Инҷили Луқо 2 Боб
1 Дар он замон шоҳаншоҳ Августус фармон баровард, ки дар саросари шоҳаншоҳӣ саршумории аҳолӣ гузаронида шавад.
2 Вақте ки ин саршуморӣ гузаронида мешуд, Кириниюс ҳокими Сурия буд.
3 Ҳар кас барои ба қайд гирифтани номаш бояд ба шаҳри худ мерафт.
4 Азбаски Юсуф аз насли шоҳ Довуд буд, ӯ низ аз шаҳри Носираи вилояти Ҷалил ба шаҳри Байтлаҳми сарзамини Яҳудия рафт, зеро ин шаҳр зодгоҳи шоҳ Довуд буд.
5 Ӯ номзадаш Марямро, ки ҳамон вақт ҳомиладор буд, бо худ бурд, то ки номи ӯ ҳам ба қайд гирифта шавад.
6 Ҳангоме ки онҳо дар Байтлаҳм буданд, вақти таваллуди кӯдак фаро расид.
7 Марям писари калониашро таваллуд кард ва лӯлапеч намуда, дар охур хобонд, чунки дар меҳмонхона барои онҳо ҷое ёфт нашуд.
8 Дар даштҳои атрофи он шаҳр чӯпононе буданд, ки шабона рамаи худро посбонӣ мекарданд.
9 Фариштаи Худованд бар онҳо зоҳир гардид ва нури Худованд дар атрофашон дурахшид. Чӯпонҳо сахт тарсиданд.
10 Аммо фаришта ба онҳо гуфт: «Натарсед, ман ба шумо хушхабареро овардаам, ки тамоми мардум аз он хеле шод мегарданд.
11 Имрӯз барои шумо дар шаҳри шоҳ Довуд Наҷотдиҳандае ба дунё омад, ки Ӯ Масеҳ ва Худованд аст.
12 Ба шумо ҳамин аломат мешавад, ки тифли лӯлапечшударо дар охуре хобондашуда меёбед».
13 Ногаҳон бо он фаришта дар осмон ҳазорҳо фариштагони дигар пайдо шуданд, ки Худоро ҳамду сано хонда, мегуфтанд:
14 «Бигзор номи Худо дар осмонҳо шуҳрату ҷалол ёбад ва дар рӯйи замин дар байни онҳое, ки писандидаи Ӯ ҳастанд, сулҳу осоиштагӣ бошад!»
15 Баъд фариштагон аз назди онҳо дур шуда, дар осмон нопадид гаштанд ва чӯпонон ба якдигар мегуфтанд: «Биёед, ба Байтлаҳм биравем ва он ҳодисаи рӯйдодаро, ки Худованд ба воситаи фаришта ба мо расонд, бубинем».
16 Онҳо бошитоб рафта, Маряму Юсуф ва он кӯдакро, ки дар охур хобида буд, ёфтанд.
17 Чун он кӯдакро диданд, он чизеро, ки дар борааш шунида буданд, ба ҳама нақл карданд.
18 Ҳамаи шунавандагон аз нақли чӯпонҳо ҳайрон шуданд.
19 Вале Марям чизи шунидаашро дар дил нигоҳ дошта, дар борааш андеша мекард.
20 Чӯпонҳо баргашта, барои чизҳои шунидаву дидаашон Худоро ситоиш намуда, ба Ӯ ҳамду сано мехонданд, зеро ҳамаи он чизе, ки ба онҳо гуфта шуда буд, иҷро шуд.
21 Баъд аз ҳашт рӯз вақти хатнаи кӯдак фаро расид ва Ӯро Исо номиданд. Ин номро фаришта ҳанӯз пеш аз пайдо шудани Ӯ дар батни модараш дода буд.
22 Ҳамин ки вақти покшавии онҳо, ки мувофиқи шариати Мусо буд, фаро расид, Юсуфу Марям кӯдакро ба Уршалим оварданд, то ки ба Худованд пешкаш намоянд.
23 Зеро дар шариати Худованд навишта шудааст: «Ҳар писари аввалин бояд ба Худо бахшида шавад».
24 Онҳо инчунин, барои он омаданд, ки аз рӯйи шариат як ҷуфт мусича ва ё ду чӯҷаи кабӯтарро қурбонӣ кунанд.
25 Дар шаҳри Уршалим Шимъун ном марде зиндагӣ мекард, ки худотарсу некукор буд ва замони наҷот ёфтани халқи Исроилро интизор буд. Рӯҳулқудс бо Шимъун буд
26 ва ба Шимъун гуфта буд: «То Масеҳи Худованд, яъне Таъйиншудаи Ӯро набинӣ, намемирӣ».
27 Бо роҳнамоии Рӯҳулқудс Шимъун ба маъбади Худо рафт. Худи ҳамон рӯз падару модари Исо ҳам кӯдакро барои иҷро намудани маросими шариат ба он ҷо оварданд.
28 Шимъун кӯдакро ба оғӯш гирифт ва Худоро ҳамду сано хонда гуфт:
29 «Эй Худованд, Ту ваъдаатро иҷро кардӣ. Ман бандаат ҳастам ва акнун аз ин дунё хотирҷамъ меравам,
30 зеро чашмонам наҷоти Туро диданд.
31 Ту онро дар ҳузури ҳамаи халқҳо муҳайё кардӣ.
32 Ӯ нурест, ки Туро ба ғайрияҳудиён ошкор мекунад ва ба халқи Исроилат шуҳрату ҷалол меорад».
33 Падару модари Исо аз чунин суханон дар бораи кӯдак ҳайрон шуданд.
34 Шимъун ба онҳо дуои нек дода, ба Марями модари Исо гуфт: «Ин кӯдак боиси ё афтодан ё бархостани бисёре аз исроилиён таъйин мешавад. Ӯ аломате аз Худо мешавад, ки бар зидди Ӯ сухан хоҳанд гуфт,
35 то ки фикрҳои дили бисёриҳо ошкор шавад. Ғам ҳамчун шамшер дили туро низ пора мекунад».
36 Дар маъбади Худо Ҳано ном пайғамбарзане буд, ки падараш Фануил ном дошт. Ӯ аз қабилаи Ошер буд. Ҳано хеле пир шуда буд. Вай баъд аз ба шавҳар баромадан, ҳамагӣ ҳафт сол бо ҳамсараш зиндагӣ карда буд.
37 Ин зани ҳаштоду чорсола, ки бева монда буд, ҳеҷ вақт аз маъбади Худо намерафт ва шабу рӯз бо дуову рӯза хизмату ибодат мекард.
38 Вай низ худи ҳамон лаҳза пеш омаду Худоро шукргӯён ба ҳамаи онҳое, ки интизори озод шудани Уршалим буданд, дар бораи ин кӯдак гап зад.
39 Баъд аз он ки Юсуф ва Марям ҳамаи корҳоро аз рӯйи шариати Худованд иҷро карданд, ба шаҳри худ – Носираи Ҷалил баргаштанд.
40 Кӯдак калон шуда, қавӣ мегашт ва боҳикмат мешуд. Ӯ писандидаи Худо буд.
41 Ҳар сол падару модари Исо барои ҷашн гирифтани иди Наҷот ба Уршалим мерафтанд.
42 Вақте ки Исо дувоздаҳсола шуд, онҳо аз рӯйи урфу одат ба он ҷо рафтанд.
43 Баъд аз он ки рӯзҳои ид ба охир расид, онҳо ба шаҳри худ равона шуданд, вале Исои наврас дар Уршалим монд. Падару модараш аз ин бехабар буданд.
44 Онҳо гумон доштанд, ки Ӯ ҳамроҳи дигарон равона аст ва тамоми рӯз сафарашонро давом доданд. Дертар Ӯро дар миёни дӯстону хешони худ ҷустуҷӯ карданд
45 ва чун наёфтанд, ба Уршалим барои ҷустуҷӯяш баргаштанд.
46 Баъд аз се рӯз Ӯро дар маъбади Худо ёфтанд, ки дар байни муаллимон нишаста, суханонашонро гӯш мекард ва ба онҳо савол медод.
47 Ҳамаи шунавандагон аз доноиву ҷавобҳояш дар ҳайрат монданд.
48 Падару модараш Ӯро дида, ҳайрон шуданд ва Марям аз Ӯ пурсид: «Писарам, чаро бо мо чунин рафтор кардӣ? Ману падарат сахт хавотир шуда, Туро ҷустуҷӯ кардем».
49 Исо гуфт: «Чаро Маро ҷустуҷӯ кардед? Магар шумо намедонистед, ки Ман бояд дар хонаи Падарам бошам?»
50 Вале онҳо маънои суханони Ӯро нафаҳмиданд.
51 Ӯ бо падару модараш ба Носира баргашт ва ба онҳо итоат мекард. Марям бошад, ҳамаи инро дар дил нигоҳ медошт.
52 Исо дар баробари ба воя расиданаш дар ҳикмат ҳам бузург мешуд ва торафт бештар писандидаи Худову мардум мегашт.
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24