Инҷили Луқо 11 Боб
1 Рӯзе Исо дар як ҷой дуо мекард. Вақте ки дуояшро тамом кард, яке аз шогирдонаш ба Ӯ гуфт: «Хоҷа! Яҳё ба шогирдонаш дуо карданро ёд дода буд, Ту низ ба мо дуо карданро ёд деҳ».
2 Исо ба онҳо гуфт: «Вақте ки дуо мекунед, чунин гӯед: Эй Падар! Номи Ту муқаддас бод. Бигзор Подшоҳии Ту биёяд;
3 Ризқу рӯзии имрӯзаамонро ба мо бидеҳ
4 ва гуноҳҳои моро бубахш, чунон ки мо онҳоеро, ки ба мо бадӣ мекунанд, мебахшем ва моро ба озмоиш дучор накун».
5 Баъд ба онҳо гуфт: «Фарз мекунем, ки яке аз шумо дӯсте дореду ними шаб ба хонаи ӯ рафта, мегӯед: „Эй дӯст, ба ман сето нон қарз деҳ,
6 чун яке аз дӯстонам, ки дар сафар буд, ба хонаам омадааст ва ман чизе надорам, ки пеши ӯ гузорам“.
7 Вале ӯ аз даруни хона чунин ҷавоб медиҳад: „Маро ташвиш надеҳ. Дари хонаам баста аст ва ману бачаҳоям аллакай дар ҷойгаҳ хобидаем, ҳоло наметавонам хеста, ба ту нон диҳам“.
8 Ба шумо мегӯям, агар ӯ аз рӯйи дӯстӣ хеста, чизе надиҳад ҳам, азбаски беист талаб мекунед, мехезаду он чизеро, ки талаб мекунед, ба шумо медиҳад.
9 Бинобар ин, Ман ҳам ба шумо мегӯям: талаб кунед ва ба шумо дода мешавад; биҷӯед ва пайдо мекунед; дарро бикӯбед ва он ба рӯятон кушода мешавад.
10 Чун ҳар кӣ талаб мекунад, ба даст меорад, ҳар кӣ меҷӯяд, пайдо мекунад ва ҳар кас ки дарро мекӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад.
11 Оё дар байни шумо падаре ҳаст, ки агар писараш моҳӣ талаб кунад, ба ҷойи моҳӣ ба вай мор диҳад?
12 Ё агар писараш тухм талаб кунад, ба ҷояш ба ӯ каждум диҳад?
13 Агар шумо бо вуҷуди дилсиёҳиатон ба фарзандони худ додани чизҳои хубро донед, чӣ қадар Падари осмонии шумо тайёр аст Рӯҳулқудсро ба онҳое диҳад, ки аз Ӯ металабанд».
14 Боре Исо аз як марде ҷин берун кард. Он мард аз сабаби ҷин доштанаш гунг буд ва вақте ки ҷин берун баромад, мард ба гап даромаду мардум ба ҳайрат афтоданд.
15 Баъзеи одамон чунин мегуфтанд: «Исо ҷинҳоро бо қудрати Баал-Забул, ки сардори ҷинҳо аст, берун мекунад».
16 Дигарон бошанд, Ӯро санҷиданӣ шуда, талаб мекарданд, ки аз ҷониби Худо аломате нишон диҳад.
17 Вале Исо, ки аз фикрҳои онҳо бохабар буд, гуфт: «Ҳар давлате, ки дар дохили худ аз ҳам ҷудо шуда, ҷанг мекунад, ба зудӣ барҳам мехӯрад ва ҳар хонаводае, ки дар байни аъзоёнаш ҷудоӣ меафтад, вайрон мегардад.
18 Агар шайтон дар худ ба ду қисм ҷудо шавад, магар ҳукмронии ӯ давом ёфта метавонад? Шумо мегӯед, ки Ман ҷинҳоро ба воситаи Баал-Забул берун мекунам.
19 Агар Ман ҷинҳоро бо қудрати Баал-Забул берун кунам, пайравони шумо бо чӣ берун мекунанд? Онҳо бо кадом қудрат берун мекунанд? Онҳо исбот мекунанд, ки шумо нодуруст фикр мекунед.
20 Аммо, агар Ман бо қувваи Худо ҷинҳоро берун мекарда бошам, аз ин бармеояд, ки Подшоҳии Худо аллакай ба шумо омадааст.
21 Вақте ки шахси пурзӯру мусаллаҳ қасрашро посбонӣ мекунад, ба чизу чораи ӯ зараре намерасад.
22 Вале ҳангоме ки шахси аз вай пурзӯртар ба ӯ ҳамла карда, ғолиб мебарояд, аслиҳаеро, ки соҳиби хона ба он умед баста буд, кашида мегираду чизи бадастовардаашро бо шариконаш тақсим мекунад.
23 Ҳар кӣ бо Ман нест, муқобили Ман аст ва ҳар кӣ бо Ман одамонро назди Худо намеорад, онҳоро аз Худо дур мекунад.
24 Вақте ки рӯҳи нопок, яъне ҷин аз шахсе берун меравад, вай бо нияти пайдо кардани манзили зист ҷойҳои беобро давр мезанаду онро наёфта, мегӯяд: „Ба хонаи пештараам бармегардам“, –
25 ва баргашта мебинад, ки ин хона батартибу рӯбучин шудааст.
26 Пас, рӯҳи нопок рафта, ҳафт рӯҳи аз худаш ҳам бадтарро меорад ва ҳамаи онҳо ба он хона даромада, зиндагӣ мекунанд. Дар натиҷа аҳволи он шахс аз ҳолати аввалааш бадтар мешавад».
27 Ҳангоме ки Исо ин суханонро мегуфт, зане аз миёни мардум хитоб кард: «Хушбахт аст он зане, ки Туро таваллуд карда макондааст!»
28 Исо бошад гуфт: «Вале онҳое, ки каломи Худоро мешунаванду аз рӯйи он амал мекунанд, хушбахттаранд».
29 Мардуми зиёде дар гирди Исо ҷамъ меомаданд ва Ӯ сухан оғоз намуда, гуфт: «Насли ҳозира, ки аломат талаб мекунад, насли бад аст. Вале Худо ба ин насл ғайр аз аломати Юнус пайғамбар аломати дигаре намедиҳад.
30 Чӣ тавре ки Юнус бар мардуми шаҳри Нинве аломате буд, Писари Одамизод низ бар ин насл аломате хоҳад шуд.
31 Дар рӯзи қиёмат маликаи сарзамини Сабо бархеста одамони ин наслро айбдор мекунад, зеро ӯ аз як гӯшаи дунё барои шунидани ҳикмати шоҳ Сулаймон омада буд. Ҳол он ки аз Сулаймон дида, Шахси бузургтар дар ин ҷост!
32 Дар рӯзи қиёмат бошад, сокинони Нинве бархеста, ин наслро айбдор мекунанд, зеро онҳо бо шунидани пайғоми Юнус тавба карданду аз гуноҳҳояшон даст кашиданд. Ҳол он ки аз Юнус дида, Шахси бузургтар дар ин ҷост!
33 Ҳеҷ кас чароғро даргиронда, ба ҷойи чашмнорас намемонад ва ё бо зарфе намепӯшонад. Баръакс, онро ба чароғпоя мемонад, то ҳар кӣ дарояд, равшаниашро бубинад.
34 Чашми шумо чароғи баданатон аст. Агар чашматон солим бошад, тамоми баданатон аз равшанӣ пур аст, вале агар солим набошад, баданатонро торикӣ фаро мегирад.
35 Эҳтиёт бошед, то он нуре, ки дар шумост, боз торикӣ набошад!
36 Пас, агар тамоми баданатон пур аз равшанӣ бошаду дар худ ҳеҷ торикие надошта бошед, ба монанди он чароғе, ки бо дурахши худ шуморо мунаввар месозад, тамоми баданатон равшан хоҳад буд».
37 Вақте ки Исо ин суханонро мегуфт, яке аз фарисиён Ӯро ба хонаи худ ба меҳмонӣ даъват намуд ва Исо ба хонаи ӯ даромада, ба сари дастархон нишаст.
38 Фарисӣ ҳайрон шуд, ки Исо пеш аз хӯрдани хӯрок даст нашуст.
39 Вале Худованд Исо ба он фарисӣ гуфт: «Ҳамин шумо, фарисиён, беруни пиёлаву табақро мешӯеду дарунатон бошад пур аз хасисию бадӣ аст.
40 Эй беақлон! Оё ҳамон як Офаранда тамоми чизеро, ки ҳам дар берун ва ҳам дар дарун аст, наофаридааст?
41 Пас, аз он чи ки доред, ба камбағалон диҳед ва ҳама чиз бароятон пок мегардад.
42 Вой бар ҳоли шумо, эй фарисиён! Чунки аз ҳосили пудинаву кашниҷу дигар намуди гиёҳҳо даҳякро месупоред, аммо таълимотро дар бораи ростӣ ва муҳаббати Худо беаҳамият мемонед. Шумо мебоист ин қонунҳоро риоя карда, қонунҳои дигарро тарк намекардед.
43 Вой бар ҳолатон, эй фарисиён, шумо дӯст медоред, ки дар ҷойҳои беҳтарини ҷамоатхонаҳо нишинеду дар бозорҳо бо иззату эҳтиром ба шумо салом диҳанд.
44 Вой бар ҳоли шумо, ки ба қабрҳои беному нишон монанд ҳастед ва мардум нафаҳмида, онҳоро зери по мекунанду ҳаром мешаванд».
45 Он гоҳ яке аз устодони шариат ба Исо гуфт: «Устод! Ту бо ин суханонат моро ҳам таҳқир мекунӣ».
46 Вале Исо гуфт: «Вой бар ҳоли шумо низ, эй устодони шариат, ки қонунҳои зиёдро ба гардани мардум бор мекунеду аз ҷоятон намеҷунбед, ки ба онҳо ёрӣ диҳед.
47 Вой бар ҳоли шумо, ки барои пайғамбарон мақбараҳо месозед. Охир, ҳамон пайғамбаронро аҷдодони шумо куштаанд.
48 Бо ин амалатон шумо тасдиқ мекунед, ки бо кору амалҳои аҷдодонатон розӣ ҳастед, чунки онҳо пайғамбаронро мекуштанд, шумо бошед, барои пайғамбарон мақбараҳо месозед.
49 Барои ҳамин ҳикмати Худо эълон мекунад: „Ба наздашон пайғамбарону фиристодагонро мефиристам ва онҳо баъзеашонро мекушанду баъзеи дигарашонро дунболагирӣ мекунанд“.
50 Пас мардуми ин насл барои хуни тамоми пайғамбароне, ки аз аввали офариниши дунё рехта шудааст, ҷавоб медиҳанд,
51 яъне аз хуни Ҳобил сар карда, то хуни Закарё, ки дар байни қурбонгоҳу муқаддастарин ҷойи маъбади Худо кушта шуда буд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки мардуми ин насл барои ҳамаи ин ҷавоб хоҳад дод.
52 Вой бар ҳоли шумо, эй устодони шариат, ки калиди дарвозаи донишро аз они худ карда, ҳам худатон аз он надаромадед ва ҳам ба онҳое, ки мехоҳанд дароянд, монеъ мешавед».
53 Вақте Исо аз он ҷо мерафт, устодони шариат ва фарисиёне, ки ба ғазаб омада буданд, Ӯро ба ҳолаш нагузошта, аз ҳар хусус саволборон мекарданд.
54 Онҳо мехостанд, ки Исоро бо суханони Худаш ба дом андозанд.
Бобҳо: 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24