меню

Инҷили Луқо 8 Боб


1 Баъд аз ин, Исо дар шаҳру деҳот гашта, ба мардум хабари хуши Подшоҳии Худоро мерасонд. Дар ин кор Ӯро дувоздаҳ шогирд

2 ва якчанд зан, ки ҷинҳо аз онҳо берун баромада буданду аз бемориҳо шифо ёфта буданд, ҳамроҳӣ мекарданд. Яке аз он занҳо Марям буданд, ки Маҷдалия номида мешуд ва аз ӯ ҳафт ҷин берун рафта буд.

3 Дигар зан Юҳанна ном дошт, ки шавҳараш Кузо дар дарбори ҳоким Ҳиродус нозири хоҷагӣ буд. Ҳамчунин, Сусанна ва бисёр дигарон, ки бо пулу молашон онҳоро дастгирӣ мекарданд.

4 Вақте ки мардуми бисёре аз шаҳрҳои гирду атроф ҷамъ шуда, ба назди Исо омаданд, Ӯ масалеро гуфт:

5 «Рӯзе як деҳқон барои кишт кардани донаҳои худ ба киштзор меравад. Ҳангоми дона коштанаш, як миқдори он ба пайраҳа афтода поймол мешавад ва парандаҳо омада, онҳоро аз замин чида мехӯранд.

6 Миқдори дигари донаҳо ба замини санглох афтода месабзад, вале аз беобӣ хушк мешавад.

7 Миқдори дигараш ба замини хордор афтода месабзад, вале хорҳо қад кашида, онҳоро пахш мекунанд.

8 Аммо қисми донаҳое, ки ба замини хуби ҳосилхез меафтад, сабзида, сад баробар зиёдтар ҳосил медиҳад». Инро гуфту хитоб кард: «Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад!»

9 Шогирдон аз Исо маънои ин масалро пурсиданд

10 ва Ӯ гуфт: «Фаҳмиши сирру асрори Подшоҳии Худо ба шумо ато шудааст, аммо ба дигарон бо масалҳо мегӯям, то ки „онҳо нигоҳ кунанду набинанд, гӯш кунанду нафаҳманд“.

11 Маънои масал ин аст: дона – каломи Худост.

12 Донаҳое, ки ба пайраҳа афтодаанд, онҳое мебошанд, ки каломро мешунаванд, вале шайтон омада, онро аз дилашон медуздад, то ки имон наоваранд ва наҷот наёбанд.

13 Донаҳое, ки ба замини санглох афтодаанд, онҳое мебошанд, ки каломро шунида, бо шодӣ онро қабул мекунанд, вале азбаски реша надоранд, муддати кӯтоҳе имондор буда, дар вақти озмоиш имони худро аз даст медиҳанд.

14 Донаҳое, ки ба миёни хорҳо афтодаанд, онҳое мебошанд, ки каломро мешунаванд, вале ғаму ташвиш ва сарвату лаззати зиндагӣ онҳоро пахш мекунад ва онҳо ҳеҷ самаре ба бор намеоваранд.

15 Аммо донаҳои ба замини ҳосилхез афтода касоне мебошанд, ки каломро мешунаванд ва онро дар дили нек ва пок нигоҳ дошта, бо сабру тоқат самар меоранд.

16 Ҳеҷ кас чароғро даргиронда, онро бо зарфе намепӯшонад ва ё ба зери кат намегузорад. Баръакс, онро ба чароғпоя мемонад, то ҳар кӣ дарояд, равшаниашро бубинад.

17 Зеро ҳеҷ чизи пинҳоне нест, ки ошкор нашавад ва чизи пӯшидае нест, ки маълум ва равшан нагардад.

18 Пас, аҳамият диҳед, ки ба суханони Ман чӣ тавр гӯш медиҳед, зеро ба ҳар кӣ чизе дорад, боз дода мешавад, лекин аз касе, ки надорад, ҳатто он андаке, ки фикр мекунад дорад, гирифта мешавад».

19 Ҳамин вақт модару бародарони Исо наздаш омаданд, аммо аз сабаби тӯдаи одамон ба Ӯ наздик шуда натавонистанд.

20 Ба Исо хабар доданд: «Модар ва бародаронат дар берун истодаанд ва Туро дидан мехоҳанд».

21 Ӯ ҷавоб дод: «Модар ва бародарони Ман онҳое ҳастанд, ки каломи Худоро мешунаванд ва онро иҷро мекунанд».

22 Рӯзе Исо бо шогирдонаш ба қаиқ савор шуда, ба онҳо гуфт: «Биёед, ба дигар тарафи баҳр мегузарем». Онҳо равон шуданду

23 дар роҳ Исоро хоб бурд. Баногоҳ, дар баҳр тӯфони чунон сахте бархест, ки қаиқ аз об пур шуд ва онҳо дар хатар монданд.

24 Шогирдон Исоро бедор карда, гуфтанд: «Устод! Устод! Ҳалок мешавем!» Ӯ аз хоб хеста, ба шамолу мавҷҳои пурталотум фармон дод ва тӯфон хомӯш шуда, ҳама ҷоро оромӣ фаро гирифт.

25 Сипас, Вай ба шогирдонаш гуфт: «Имонатон куҷост?!» Шогирдон тарсиданд ва ҳайрон монда, ба якдигар мегуфтанд: «Ин Кист, ки ҳатто ба шамолу баҳр фармон медиҳад ва онҳо ба Ӯ итоат мекунанд?»

26 Баъд аз ин онҳо ба сарзамини ҷадариён, ки дар рӯ ба рӯйи вилояти Ҷалил воқеъ аст, омада расиданд.

27 Вақте ки Исо ба соҳил фаромад, бо марде аз аҳли он шаҳр рӯ ба рӯ шуд, ки гирифтори ҷинҳо буд. Ӯ дер боз либос намепӯшид ва на дар хона, балки дар қабристон зиндагӣ мекард.

28 Ҳамин ки ӯ Исоро дид, доду фиғонкунон пеши пойҳои Ӯ афтид ва бо овози баланд гуфт: «Эй Исо, Писари Худои Таоло, Ту ба ман чӣ кор дорӣ? Илтимос мекунам, маро азоб надеҳ».

29 Ӯ инро гуфт, чунки Исо ба рӯҳи нопок фармон дода буд, ки аз он мард берун барояд. Дар гузашта ҷин чандин бор он мардро азоб медод ва ҳарчанд ҷинзадаро бо занҷиру бандҳо баста нигоҳ медоштанд, мард онҳоро пора-пора мекард ва ҷин ӯро ба биёбон мебурд.

30 Исо аз ӯ пурсид: «Номат чист?» Ӯ гуфт: «Лашкар», чунки ҷинҳои бисёре ба даруни он мард даромада буданд.

31 Ҷинҳо аз Исо илтимос мекарданд, ки онҳоро ба ғори бепоён нафиристад.

32 Ҳамон ҷо, дар болои теппа галаи калони хукҳо мечарид. Ҷинҳо Исоро зорию тавалло карданд, ки ба даруни хукҳо дароянд ва Ӯ ба онҳо иҷозат дод.

33 Ҷинҳо аз он мард берун баромада, ба даруни хукҳо даромаданд ва гала дав-давон худро аз теппа ба баҳр партофта, ғарқ шуд.

34 Хукбонон инро дида гурехтанд ва ин воқеаро дар шаҳру деҳот нақл карданд.

35 Мардум барои дидани ин воқеа баромаданд ва ба назди Исо омада, ҳамон мардеро диданд, ки ҷинҳо аз ӯ берун рафта буданд. Вай дар тан либос дошту бо ақли солим дар пеши пойи Исо менишаст. Ҳамаро тарс фаро гирифт.

36 Шоҳидони ин воқеа ба одамон чӣ гуна шифо ёфтани ҷинзадаро нақл карданд.

37 Баъд аз ин тамоми мардуми сарзамини ҷадариён аз Исо хоҳиш карданд, ки аз пеши онҳо биравад, зеро онҳоро тарсу ваҳм фаро гирифта буд ва Ӯ барои баргаштан боз ба қаиқ савор шуд.

38 Марде, ки ҷинҳо аз ӯ берун шуда буданд, илтимос кард, ки Исо ӯро бо Худ барад. Вале Исо ӯро ҷавоб дода гуфт:

39 «Ба хонаат баргард ва он чиро ки Худо барои ту кардааст, нақл кун». Ӯ рафта дар тамоми шаҳр дар бораи он кори бузурге, ки Исо барояш карда буд, эълон кард.

40 Вақти баргаштани Исо мардуми зиёде, ки Ӯро интизор буданд, ба пешвозаш баромаданд.

41 Ҳамон вақт Ёир ном марде, ки сардори ҷамоатхона буд, назди Исо омада, худро ба пеши пойҳояш партофт ва аз Ӯ илтимос кард, ки ба хонаи вай биёяд,

42 зеро духтари ягонааш, ки тақрибан дувоздаҳсола буд, дар бистари марг мехобид. Исо ҳамроҳи Ёир мерафт ва мардуми бисёре аз ҳар тараф ба Ӯ фишор меоварданд.

43 Дар он ҷо зане буд, ки дувоздаҳ сол боз касалии хунравӣ дошт. Вай тамоми дороиашро ба табибон сарф кард, вале ҳеҷ кас ӯро шифо дода натавонист.

44 Он зан аз қафо ба Исо наздик шуду ба домани ҷомаи Ӯ даст расонд ва ҳамон замон хунравиаш бозмонд.

45 Исо пурсид: «Ба Ман кӣ даст расонд?» Вақте ки ҳама инкор карданд, Петрус ба Ӯ гуфт: «Устод! Одамони бисёр дар гирдат ҷамъ шудаанд ва аз ҳар тараф фишор меоранд».

46 Аммо Исо гуфт: «Касе ба Ман даст расонд, зеро Ман ҳис кардам, ки қуввае аз Ман берун рафт».

47 Вақте он зан дид, ки дигар пинҳон монда наметавонад, тарсону ларзон омада, пеши пойи Исо афтид ва дар ҳузури ҳамаи мардум ба Ӯ иқрор шуд, ки чаро ба Ӯ даст расонд ва чӣ тавр зуд шифо ёфт.

48 Исо ба ӯ гуфт: «Эй духтарам, туро имонат шифо дод. Рав ва дар амон бош».

49 Ҳанӯз ки Ӯ гап мезад, як нафаре аз хонаи Ёир хабар оварда, гуфт: «Духтарат мурд, дигар Устодро заҳмат надеҳ».

50 Вале Исо инро шунида, гуфт: «Натарс, фақат имон дошта бош ва ӯ шифо меёбад».

51 Вақте ки Исо ба хонаи Ёир омад, ба ғайр аз Петрус, Юҳанно, Яъқуб ва падару модари он духтар ба каси дигаре иҷозат надод, ки бо Ӯ ба хона дарояд.

52 Ҳама барои он духтар гиряву нола мекарданд, вале Исо гуфт: «Дигар гиря накунед, ӯ намурдааст, фақат хобидааст».

53 Одамон ба гапи Исо хандиданд, зеро аниқ медонистанд, ки духтар мурдааст.

54 Аммо Исо дасти ӯро гирифта, гуфт: «Эй духтар, бархез!»

55 Вай зинда шуд ва зуд аз ҷояш бархест. Исо фармуд, ки ба духтар хӯрок диҳанд.

56 Падару модари вай дар ҳайрат монданд, Исо бошад, ба онҳо фармуд, ки ин воқеаро ба касе нагӯянд.

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24