меню

Инҷили Луқо 15 Боб


1 Бисёр андозгирон ва дигар касоне, ки гунаҳкор ҳисоб мешуданд, барои шунидани суханони Исо ба наздаш меомаданд.

2 Вале фарисиён ва устодони шариат норозигии худро баён карда, мегуфтанд: «Ин мард гунаҳкоронро қабул мекунад ва ҳамроҳашон хӯрок мехӯрад».

3 Бинобар ин, Исо ба онҳо чунин масалро гуфт:

4 «Фарз мекунем, ки нафаре аз шумо сад гӯсфанд дораду якеашро гум мекунад. Магар наваду нуҳтояшро дар чарогоҳ гузошта, то ёфтани он гӯсфанди гумшуда аз пайи он намеравад?

5 Ва чун ёбад, бо хурсандӣ онро болои кифтонаш бардошта

6 ба хонааш меояд ва дӯстону ҳамсоягонашро ҷеғ зада, мегӯяд: „Бо ман хурсандӣ кунед. Ман гӯсфанди гумшудаамро ёфтам“.

7 Ба шумо мегӯям, дар осмон барои як гунаҳкоре, ки аз гуноҳ даст кашида, тавба мекунад, хурсандии зиёдтаре мешавад, назар ба он наваду нуҳ некукоре, ки ба тавба ҳеҷ эҳтиёҷ надоранд.

8 Фарз мекунем, ки зане даҳ тангаи нуқра дораду якеашро гум мекунад. Магар вай чароғро даргиронда, хонаро намерӯбад ва то пайдо кардани он бодиққат намекобад?

9 Ва чун ёбад, дугонаҳову ҳамсоягони худро ҷеғ зада мегӯяд: „Бо ман хурсандӣ кунед, чунки тангаи гумкардаамро ёфтам“.

10 Ба шумо мегӯям, фариштагони Худо барои як гунаҳкоре, ки аз гуноҳ даст кашида, тавба мекунад, ҳамин тавр хурсандӣ мекунанд».

11 Исо боз гуфт: «Марде ду писар дошт.

12 Писари хурдӣ ба падараш гуфт: „Падар, ҳаққи меросамро ба ман деҳ!“ ва падар ҳама чизеро, ки дошт, ба ҳарду писараш тақсим кард.

13 Баъд аз чанд рӯз писари хурдӣ чизу чораашро ҷамъ карда, ба кишвари дурдасте рафт. Дар он ҷо ӯ тамоми сарваташро беҳуда ба айшу ишрат сарф кард.

14 Баъд аз он ки ҳамаи дороиашро барбод дод, дар он сарзамин гуруснагии сахте ба миён омад ва ӯ нони хӯрдан надошт.

15 Сипас, рафта ба яке аз сокинони он кишвар хизматгор шуд ва он мард ӯро барои хукбонӣ кардан ба замини худ фиристод.

16 Ин писар тайёр буд шикамашро бо ҳамон хӯроке, ки хукҳо мехӯрданд, сер кунад, аммо ба ӯ ҳамонро ҳам намедоданд.

17 Оқибат, ақлаш ба ҷояш омада, ба худ гуфт: „Ҳамаи хизматгорони падарам нони фаровон доранд, аммо ман дар ин ҷо аз гуруснагӣ мемирам!

18 Ба назди падарам бармегардаму ба вай мегӯям: «Падар! Ман дар пеши Худо ва шумо гунаҳкорам

19 ва дигар лоиқи он нестам, ки писари шумо номида шавам. Маро ҳамчун яке аз мардикоратон қабул кунед»“.

20 Баъд, ӯ хеста, ба хонаи падараш равона шуд. Вай ҳанӯз дар дурӣ буд, ки падараш ӯро дида, ба ҳоли писараш раҳмаш омад ва давида рафту фарзандашро ба оғӯшаш гирифта, бӯса кард.

21 Писар ба вай гуфт: „Падар! Ман дар пеши Худову шумо гунаҳкорам ва дигар лоиқи он нестам, ки писари шумо номида шавам“.

22 Аммо падар ба хизматгоронаш гуфт: „Зудтар ҷомаи беҳтаринро оварда, ба ӯ пӯшонед. Ба дасташ ангуштарин ва ба пойҳояш пойафзор пӯшонед.

23 Гӯсолаи беҳтаринро биёреду сар буред; мехӯрему хурсандӣ мекунем!

24 Охир ин писарам мурда буд ва ҳоло зинда шуд, гумшуда буду ёфт шуд“. Пас онҳо ҷашне оростанд.

25 Ҳамин вақт, писари калонӣ дар киштзор буд. Ҳангоми баргаштан вай ба хона наздик шуда, садои мусиқӣ ва рақсу бозиро шунид.

26 Пас яке аз хизматгоронро ҷеғ зада, пурсид, ки дар он ҷо чӣ воқеа рӯй дода истодааст?

27 Хизматгор ба ӯ ҷавоб дод: „Бародаратон омад ва падаратон ба хотире, ки ӯ зиндаву саломат баргашт, гӯсолаи беҳтаринро сар бурид“.

28 Бародари калонӣ ба хашм омад ва нахост ба хона дарояд. Он гоҳ падараш берун баромада, ӯро илтимос кард.

29 Вай бошад, ба падараш чунин ҷавоб дод: „Охир чандин сол аст, ки ман ба шумо мисли ғулом хизмат мекунам ва ҳеҷ вақт аз гуфтаатон берун набаромадаам, шумо бошед, ягон бор ба ман ҳатто бузғолаеро ҳам надодед, ки бо дӯстонам хурсандӣ карда тавонам.

30 Вале барои ин писаратон, ки молу мулкатонро ҳамроҳи фоҳишаҳо хӯрда, тамом карду баргашт, гӯсолаи беҳтаринро сар буридед“.

31 Аммо падар ба ӯ гуфт: „Писарам, ту ҳамеша бо ман ҳастӣ ва ҳар чизе, ки ман дорам, аз они туст.

32 Бояд шодиву хурсандӣ кунем, чунки бародарат мурда буду зинда шуд, гумшуда буду ёфт шуд“».

Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24