меню

Инҷили Луқо 24 Боб


1 Рӯзи якшанбе, саҳарии барвақт занҳо атрҳои хушбӯйро гирифта, ба сӯи қабр равона шуданд.

2 Вале омада диданд, ки санги даҳани қабр ба як тараф ғелонда шудааст.

3 Онҳо ба дарун даромада, ҷасади Худованд Исоро наёфтанд.

4 Занҳо ҳайрон шуда меистоданд, ки баногоҳ дар пеши назарашон ду кас пайдо шуданд, ки дар тан либосҳои дурахшон доштанд.

5 Занҳо аз тарс худро рӯй ба замин партофтанд, вале он ду нафар ба онҳо гуфтанд: «Чаро зиндаро дар байни мурдаҳо меҷӯед?

6 Ӯ зинда шуд ва дар ин ҷо нест. Ба ёд оред, ки вақти дар Ҷалил буданаш Ӯ ба шумо чӣ гуфта буд?

7 Ӯ гуфта буд, ки Писари Одамизод бояд ба дасти гунаҳкорон супорида шавад ва онҳо бояд Ӯро ба салиб мехкӯб кунанд, вале дар рӯзи сеюм Ӯ бояд зинда гардад».

8 Ва занҳо суханони Исоро ба хотир оварданд.

9 Сипас, аз сари қабр баргашта, ҳамаи инро ба ёздаҳ шогирд ва ҳамаи дигарон нақл намуданд.

10 Ин воқеаро ба фиристодагон Марями Маҷдалия, Юҳанна, Марями модари Яъқуб ва занҳои дигар нақл карданд.

11 Вале суханони онҳо ба назари фиристодагон ҳамчун сафсата намуд ва онҳо ба гапи занҳо бовар накарданд.

12 Петрус бошад, ҳамон замон ба сӯи қабр давида, ба даруни он нигоҳ кард, лекин танҳо кафани холиро диду аз ин ҳодиса ҳайрон шуда, ба хона баргашт.

13 Худи ҳамон рӯз ду нафар аз пайравони Исо ба Аммоус ном деҳае равона буданд, ки тақрибан дувоздаҳ километр аз Уршалим дур буд.

14 Роҳравон бо якдигар дар бораи ҳамаи ин воқеаҳо гуфтугӯ мекарданд.

15 Ҳангоми гуфтугӯю муҳокимаашон Худи Исо ба онҳо наздик шуда, ҳамроҳашон равона шуд.

16 Онҳо Исоро медиданду лекин намешинохтанд.

17 Пас, Ӯ ба сухан даромада, аз онҳо пурсид: «Шумо роҳравон чиро муҳокима мекунед?» Онҳо, ки чеҳраҳои ғамгин доштанд, бозистоданд

18 ва якеашон, ки Клеупос ном дошт, ба саволи Исо бо савол ҷавоб дод: «Дар ин рӯзҳо дар Уршалим чанд воқеа рӯй дод. Аз афташ ту ягона мусофире ҳастӣ, ки аз ин воқеаҳо хабар надорӣ».

19 Исо пурсид: «Аз кадом воқеаҳо?» Онҳо гуфтанд: «Аз воқеаҳое, ки бо Исои Носирӣ рӯй дод. Ӯ дар пеши Худову тамоми мардум пайғамбари дар гуфтору кирдор тавоно буд.

20 Вале коҳинони калон ва роҳбарони мо Ӯро ба дасти Пилотус супориданд, то ба марг маҳкум намоянд ва Ӯро ба салиб мехкӯб карданд.

21 Мо бошем, умед доштем, ки Ӯ Исроилро озод мекунад. Аммо имрӯз се рӯз мешавад, ки ин воқеа рӯй дод

22 ва ҳоло занҳое, ки ҳамроҳи мо буданд, моро ҳайрон карданд. Онҳо саҳарии барвақт ба сари қабр рафта,

23 ҷасади Исоро наёфтанд. Сипас, баргашта, арз намуданд, ки ба онҳо фариштагон зоҳир шуда гуфтанд, ки Ӯ зинда аст.

24 Чанд нафар аз ҳамроҳони мо ба сари қабр рафта, ҳама чизро ҳамон тавре ки занҳо гуфта буданд, дарёфтанд, вале Худи Исоро надиданд».

25 Исо ба он ду нафар гуфт: «Эй нодонон! Шумо бо душворӣ ба гуфтаҳои пайғамбарон имон меоваред!

26 Масеҳи Худо пеш аз соҳиби тамоми шуҳрату ҷалолаш шудан бояд ҳамаи ин азобро аз сар мегузаронд».

27 Он гоҳ Ӯ аз навиштаҳои Мусо ва ҳамаи пайғамбарон сар карда, ҳар як ҷойи навиштаҷотро, ки дар бораи Ӯ гуфта буд, ба онҳо фаҳмонд.

28 Вақте он ду нафар ба деҳаи Аммоус наздик шуданд, Исо чунин вонамуд кард, ки роҳашро давом додан мехоҳад.

29 Вале онҳо Ӯро бисёр хоҳиш карда, гуфтанд: «Бо мо бимон. Рӯз ба охир расида истодаасту шом наздик аст». Исо ба хона даромада, бо он ду нафар монд.

30 Ӯ бо онҳо дар сари дастархон нишаста, нонро ба даст гирифт ва дуои шукрона карду онро пора карда ба он ду нафар дод.

31 Ҳамин вақт гӯё пардае аз чашмони он ду нафар бардошта шуд ва онҳо Исоро шинохтанд, вале Ӯ аз назари онҳо нопадид гашт.

32 Онҳо ба якдигар мегуфтанд: «Вақте ки Ӯ дар роҳ бо мо суҳбат мекарду маънои навиштаҷотро мекушод, диламон аз ҳаяҷон метапид!»

33 Онҳо зуд аз ҷой бархеста, ба Уршалим баргаштанду он ёздаҳ фиристода ва пайравони дигари Исоро ёфтанд, ки бо ҳам ҷамъ омада буданд.

34 Фиристодагон ва пайравон мегуфтанд: «Дар ҳақиқат Худованд Исо зинда шуд! Вай ба Шимъун зоҳир гардидааст».

35 Баъд он ду нафар низ ба ҷамъшудагон нақл карданд, ки дар роҳ чӣ воқеа рӯй дод ва чӣ хел онҳо Исоро дар вақти нон шикастанаш шинохтанд.

36 Вақте ки шогирдон дар ин бора нақл мекарданд, Худи Исо дар миёни онҳо пайдо шуда, гуфт: «Сулҳу осоиш бар шумо бод!»

37 Онҳо ба тарсу ҳарос афтода, фикр мекарданд, ки арвоҳро мебинанд.

38 Ӯ аз онҳо пурсид: «Чаро ин қадар метарсед ва барои чӣ дар дилатон шубҳае пайдо шуд?

39 Ба дастонам ва пойҳоям нигоҳ кунед, ин Ман ҳастам. Ба Ман даст расонда бинед, ки Ман ҷисму устухон дорам, вале арвоҳ ин чизҳоро надорад».

40 Инро гуфта, дастону пойҳои Худро ба онҳо нишон дод.

41 Онҳо аз хурсандӣ ҳеҷ бовар карда наметавонистанду хеле ҳайрон буданд. Он гоҳ Ӯ аз онҳо пурсид: «Шумо дар ин ҷо ягон чизи хӯрданӣ доред?»

42 Онҳо ба Исо як бурда моҳии пухтаро доданд.

43 Вай моҳиро гирифта, дар пеши назари онҳо хӯрд.

44 Баъд ба онҳо гуфт: «Суханҳое, ки ҳанӯз дар вақти бо шумо буданам ба шумо мегуфтам, чунин маъно доранд: ҳамаи он чизе, ки нисбати Ман дар шариати Мусо, гуфтаҳои пайғамбарон ва дар китоби Забур навишта шудааст, бояд иҷро шавад».

45 Он гоҳ Исо ақли онҳоро равшан сохт, то ки маънои навиштаҷотро фаҳмида тавонанд.

46 Баъд ба онҳо гуфт: «Мувофиқи гуфтаҳои навиштаҷот Масеҳ бояд азоб кашад ва дар рӯзи сеюм зинда шавад.

47 Ҳамчунин, ба номи Масеҳ аз Уршалим сар карда ба ҳамаи халқҳо эълон карда мешавад, ки агар тавба карда аз гуноҳҳояшон даст кашанд, гуноҳҳояшон бахшида мешавад.

48 Шумо шоҳидони ҳамаи ин воқеаҳо ҳастед.

49 Ман ба шумо Ҳамонеро, ки Падарам ваъда кардааст, мефиристам. Инак, шумо то вақти аз осмон қувват гирифтанатон дар Уршалим бимонед».

50 Исо шогирдонро берун аз шаҳр бароварда, ҳамроҳашон то худи Байтанё рафт ва дастонашро боло бардошта, онҳоро баракат дод.

51 Вақте ки баракат медод, аз онҳо ҷудо шуда, ба осмон бурда шуд

52 ва онҳо ба Ӯ саҷда намуда, бо шодии бепоён ба Уршалим баргаштанд.

53 Сипас, ҳамеша дар ҳавлии маъбади Худо буда, Худоро ҳамду сано мехонданд.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24