худро бас кард ва то пайдо шудани фурсати мувофиқ аз Исо дур шуд.

14 Исо бо қуввати Рӯҳулқудс ба Ҷалил баргашт ва ин хабар дар сар то сари он вилоят паҳн шуд.

15 Ӯ дар ҷамоатхонаҳо мардумро таълим медод ва ҳама Ӯро таъриф мекарданд.

16 Ҳамин тавр, Ӯ ба шаҳри Носира омад, ки дар он ҷо ба воя расида буд. Вай дар рӯзи шанбе, яъне рӯзи истироҳат аз рӯйи одат ба ҷамоатхона даромада, барои хондани навиштаҷот аз ҷояш бархест.

17 Ба Ӯ китоби Ишаъё пайғамбарро доданд ва Исо онро кушода, ҷоеро ёфт, ки чунин навишта шуда буд:

18-19 «Рӯҳи Худованд дар Ман аст, зеро Ӯ Маро таъйин намудааст, ки ба бенавоён хушхабарро бирасонам. Ӯ Маро фиристодааст, то озодии асирон, бино шудани кӯрон, раҳоии ситамдидагон ва соли файзбахши Худовандро эълон намоям».

20 Баъд Вай китобро пӯшида, ба ходим дод ва ба ҷояш нишаст. Дар ҷамоатхона ҳама бодиққат ба Ӯ нигоҳ мекарданд

21 ва Ӯ ба сухан оғоз намуд: «Он навиштаҳоеро, ки ҳоло шунидед, имрӯз амалӣ гаштанд».

22 Ҳама Исоро таъриф мекарданд ва аз суханони файзбахши Ӯ дар тааҷҷуб монда, мегуфтанд: «Магар Ӯ писари Юсуф нест?»

23 Ӯ ба онҳо гуфт: «Медонам, ки ба Ман чунин масалро хоҳед гуфт: „Эй табиб! Худатро шифо деҳ“. Ва боз ба Ман мегӯед: „Дар диёри Худ низ муъҷизаҳоеро бикун, ки шунидаем дар шаҳри Кафарнаҳум кардаӣ“».

24 Баъд суханашро давом дод: «Ба ростӣ мегӯям, ки ягон пайғамбар дар диёри худ қадр надорад.

25 Ҳақиқатан ҳам, дар замони Илёс пайғамбар, вақте ки сеюним сол борон наборид ва дар рӯйи замин гуруснагии сахте ба вуҷуд омад, дар Исроил бевазанони бисёре буданд,

26 вале Илёс назди ҳеҷ яке аз онҳо фиристода нашуд. Ӯ танҳо ба назди як бевазане фиристода шуд, ки дар Сарфат ном шаҳри Сидун зиндагӣ мекард.

27 Дар замони пайғамбар Элишоъ ҳам дар сарзамини Исроил бисёр касон бемории пӯст доштанд. Вале ба ғайр аз Наамон, ки аз Сурия буд, ҳеҷ кадоме аз онҳо шифо наёфт».

28 Онҳое, ки дар ҷамоатхона буданд, аз шунидани чунин суханҳо ба ғазаб омаданд.

29 Баъд аз ҷояшон бархеста, Исоро аз шаҳр берун карданд. Он шаҳр болои теппа сохта шуда буд ва онҳо Ӯро ба лаби ҷарӣ оварда хостанд аз он ҷо партоянд.

30 Аммо Ӯ аз миёни онҳо гузашта, бо роҳи Худ равона шуд.

31 Исо ба шаҳри Кафарнаҳум, ки дар Ҷалил аст, омада, дар рӯзи шанбе мардумро таълим медод.

32 Одамон аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат монданд, чунки суханонаш боқудрат буданд.

33 Дар ҷамоатхона марде ҳузур дошт, ки дар вуҷудаш рӯҳи нопок, яъне ҷин ҷо шуда буд. Ӯ бо овози баланд фарёд зада гуфт:

34 «Моро ба ҳоламон гузор! Ту ба мо чӣ кор дорӣ, эй Исои Носирӣ? Магар барои нобуд кардани мо омадаӣ?! Туро медонам! Ту Шахси поки Худо ҳастӣ!»

35 Вале Исо ҷинро сарзаниш карда, фармуд: «Хомӯш шав ва аз вай берун баро!» Ҷин мардро дар пеши назари ҳама ба замин партофт ва ба он мард ҳеҷ зараре нарасонда, аз вай берун баромад.

36 Ҳама ба ҳайрат афтода, ба якдигар мегуфтанд: «Ин чӣ гап аст?! Ӯ бо қудрату қувват ба рӯҳҳои нопок амр медиҳад ва онҳо берун мебароянд!»

37 Овозаи Исо дар тамоми он вилоят паҳн мешуд.

38 Исо аз ҷамоатхона баромада, ба хонаи Шимъун ном марде рафт. Хушдомани Шимъун таби баланд дошт ва аз Исо хоҳиш карданд, ки ба ин зан ёрӣ диҳад.

39 Исо болои сари ӯ хам шуда, ба таб фармон дод ва он паст шуд. Зан дарҳол аз ҷояш хеста, ба меҳмондории онҳо машғул шуд.

40 Вақти ғуруби офтоб ҳамаи онҳоеро, ки ба бемориҳои гуногун гирифтор буданд, ба назди Исо оварданд. Ӯ дасти Худро болои ҳар яке аз онҳо мегузошту шифо медод.

41 Ҳамчунон, ҷинҳо «Ту Писари Худо ҳастӣ!» гуфта, фарёдзанон аз бисёр касон берун мебаромаданд. Аммо Ӯ онҳоро сарзаниш карда, ба онҳо иҷозати гап заданро намедод, чунки онҳо медонистанд, ки Ӯ Масеҳи Худо аст.

42 Вақте ки субҳ дамид, Исо берун баромада, ба ҷойи беодам рафт. Вале мардум Ӯро ҷустуҷӯ карда, ба наздаш омаданд ва илтимос карданд, ки аз наздашон наравад.

43 Ӯ бошад, ба онҳо гуфт: «Ман бояд хушхабари Подшоҳии Худоро ба шаҳрҳои дигар ҳам бирасонам, чунки бо ҳамин мақсад фиристода шудаам».

44 Ва Ӯ дар ҷамоатхонаҳои тамоми сарзамини Яҳудия хушхабарро эълон мекард.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24